13.9 C
Dushanbe

Марзбонони тоҷик: Сабаби ҳама мушкилоти марзӣ ширкати “Фароз” аст

Марзбонони тоҷик баъд аз кушта шудани як ҳамсафашон дар ҳодисаи тирпарронии ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо навиштани номаи кушода аз Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ки пеши роҳи ширкати “Фароз” гирифта шавад, зеро ҳама мушкилоти марзӣ ба сабаби онҳо сар мезанад.

Дар номаи кушодаи марзбонон гуфта шуда, ки маҳз бо фармони моликони ширкати “Фароз” мақомоти марзбонӣ ба сарбозон иҷозат намедиҳанд, ки дар ҳатто дар ҳолати хатар ҳам ба сӯи қирғизҳо тир кушоянд, зеро тиҷорати ғайриқонунияшон аз қабили сӯзишворӣ ва дигар маҳсулот, ки бе боҷи гумрукӣ вориди кишвар мешаванд, халалдор мешавад.

Ин сарбозон аз Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ки ба хотири аз ҷинояткорон итоат кардану зери таъсири ширкати “Фароз” қарор гирифтани сардори нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмон ва сардори Раёсати нерӯҳои марзбонӣ дар вилояти Суғд аз вазифаҳояшон сабукдӯш карда шаванд.

Дар зер номаи кушодаи марзбонони тоҷик ба Эмомалӣ Раҳмон бидуни таҳрир оварда мешавад:

БА САРФАРМОНДЕҲИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ  ТОҶИКИСТОН ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ, ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛИ РАХМОН.  МУРОЧИАТНОМАИ КУШОД АЗ НОМИ САРҲАДБОНОНИ ҚИСМҲОИ САРҲАДИИ ВИЛОЯТИ СУҒД.              

         Мухтарам  Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Муаззами Миллат Эмомали Раҳмон!          

         Мо як гурӯҳ сарбозони қушунҳои сарҳадӣ маҷбур шудем ба шумо Пешвои муаззами миллат муроҷиат намоем. Мо ҳимоятгарони Ватан ҳамеша тайёр ҳастем барои ҳимояи Ватан ҷони худро фидо карда оромию бехатарии мардуми кишвари ҷоноҷонамонро таъмин намоем.                  

         Аммо бо фармони новобастаи сардори қушунҳои сарҳади Раҷабалӣ Раҳмон, мо на танҳо аз мардуми Тоҷикистон, балки аз ҷони худ дифоъ карда наметавонем. Зеро моро фармон додаанд то дар ягон ҳолат ба сарҳадбонони қирғиз муқовимат нишон надиҳем. Дар ҳолати муқовимат нишон додан ба мо трибунали ҳарбӣ таҳдид мекунад. Командирони новобастаи мо такрор ба такрор оиди ин фармони сардори қушунҳои сарҳадӣ ба мо таъкид мекунанд.             Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, вақте мо фармони кушодани оташро надорем пас чӣ хел аз ҷони худ ва аз амнияти мардуми Тоҷикистон, ки вазифаи аввалиндараҷаи мост дифоъ кунем? Ин бори аввал нест, ки сарҳадбонони қирғиз ва ҳатто мардуми мулкии Қирғизистон нисбати мо дағалӣ, ноҳурматӣ ва ҳатто зуриро раво мебинанд, зеро чунин фармон доранд, аммо мо маҷбур ҳастем, ки ба фармони командири худ итоат карда аз шаъну шарафи худ ҳимоя накунем. Ҳодисаи дирӯза, ки боз як ҳамяроқи мо аз тири қирғиз ба ҳалокат расид, косаи сабри моро лабрез кард. Мо дигар наметавонем ва намехоҳем, ки тӯъмаи тири қирғиз шавем. Имрӯз ҳолати рӯҳии сарҳадбонон, қушунҳои махсус, ки барои дифои сарҳад равон шудаанд дар сатҳи хеле паст буда, афсарону сарҳадбонон аз чунин ҳолати кор хеле норозианд. Афсарон хеле рӯҳафтода ҳастанд. Мо намедонем ба мардуми маҳаллӣ чӣ ҷавоб диҳем, зеро вазифаи худро ба пуррагӣ иҷро накарда истодаем. Ҳарбиёни қирғиз иғво мекунанд, якум ба суи мо тир мекушоянд, моро мекушанд ва боз худи  моро гунаҳкор мекунанд. Вақте мо дар ҳама ҳолат гунаҳкорем, пас беҳтар нест, ки мо низ мисли онҳо рафтор кунем ва ҳодисаҳои нангинро пешгирӣ кунем?                   Мо медонем, ки сабаби ин ҳама гузаштҳо ва фармонҳо, халал ворид накардан ба қочоқи сузишворӣ ва дигар тиҷоратҳои ғайриқонуние, ки ширкати ФАРОЗ бо воситаи Қиризистон мекунад, аз ҷумла бе пардохти боҷи гумрукӣ, вобаста аст. Ҳеҷ касе нест, ки пеши ин ҷинояткоронро гирад. Мо то замоне ба ин ҷиноят чашм мепушидем, ки тиҷорати ғайриқонунии онҳо ба амнияти Тоҷикистон ва якпорчагии он хатар эҷод намекард. Аммо ҳар як кирдор ҳадд ва сарҳади сурхи худро дорад, имрӯз ин афрод манфиати шахсии молиявии худро аз манфиати БЕХАТАРИИ ДАВЛАТ БОЛО гузошта хатти сурхро убур карданд, ки ин хеле ба амнияти давлат хатаровар аст, ки нодида гирифтани ин, хоини нисбати миллат ва давлат аст. Агар мо аз барои манфиати ин нафарҳои манфиатдор аз заминҳои Тоҷикистон даст кашем фардо таърих моро нахоҳад бахшид. Хама медонад, ки ин нафарҳои манфиатдор бо баҳонаи ҷанг нашавад, вале дар асл дар фикри тиҷорати ҳарому хунолуди худ ҳастанд. Номи тоҷикро паст зада миллату ватанро шарманда карда, ба чашми Шумо Ҷаноби Оли хок пошида, қиргизро дӯст хонда, гузашт карда, замину обҳои Тоҷикистонро фурӯхта истодаанд. Маҳз бо фармони онҳо мо сарҳадбонон шарафи худ ва шарафи миллатро ҳимоя карда наметавонем. Онҳо фаромӯш кардаанд, ки ин рафтори онҳо хатари бузург ба Тоҷикистон дорад. Шояд баъди яксол қирғиз даъвои ҳамаи вилояти Суғд, ноҳияҳои Мурғоб ва Лахшро кунад. Оё Тоҷикистонро бе Суғд, Мурғоб, Лахш тасаввур кардан метавон?            

         Аз Шумо Президенти Мӯҳтарам, кафили якпорчагии Тоҷикистон хоҳиш мекунем, ки пеши роҳи ин хоинмиллатон гирифта шавад. Ба мо фармон дода шавад то дар ҳолати эҷоди хатар ба ҷони мо ё ҷони шаҳрвандони Тоҷикистон аз тарафи ҳарбиёни қирғиз оташ кушоем. Чунин фармонро ҳарбиёни қирғиз барвақт гирифтагианд, барои ҳамин ҳамеша сарбозони моро мепаронанд ва ба қатл мерасонанд. Нисбати шаҳрвандони дар боло гуфта шуда чораҳои қатъии қонунӣ андешида шуда, ин хоинии онҳо пешгирӣ карда шавад. Сардори қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон, сардори Раёсати қушунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд, ки зери таъсири ширкати Фароз ҳастанд аз вазифа сабукдуш карда шаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.