21.9 C
Dushanbe

Се корманди пулис барои шиканҷаи шаҳрванд маҳкум ба зиндон шуданд

Суди Олии Тоҷикистон 3 корманди собиқи ВКД-ро махкум ба зиндон кард. Ин се корманди милиса дар содир намудани як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла истифодаи шиканҷа нисбати шаҳрванд сокини шаҳри Турсунзода Ҳасан Ёдгоров муттаҳам дониста мешаванд.

“Азия-Плюс” дар гузорише аз қавли “Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ алайҳи шиканҷа ва беҷазоӣ” навишта, ки Ҳасан Ёдгоров ба иттиҳоми куштор дар соли 2017  шаш моҳро дар СИЗО сипарӣ намуд ва пас аз дастгир шудани қотили воқеъӣ озод гардид. Ин шаҳрванд он замон зери шиканҷа қатли як нафарро ба гардан гирифт.

Ҳасан Ёдгоров пас аз ба озодӣ баромадан алайҳи ин се корманди нерӯҳои интизомӣ, ки ӯро шиканҷа карда буданд, шикоят намуд ва парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин се корманди милиса боз карда шуд.

Ҳангоми баррасии такрории парванда, ки моҳи марти соли 2021 маҳкумшавандаҳо дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи модаҳои 316  (Аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ баромадан), 323 (Сохтакории хидматӣ) ва 141.1 (Шиканча)-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷрим шинохта шуда хукмашон содир гардид.

Ш.Азизов ба 13 сол зиндон, С.Давлатмуродзода ба 12 сол зиндон ва Э.Наимов ба 10 сол зиндон махкум шуданд.

Ёдовар мешавем, ки як сокини ш.Турсунзода ба номи Ҳасан Ёдгоров 8 – моҳро дар СИЗО-и маҳаллӣ аз моҳи ноябри соли 2017 то миёнаи соли 2018 ба иттиҳоми куштор, ки ӯ содир накарда буд, сипарӣ намуд.

Парванда алайҳи Ҳасан Ёдгоров пас аз кушта шудани як пешхидмати шаҳри Турсунзода бо номи Димитрий Каримов оғоз шуд. Ин ҷиноят дар тирамоҳи соли 2017 сар зада аст. Ҷасади мақтулро дар хонаи иҷорааш пайдо карданд.

Пас аз як моҳ телевизиони Тоҷикистон видеое аз ҷониби ВКД таҳияшударо намоиш дод, ки дар он гумонбар Ҳасан Ёдгоров ба гуноҳи нокардаи худ эътироф мекунад хамчунин эътироф кард, ки ашёи шахсии Димитрий Каримовро (дастпонаи тилло ва телефон) гирифта аст.

Аммо мохи августи соли 2018 пас аз 8 мох дар СИЗО боздоштшударо озод карданд. Наздикони ӯ ба ҳомиёни ҳуқуқ муроҷиат карданд ва ба Прокуратураи генералӣ шикоят бурданд. Пас аз тафтиш гумонбари дигар сокини ш. Турсунзода Леонид Малченков боздошт шуд.

Қотили воқеӣ пас аз истифодаи телефони мақтул шиносоиву боздошт ва тирамоҳи соли гузашта Леонид Малченков ба 21 сол зиндон маҳкум гардид. Пас аз озодии Ёдгоров маъмурони интизомӣ ба гумони шиканҷа яке пас аз дигаре боздошт шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.