26.9 C
Dushanbe

СММ Қатъномаи оташбаси фаврӣ дар Ғаззаро қабул кард

Рӯзи 25-уми марти соли ҷорӣ Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид пешнависи Қатъномаи оташбаси фаврӣ дар Ғаззаро тасвиб кард.

Тибқи Қатъномаи Шӯрои амнияти СММ бояд ҷанг дар Ғазза дар давоми моҳи Рамазон ба таври фаврӣ мутваққиф шавад ва гаравгонҳои исроилӣ бо зиндониёни фаластинӣ мубодила шаванд. Аммо ин Қатънома ихтилофотро байни ҳукумати Натанёҳу ва Байден шадидтар кардааст.

Дар давоми беш аз 5 моҳи ҷанг дар Ғазза ин бори аввал аст, ки Амрико аз ҳаққи “Вето” дар Шӯрои амнияти СММ истифода накард ва Қатънома барои оташбаси фаврӣ дар Навори Ғазза ба тасвиб расид.

Антонио Гутерриш Дабири кулли СММ бо нашри изҳороте дар сафҳаи “Х”-и худ навишт, ки пойбандӣ ба Қатънома илзомӣ аст ва ҳарчи зудтар оташбас бояд эълон шавад. Ӯ навишт: “Ин Қатънома бояд иҷро шавад. Шикаст нобахшиданӣ аст.” Аммо Амрико мегӯяд, Қатъномаи мазкур илзомовар нест ва иҷрои он аз тариқи музокирот анҷом хоҳад шуд.

Аз сӯи дигар, ҳукумати Натанёҳу тасвиб шудани Қатъномаи оташбаси фаврӣ дар Ғазза тавассути Шӯрои амнияти СММ ва истифода накардани Амрико аз ҳаққи “Вето” барои пешгирӣ аз онро “рӯйкарди зиёновар барои талошҳои ҷанги Исроил дар Навори Ғазза” арзёбӣ кард.

Расонаҳои исроилӣ ба нақл аз вазири хориҷаи ин кишвар Исроил Катс, ки ба Қатъномаи Шӯрои СММ вокуниш нишон дод, навиштанд, ки кишвараш “ҷангро поён доданӣ нест ва то нобудии ҲАМОС ва баргардонидани гаравгонҳо ҷанг идома хоҳад кард.”

Дар ҳамин ҳол ҲАМОС бо интишори паёме дар шабакаи телеграмии худ аз қабули Қатъномаи оташбаси фаврӣ дар Ғазза истиқбол кард ва омодагии худро барои анҷоми он эълом кард. Дар изҳороти ҲАМОС гуфта мешавад: “Мо пойбандӣ ба мавзеи худ дар бораи оташбас ва табодули асиронро, ки 14-уми моҳи марти соли ҷорӣ ироа карда будем, ба миёнҷигарон расондаем.”

Аммо, ба иттилои расонаҳо, имрӯз ва пас аз қабули Қатъномаи оташбаси фаврӣ Исроил дар Навори Ғазза ҳамлаҳои худро шиддат бахшидааст. Гуфта мешавад, дар як ҳамлае, ки субҳи имрӯз дар атрофи беморхонаи “Шифо” нерӯҳои Исроил анҷом доданд, беш аз 30 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз 7-уми октябри соли 2023 то кунун ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии Исроил болои мардуми Ғазза идома дорад. Ба иттилои Вазорати беҳдошти Фаластин, то ин дам дар пайи ҳамлаҳои Исроил беш аз 32300 нафар дар Ғазза ҷони худро аз даст додаанд, ки 70% дарсади онҳо кӯдакону занон ҳастанд ва инчунин наздики 75 ҳазор нафари дигар захмӣ шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.