Сармои шадид дар Тоҷикистон

Агентии обу ҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки шурӯъ аз фардо бархе манотиқи кишварро дамои аз 38 то 43 дараҷа таҳти сифр интизор аст.

Имрӯз, 13-уми январи соли 2023 Агентии обу ҳавошиносии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар додааст, ки “рӯзҳои 14-18 январи соли ҷорӣ дар бештари ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳии ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 17-220 то 12-170 хунук” мешавад.

Ба қавли манбаъ, дамои ҳаво дар бештари ноҳияҳои водӣ-доманкӯҳии ҷумҳурӣ “рӯзона 8-130 хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 22-270 хунук, рӯзона 10-150 хунук”, мешавад.

Инчунин “дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона 38-430 хунук, рӯзона 27-320 хунук пешгӯӣ шуда, дар шоҳроҳҳои минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ яхбандӣ боқӣ мемонад.”

Гуфта мешавад, “рӯзҳои 14-16 январ дар нишебиҳои ҷанубӣ ва шимолии  қаторкӯҳҳои Ҳисор, минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва дар баъзе ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани зуҳуроти тарма дар назар аст.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Турки босмачӣ” ва.. “тоҷики сурх”?

Баъди ҳабси як блогери муҷоҳидситези узбек, баҳси босмачиҳо дар...

Қонун барои ҳама: Дар Суғд мардон низ аз ҳаққи гирифтани алимент истифода мекунанд

Дар вилояти Суғд на танҳо занон, балки мардон ҳам аз ҳамсарони собиқи худ барои нигоҳубини фарзандон алимент мегиранд.

Содир Ҷабборов мехост курсии президентиро ба Тошиев вогузорад, аммо…

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон гуфта, ки омода буд дар интихоботи президентии соли 2027 номзад нашавад ва аз номзадии "дӯсташ" Қамчибек Тошиев ҳимоят кунад.

Талафоти нерӯи барқ дар вилояти Хатлон аз 20% бештар шудааст. Мушкил дар куҷост?

Давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ талафоти нерӯи барқ дар бархе ноҳияҳои вилояти Хатлон аз 20 дарсад ҳам бештар шудааст.