24.9 C
Dushanbe

Шоҳзода Ҳарӣ дар Афғонистон 25 нафарро куштааст

Эътирофоти Шоҳзода Ҳарӣ дар хусуси қатли 25 нафар дар Афғонистон вокуниши расонаҳо ва мақомоти Афғонистонро ҳам ба бор овард.

Ба гузориши рӯзномаи “Индепендент“, шоҳзода Ҳарӣ, узви хонадони салтанатии Бритониё дар китоби хотироти худ навиштааст, ки соли 2012 дар замони анҷоми маъмурияти низомиаш дар вилояти Ҳилманд бо чархболи низомиаш аз навъи Апачӣ 25 нафарро куштааст ва аз ин кораш на ифтихор мекунад ва не хилоҷат мекашад.

Ҳарӣ дар идома гуфтааст, ки вақте ин афродро кушт, дар бораи онҳо ҳамчун “муҳраҳои шатранҷ фикр мекард, на ҳамчун одам” ва ба назари ӯ, онҳо муҳраҳое буданд, ки дар вақти анҷоми маъмурият бояд аз тахтаи шатранҷ барчида шуда, дур андохта мешуданд.

Анас Ҳаққонӣ, аз фармондорони Толибон дар Афғонистон дар вокуниш ба ин эътирофот гуфтааст, “онҳое, ки шумо куштед, муҳраҳои шатранҷ не, балки одамҳо буданд. Хонаводаҳое доштанд ва интизор буданд, ки онҳо ба хонаҳо бар мегарданд. Дар байни қотилони афғонҳо бисёриҳо нахостанд ҷиноятҳои ҷангии худро фош кунанд ва виҷодонашонро ором кунанд”

Вай мегӯяд, “ҳақиқат он чизест, ки шумо гуфтед; мардуми бегуноҳи мо барои аскарон, рохбарони ҳарбӣ ва сиёсии шумо (муҳраҳои) шоҳмот буд. Бо вуҷуди ин, шумо дар он “бозӣ” -и “майдони” сафед ва сиёҳ мағлуб шудаед.” Ва таъкид карда, умедворам барои иртикоби ин ҷиноятҳои ҷангӣ рӯзе ба Додгоҳи байналмилалӣ иҳзор хоҳед шуд ва мардум ҳам ин ҷинояти шуморо маҳкум мекунанд.

Гуфта мешавад, Шоҳзода Ҳарӣ бори аввал соли 2007 низ ба муддати 2 моҳ ҳамчун сарбоз дар вилояти Ҳилманд дар сафи нерӯҳои Бритониё алайҳи Толибон меҷангид, аммо вақте кишвараш фаҳмид, ки рози ҳузури ӯ дар Афғонистон фош шудааст, аз тарси он, ки кушта нашавад, Ҳариро гурезонданд ва 5 сол баъд пас омӯзишҳои барои касби таҷрубаҳои бештар дар майндонҳои набард ӯро ба Афғонистон фиристоданд ва ин дафъа ба муддати 20 ҳафта дар он ҷо монд.

Ин бори аввал нест, ки сарбозони бритониёӣ дар замони анҷоми маърмуриятҳои низомии худ дар Афғонистон ба иртикоби ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам мешаванд, балки пеш аз ин ҳам дар чанд маврид таҳқиқоти расонаҳои ин кишвар фош карда буданд, даҳҳо нафар аз сарбозону афсарони он кишвар муртакиби ҷиноятҳои ҷангӣ шудаанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар аз ҷумла Афви байналмилал ҳам бо маҳкум кардани ин ҷиноятҳои ҷангӣ хостори таҳқиқоти алоҳида дар хусуси ҷиноятҳои ҷангии сарбозони Бртиониё дар Афғонистон шуда буд.

Инчунин тайи 20 соли ҷанг дар Афғонистон, ки нерӯҳои НАТО бо раҳбарии Амрико ва Бритониё дар алайҳи Толибон ҷанг мекарданд, нерҳои амрикоӣ  ва нерӯҳои устролиёӣ низ ба иртикоби ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳои алайҳи башарият, ки дар натиҷа мардуми бегуноҳ, аз он ҷумла занону кӯдакон мавриди қатлҳо омм ва занҷиравӣ қарор гирифтаанд, низ муттаҳам шуда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.