Танҳо силоҳаш қаламаш буд ва ҳаст

Мавқеъгириҳои Сайфуллозода агарчӣ ба касоне писанд набошад ҳам, ҳамеша бо дар назар гирифтани манофеъи миллӣ буданд.

БОЗНАШР АЗ САҲИФАИ ФЕЙСУБКИИ БОБОҶОН ҚАЮМОВ

Ба муносибати зодрӯзи Ҳикматулло Сайфуллозода

Ҳикматулло Сайфуллозода аввали моҳи Марти соли 1950 дар деҳаи Арғанкули ноҳияи Тавилдара таваллуд шудааст. Дар асари муҳоҷирати солҳои панҷоҳуми асри гузашта оилаи онҳо ба ноҳияи Саройкамар (Панҷи имруза) оварда шуданд. Давраи мактабхонӣ ва фаъолияти аввали кории ӯ маҳз дар ҳамин ноҳия гузаштааст. Сайфуллозода солҳои 1957-1967, муҳассили мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва солҳои 1967–1971 муаллими мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ буд. Солҳои 1971-1975 башад, дар Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи М.Турсунзода таҳсил кардааст.

Аз соли 1975 то 1991, баъд аз хатми донишкада дар мактаби мусиқии ш.Панҷ, аввал ба ҳайси муаллим ва баъдан директори ҳамин мактаб таъин шудааст. Солҳои 1991 – 1992, ҳамчун муаллими мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ фаъолият намудааст.

Ҳикматулло Сайфуллозодаро соли 1992, ба ҳайси муовини раиси Комиҷроияи шурои депутатҳои халқи ноҳияи Панҷ интихоб намуданд. Вале дар асари воқеаҳои маълуми он солҳо ӯ авали соли 1993 маҷбуран ҳиҷрат ба Давлати Исломии Афғонистон кард.

Баъд ба Иттиҳоди Неруҳои Опозитсиони Тоҷикистон пайваста, дар дастгоҳи сиёсии он то соли 1997 фаъолият намуд.

Моҳи сентябри соли 1997, яъне се моҳ баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ, Сайфуллозода ба кишвар баргашта, то соли 2000-ум, роҳбарии Маркази матбуотии Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷикро дар Комиссияи Оштии Миллӣ ба уҳда дошт. Дар ин муддат барои истиқрори сулҳ дар кишвар талошҳои зиёд намудааст.

Баъд аз оғози дубораи фаъолияти расмии ҲНИТ ба сафи он пайваста, сухангӯи Раис ва роҳбарии дастгоҳи ҲНИТ-ро ба уҳда дошт. Баъдан узви Раёсати Олии Ҳизб ва узви Шурои Сиёсии ҲНИТ гардид.

Аз декабри соли 1999 то декабри соли 2004 узви Комиссияи Марказии Интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст.

Бародар Ҳ.Сайфуллоҳзода соли 2002 ба хотири зиёрати Хонаи Худо сафар кардааст ба Арабистони Саъудӣ ва мушараф гаштааст бо гирифтани номи Ҳоҷӣ.

Дар чанд муддати охир то замони зиндонӣ шуданаш сардабири ҳафтаномаи «Наҷот» буд ва ҳамчун коршиноси масоили сиёсӣ дар ҷомеа шинохта шуда мешуд.

Ӯ дар баробари ҳеҷ ноадолатие сукут намекард. Танҳо силоҳаш қалами сабзаш буд ва забони мантиқаш. Маҳз ба ҳамин хотир дар соли 2011 мавриди лату куби «афроди ношинос» қарор гирифт. Афроди ношиносе, ки бо қаламу бо мантиқ тавони ҷавоб додан ба ӯро надоштанд.

Мавқеъгириҳои Сайфуллозода агарчӣ ба касоне писанд набошад ҳам, ҳамеша бо дар назар гирифтани манофеъи миллӣ буданд.

Аммо иттиҳоме, ки дар суд ба ӯ заданд хеле хандаовару ноҷавонмардона буд. Гӯё ӯ дар компютераш матни кадом як баёнияеро навиштааст, ки мардумро даъват ба қиём карда бошад. Аммо ӯ чунин инсоне набуд. Ӯ агар чизе менавишт омодаи пазируфтани он буд ва барои ҳар навиштааш даҳҳо далелу санад меовард. Аммо ман бо итминон мегӯям, ки ӯ ҳаргиз чунин даъватномаеро ба аъзои ҲНИТ нанавиштаву аслан руҳаш ҳам аз он хабар надоштааст.

Имрӯз устод Сайфуллозода зодрӯз доранд ва ба синни 71 расиданд. Аммо зодрӯзашонро дар кунҷи зиндон ва дар ҳолати душвор мекузаронанд. Ин пирамарди хирадманд агар дар озодӣ мебуд ҳатман нафъаш ба миллат мерасид. Агар ӯ дар озодӣ мебуд ҳатман боз ҳам бо қаламу коғаз сару кор дошт на бо чизи дигар. Аммо афсус…

Зодрӯз муборак бошад устод Сайфуллозода!

Худованд ҳарчи зудтар озодиро насибат гардонад!

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти як тоҷик дар фурудгоҳи Модлини Лаҳистон бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ

Кормандони Хадамоти марзбонии Лаҳистон дар фурудгоҳи Варшава–Модлин як шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистонро боздошт карданд.

Оғози давраи нави машваратҳо байни Тоҷикистону Амрико пас аз танаффуси чаҳорсола

Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пас аз танаффуси чаҳорсола даври даҳуми машваратҳои солонаи сиёсиро дар шаҳри Вашингтон баргузор карданд.

Ҳунарманди шинохтаи тоҷик Бахтиёр Раҳимов даргузашт

Ҳунарманди маъруфи тоҷик ва роҳбари гурӯҳи ҳаҷвии «Ғарибшо кампания» Бахтиёр Раҳимов шаби 30-юми июн дар синни 56-солагӣ даргузашт.

Коҳиши дархости паноҳандагии тоҷикистониён аз Лаҳистон

Аз аввали соли ҷорӣ 62 шаҳрванди Тоҷикистон дар Лаҳистон дархости паноҳандагӣ додаанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 3% кам аст.