27.9 C
Dushanbe

Сарвазири Тоҷикистон ба Маскав сафар кард

Сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода имрӯз 8 феврал ба ҳайси раҳбари блоки иқтисодии Ҳукумат ба Маскав парвоз кард. Дар ин сафари корӣ Қоҳир Расулзодаро роҳбарони сохторҳои иқтисодии Ҳукумат ҳамроҳӣ мекунанд. Дар ин бора “Asia – Plus” хабар дод.

Рӯзҳои 8-9 феврал дар пойтахти Русия ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия баргузор мешавад.

Бино ба иттилои “Asia – Plus” интизор меравад, ки дар ин ҷаласа Душанбе ва Маскав дар баробари рушди равобити тиҷоративу иқтисодии ду давлат, азсаргирии парвозҳои мунтазам, бозгашти муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия ва мушкилоти донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Русияро низ баррасӣ кунанд.

Пештар аз ин рӯзи 3-юми феврал ҷаласаи қисмати русиягии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ байни Русия ва Тоҷикистон дар шакли видеоконфронс баргузор шуд.

Тавре, ки сомонаи “Росмолодеж” хабар медиҳад, дар ин видеоконфронс онҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дипломатии Русия ва Тоҷикистон, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои маорифу энергетика ва дигар масоили рӯзномаи ҷаласаи 17-уми Комисся, ки рӯзи 8-9 феврал баргузор мегардад, баррасӣ намуданд.

Ҳамчуни муовини роҳбари Агентии федералии кор бо ҷавонон Павел Абрамов, ки дар ин ҷаласа иштирок дошт, гуфтааст, ки дар доираи ҳамкорӣ дар соли 2021 даъвати ҷавонони Тоҷикистон барои иштирок дар як қатор чорабиниҳои бузург ба монанди: Ҳамоиши VI байнулмилалии ҷавонони «Евразия Global», Муколамаи пешвоёни ҷавонон дар шакли ИДМ-СҲШ-СААД, инчунин чорабиниҳо дар самти Лоиҳаи ҳамкории байнулмилалӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон дар самти “Русия – минтақаи Осиёи Марказӣ” ба нақша гирифта шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.