Шаҳрвандии чанд зодаи Тоҷикистонро дар Русия бекор карданд

Мақомоти Русия шаҳрвандии панҷ зодаи Тоҷикистонро барои сабти ном накардан дар артиши ин кишвар, бекор карданд.

Яке аз чунин мавридҳо дар Маскав бо соҳибкор Фаррухҷон Розиқов, ки се сол барои дарёфти шаҳрвандии Русия талош кардааст ва танҳо як моҳи пеш шиносномаи ин кишварро дарёфт карда буд, сурат гириф. Ӯ бояд дар давоми ду ҳафтаи пас аз гирифтани шиносмам Русия номи худро дар яке аз комиссариатҳои ҳарбӣ ба қайд мегирифт, аммо Фаррухҷон ин корро накардааст.

Дар як ҳолати дигар дар Маскав шаҳрвандии Бадриддин Худододов низ бекор карда шудааст. Ӯ гуфтааст, ки ба далели беморӣ фурсати сабти ном дар артишро надоштааст, аммо расонаҳои русӣ менависанд, ки ӯ натавонистааст асноди заруриро барои тасдиқи гуфтаҳояш ба мақомот пешниҳод кунад.

Инчунин дар минтақаи Хабаровск пас аз як санҷиш мақомот шаҳрвандии се зодаи Тоҷикистонро, ки моҳи августи соли 2023 шиносномаи Русияро дарёфт карда буданд, бо сабаби сабти ном накардан дар артиши ин кишвар бекор карданд.

Дар комиссариати ҳарбии вилояти Хабаровск ба расонаҳо гуфтаанд, ки дар ҷараёни санҷишҳо беш аз 700 нафарро дар қайди ҳарбӣ гузоштаанд ва аз ин шумора 17 нафарашонро аллакай дар доираи даъвати тирамоҳӣ ба хидмат бурдаанд.

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар моҳи августи соли ҷорӣ лоиҳаи қонунеро имзо карда буд, ки тибқи он ҳар нафаре, ки пас аз гирифтани шаҳрвандии ин кишвар худро дар артиш сабти ном намекунд ё аз хидмати сарбозӣ саркашӣ мекунад, шиносномаи Русия бекор карда мешавад.

ВКД-и Русия иддао дорад, ки чунин тадбирҳо ба таъмини баробарии ҳамаи шаҳрвандон дар назди қонун нигаронида шудааст, на ба маҳрумсозии оммавӣ аз шаҳрвандии зодагони дигар кишварҳо.

Аммо муҳоҷирон, бахусус зодагони Тоҷикистон мегӯянд, ки дар аксар ҳолат санҷишҳо ва бекор кардани шаҳрвандии Русия нисбати онҳо сурат мегирад ва мақомоти Русия бо ин кор мехоҳанд ҳарчи бештар зодагони дигар кишварҳоро ба артиш ҷалб кунанду ба ҷанг дар Украина бифиристанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд.

Боз марги як сарбоз дар артиш. Чаро касе сабаби маргашро шарҳ намедиҳад?

Солеҳ Файзиеви 19-сола, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст.