20.9 C
Dushanbe

Шарти мақомот барои оғози амалиёти махсус дар Хоруғ

Мақомоти қудратии Тоҷикистон қасд доранд, ки барои дастгир кардани раҳбарони маҳаллӣ аз 15 то 23-юми феварали соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ амалиёти махсус гузаронанд.

Пойгоҳи хабарии “Помир Дайли Нюс”, ки ахбори Вилояти Мухтори Кӯҳистонро бештар пӯшиш медиҳад, дар истинод ба манобеи худ аз шаҳри Хоруғ хабар додааст, ки мақомот шарт гузошта гуфтаанд, агар то 15-уми феврал Мамадбоқир Мамадбоқиров ва дигар афроде, ки онҳоро талаб доранд, таслим нашаванд, мақомот барои дастгир кардани онҳо муддати як ҳафта дар дохили шаҳр амалиёти махсус мегузаронанд.

Ба қавли манбаъ, “аммо на Мамадбоқир Мамадбокиров ва на шахсони дигар худро ҷинояткор ҳисоб намекунанд ва нияти таслим шуданро ҳам надоранд. Вазъият дар шаҳр ором, вале номуайян боқӣ мемонад.”

Ҳамзамон шаби гузашта нирӯҳои мусаллаҳе мехостанд бо мошин вориди микрорайони “Гулакэн” шаванд, вале сокинони маҳаллӣ дар назди Ҷамоатхона ҷамъ омада, онҳоро нагузоштанд, ки ворид шаҳр шаванд.

Ҷавонони маҳаллӣ ба низомипӯшони муссалаҳ гуфтаанд, ки дар шаҳр ҳолати ҳарбӣ эълон нашудааст ва афроди мусаллаҳ ҳақ надоранд, ки вориди шаҳр шуда, оромии мардуми маҳалро халалдор кунанд.

Гуфта мешавад, вазъият дар Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пас аз ҳодисаҳои 25-28 ноябри соли 2021 ноором шуд ва мақомоти кишвар мардумро дар муҳосираи коммуникатсионӣ қарор дода, зиёда аз ду моҳ мешавад, ки Интернетро дубора барқарор намекунанд.

Инчунин ҳукумат бо роҳандозии як ҷанги иттилоотии шадид тайи ду моҳи ахир пайваста талош дорад, мардуми Бадахшон ва ба хусус раҳбарони саршиноси онро зери борони туҳмату тавҳинҳои оммавӣ қарор диҳад.

Аз сӯи дигар мақомоти қудратии Тоҷикистон дар ин давра пайваста мардумро тарс медиҳанд, ки амалиёти махсуси низомӣ мегузаронанд. Ба ин хотир, ҷавонони маҳаллӣ бо навбат дар ин замистони сард шабона гашт мекунанд, то мабодо аз ҳамлаи эҳтимолии мақомот дар ғафлат намонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳабси боз як нафар барои фиристодани пул ба “Ислоҳ”

Дар Тоҷикистон боз як муҳоҷири собиқро барои фиристодани маблағ ба Муҳаммадиқболи Садриддин маҳкум ба зиндон карданд.

Эҳтимоли азсаргирии ҳамлаи Амрико ба Эрон баррасӣ мешавад

Қарор аст рӯзи панҷшанбе, 30-ми апрел Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико нақшаи ҷадиди ҳамла ба Эронро, ки аз ҷониби низомиён пешниҳод мешавад, баррасӣ кунад.

Куштори даҳшатнок: дӯсташро кушт ва ҷасадашро пора кард

Дар ноҳияи Файзобод аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як ҳодисаи мудҳиши ҷинояти куштор ошкор гардид, ки ҷомеаро такон дод.

Президент музди командони IT-ро бештар мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон бо имзои фармоне маоши кормандони соҳаи технологияи IT-ро бештар карданист.