Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон

Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайати расмӣ барои иштирок дар маросими савангдёкунии Масъуд Пизишкиён ба Эрон рафтааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 30-юми июли соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо Алии Хоманаӣ, Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии исломии Эрон дар Теҳрон мулоқот кард.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот ҷонибҳо дар бораи таҳким ва густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон суҳбат карданд.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафар бо раисҷуиҳури Эрон Масъуди Пизишкиён дидор ва мулоқот кардааст. Зимни суҳбат ҳарду ҷониб аз вазъи кунунии ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, энергетика, саноат, ҳамлу нақл, тандурустӣ, кишоварзӣ ва ғайра изҳори қаноатмандӣ карданд. 

Ҷонибҳо панҷ маротиба афзоиш ёфтани доду гириф молу маҳсулот тайи солҳои ахирро нишонаи ҳамкориҳои судманди ду кишвар унвон карданд.

Гуфта мешавад, ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои обу энергетика, нафту газ, технологияҳои муосир ва ҷалби сармоя ба ин самтҳо алоқамандӣ зоҳир карданд.

Ҳамчунин ҷонибҳо дар барои ҳамлу нақли молу маҳсулоти ду кишвар тавассути бандарҳои Бандар-Аббос ва Чобаҳор гуфтугӯ карданд.

Маросими савгандёдкунии Масъуд Пизишкиён, Президенти тозаинтихоби Эрон асри имрӯз бо ҳузури 70 ҳайати хориҷӣ иборат аз раҳбарони бархе кишварҳои минтақа, аз ҷумла раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, раҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагиҳои дипломатии муқими Теҳрон баргузор хоҳад шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.