Сафари Раҳмонов ба Самарқанд

Имрӯз, 3-уми апрел, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” вориди шаҳри Самарқанди Узбекистон шуд.

Ӯро дар фурӯдгоҳ сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов ва дигар намояндагони ин кишвар пешвоз гирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки 31-уми марти соли ҷорӣ Шавкат Мирзиёевр, раисҷумҳури Узбекистон ба Тоҷикистон сафар кард ва ӯро худи Эмомалӣ Раҳмон дар фурӯдгоҳ пешвоз гирифта буд.

Бояд гуфт, рӯзҳои 3-4-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанди Узбекистон аввалин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор мегардад. Дар ин нишаст дар баробари президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон, мақомдорони ИА, аз ҷумла Урсула фон дер Лейен, раиси Кумисюни Иттиҳоди Аврупо ширкат хоҳанд кард.

Як ҳафта пеш аз ин нишаст, Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (HRW) бо нашри изҳороте аз Иттиҳодияи Аврупо талаб кард, ки дар мулоқот бо намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи ҳуқуқи башарро дар мадди аввал гузорад.

HRW аз Иттиҳодияи Аврупо хоста буд, ки нишасти дарпешистодаро ҳамчун минбари фишор ба мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ истифода карда, раҳоии тамоми маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар, бекор кардани қонунҳое, ки озодии баён ва фаъолияти созмонҳои ҷамъиятиро маҳдуд мекунанд ва гузаронидани тафтишоти мустақили ҳолатҳои таъқиби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро талаб кунад.

Аммо тибқи эъломияи ин нишаст, ки дар расонаҳо нашр шудааст, волоияти қонуну озодиҳои бунёдӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ масъалаҳои ҷузъӣ буда, бештар масоили иқтисодиву мубориза бо таҳдидҳо, аз ҷумла ташаббуси Global Gateway (алтернативаи тарҳи “Як камарбанд – як роҳ”-и Чин), мудирияти обу маъданҳо, масъалаи Афғонистон, давр задани таҳримҳо ва ғайра баррасӣ хоҳанд шуд. Ҳамзамон Иттиҳоди Аврупо қасд дорад муносибаташ Осиёи Марказиро то ба шарикии стратегӣ расонад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.

Идомаи таъқибу фишори Муҳаммад Султон пас аз озод шуданаш аз зиндон

Рӯзноманигори собиқи тоҷик ва полковники мустаъфӣ Мамадсултон Мавлоназаров, аз идомаи таъқибу фишор пас аз озод шуданаш аз зиндон хабар дод.