13.9 C
Dushanbe

Саркӯби расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) дар гузориши солонаи худ гуфтааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз се даҳаи дар сари қудрат будан, худро ҳамчун як ҳокими мутлақ муаррифӣ кард, ки таҳаммули мухолифатро надорад.

Дар гузориши солонаи ин кумита, ки рӯзи 4-уми январ нашр шудааст, гуфта мешавад, ки даҳ сол пеш фазои расонаии Тоҷикистон нисбатан гуногун буд ва имкони интиқод ва баҳсу мубоҳисаҳоро дошт, ба шарте, ки расонаҳои маҳаллӣ ба мавзуъҳое чун раисҷумҳур ва хонаводаи бузурги ӯ дахолат намекарданд ва аммо имрӯз расонаҳои Тоҷикистон дар бадтарин ҳолати худ пас аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ қарор доранд.

Баъди манъи фаъолияти ҳизби умдаи мухолифин (ҲНИТ) дар соли 2015, аксар расонаҳои мустақил маҷбур шуданд, ки баста шаванд ва “даҳҳо” хабарнигор кишварро тарк карданд.

Аммо CPJ мегӯяд, ки солҳои 2022 ва 2023 ва бахусус пас аз ҳодисаҳои хунини Бадахшон, саркӯби матбуот дар Тоҷикистон сахттар шуд ва дар ин ду сол 7 хабарнигор бо иттиҳомоти сохта барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон, чаҳор хабарнигор, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, аз 7 то ба 7.5 сол зиндон, Хушом Ғуломро барои 8 сол, Далери Эмомалӣ барои 10 сол ва Улфатхоним Мамадшоеваро барои 20 сол равонаи зиндон карданд.

Шӯрои Ҳуқуқи башари Созмони Милал дар баёнияе мақомоти тоҷикро барои зиндонӣ кардани рӯзнониманигорон интиқод кард ва аз гузоришҳо дар бораи истифодаи шиканҷа барои гирифтани эътироф аз маҳбусон изҳори нигаронӣ кард.

Абдумалик Қодиров, раиси созмони мустақили “Медиа Алянси Тоҷикистон” дар суҳбат бо CPJ соли 2022-ро “суқути журналистикаи мустақили тоҷик” номидааст.

Инчунин мусоҳибони CPJ гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон танҳо ду расонаи асосии мустақил – Азия Плюс ва Радиои Озодӣ боқӣ мондаанд, ки пайваста ба таъқибу таҳдид дучор мешаванд ва “Азия-Плюс” пас аз таҳдиди мақомот дар моҳи майи соли 2022 маҷбур шуд, ки инъикоси масоили сиёсиро камтар кунад.

Гузоришгарони CPJ мегӯянд, ки ҳукумат бо истифода аз абзорҳои давлатӣ, ба мисли идораи молиёт ё мақомоти интизомӣ ба расонаҳо фишор меорад ва ба расонаҳои гирифтори мушкилоти молӣ гӯшзад мекунанд, ки агар ба ҳарфи онҳо гӯш надиҳанд, ҷаримаи бузург мешаванд ё мудиронашонро ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашанд.

Дар маҷмуъ чанд хабарнигори дигар ҳам бо шарти ошкор нашудани номашон ба CPJ гуфтаанд, ки соли 2022 фазои тарс дар кишвар бештар шуд, ки боиси афзоиши номуайянӣ дар бораи “хатҳои сурх” – мавзуъҳои мамнуъ гардид ва сатҳи бе ин ҳам баланди худсензураро дар байни хабарнигорон шадидтар кардааст.

Дар гузориши CPJ омда, ки ба Дастгоҳи Президент ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон почтаи электронӣ ирсол карда, хостори шарҳи ин вазъ шудааст, вале посухе нагирифтааст.

Ин бори аввал нест, ки созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва ҳомии рӯзноманигорон мақомоти тоҷикро барои саркӯби расонаҳо интиқод мекунанд, аммо ба гуфтаи таҳлилгарон, ҷониби Тоҷикистон ин ҳамаро нодида гирифта, рӯз ба рӯз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон бадтар шуда истодааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.