32.9 C
Dushanbe

Сарвазири Узбекистон, Абдулло Орипов ба Тоҷикистон омад

Сарвазири ҳамсоякишвари Узбекистон Абдулло Орипов зимни сафари расмӣ рӯзи 24 феврал ба Тоҷикистон ташриф овард.

Байни Сарвазири Узбекистон ва ҳамтои тоҷикаш Қоҳир Расулзода дар шаҳри Хуҷанд мулоқоту гуфтугӯ сурат гирифтааст.

Бино ба навиштаи хабаргузории ҳукуматии “Ховар”, дар мулоқоти тарафҳо масоили гуногун, аз ҷумла сиёсат, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, маориф ва илм, фарҳанг, содироту воридоти  маҳсулот, тандурустӣ, роҳи оҳан, гумрук, энергетика ва дигар бахшҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад, давоми соли гузашта ҳаҷми гардиши мол миёни ин ду кишвари ҳамсоя 333,8 миллион доллари америкоиро ташкил додааст, ки дар байни кишварҳое, ки бо Тоҷикистон мубодилаи молу маҳсулот доранд, Узбекистон дар ҷои сеюм меистад.

Ҳамчунин дар мулоқот зикр гардида, ки дар самти ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Узбекистон 29 созишномаву шартномаи нави ҳамкорӣ дар баррасӣ қарор дорад.

Сафари сарвазири Узбекистон дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор аст аз 10 то 12 моҳи июни соли ҷорӣ президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёрад.

Ёдовар мешавем, ки бори нахуст сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 сурат гирифта буд, ки он ба нарм шудани муносибатҳои қаблан сардшудаи ду ҳамсоякишвар оварда расонд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шикояти вакилони дифоъи Хуршед Фозилов

Вакилони дифои рӯзноманигори зиндонӣ Хуршед Фозилов аз болои ҳукми Додгоҳи Панҷакент ба Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурдаанд.  

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Эълони ҳукми зиндони сарбозоне, ки наваскаронро латтукӯб карданд

Чанд сарбозе, ки дар як навор навсакаронро бераҳмона латтукӯб мекарданд, ҳамаи онҳо равонаи зиндон шуданд.