Русия гирифтани ВНЖ-ро барои пизишкон ва омӯзгорон сахт кард

Русия рӯйхати касбҳое, ки ба хориҷиён иҷозати иқомати соддакардашударо медод, маҳдуд кард.

Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Русия рӯйхати касбҳоеро, ки ба мутахассисони хориҷӣ барои гирифтани иҷозати иқомати зист (ВНЖ)-ро бо тартиби содда имкон медод, аз 203 то 29 номгӯй коҳиш дод. Дар рӯйхати нав, ки ахиран дар портали иттилооти ҳуқуқии Русия нашр шуд, чанде аз ихтисосҳои маъмул, аз ҷумла табибон, омӯзгорон, хориҷ шудаанд.

Ба рӯйхати тасдиқшуда асосан мутахассисони соҳаи саноату техника, аз қабили муҳандисон, барномасозон, кафшерчиён ва ғайра ворид шудаанд. Вазорат сабаби чунин маҳдудсозиро зарурати мутобиқ кардани рӯйхат бо ниёзҳои воқеии бозори кори Русия арзёбӣ кардааст.

Шароит ва талаботи нав

Бар пояи тавзеҳи расмии Вазорати кори Русия, хориҷиёне, ки мехоҳанд соли 2025 бо такя ба ин рӯйхат иҷозати иқомат гиранд, бояд як сол таҷрибаи кории тасдиқшуда дар ҳамон касб дошта бошанд ва ҳамаи меъёрҳои ҳуқуқии амалкунанда дар Русияро риоят кунанд.

Аз соли 2017 то 2023 шаҳрвандони хориҷӣ бо касбҳои серталаб метавонистанд шаҳрвандии Русияро бо тартиби содда ба даст оранд. Бо вуҷуди ин, тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, камтар аз 1% аз ин имтиёз истифода бурдаанд. Моҳи апрели соли 2023 ин қоида бекор шуд ва ҳоло тағйироти нав ба Қонуни “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ” ворид гашт, ки танҳо ба гирифтани иҷозати иқомат дахл дорад (на шаҳрвандӣ).

Рӯйхати нав бо иштироки вазоратхонаҳои дахлдор, ширкатҳои калон ва Агентии ташаббусҳои стратегӣ таҳия шудааст. Лоиҳаи ибтидоӣ 31 ихтисосро дар бар мегирифт, аммо дар ниҳоят шуморааш то ба 29 кам карда шуд.

Ин дарҳоле аст, ки аксари мутахасисони ботарҷрибаи тоҷик, махсусан пизишкон бо даст овардани ВНЖ осон ба Русия ҷалб шуда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳафт кӯдаки бепарастори тоҷикро аз Русия ва Ватан баргардонданд

Ҳафт кӯдаки тоҷик, ки дар Русия бепарастор монда буданд, 18-уми октябри соли 2026 ба Тоҷикистон баргардонда шуданд.

Роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор таъмир шуд, аммо аз ҳисобӣ кӣ?

Мақомоти Ҳисор аз анҷоми мумфаршкунии роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор хабар доданд. Дар таъмири ин роҳи ҷумҳуриявӣ соҳибкорон ва сокинон низ саҳм гузоштаанд, аммо чӣ қадар маблағ ҷамъоварӣ шуд, маълум нест.

Ихроҷи чанд донишҷӯ барои иштирок накардан дар “маршировка”

Чанд донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба хотири иштирок накардан дар "маршировка" аз донишгоҳ ихроҷ шуданд.

Чин хостори густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аст

Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чян рӯзи душанбе бо раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.