Собиқ муовини вазири дифои Эрон эъдом шуд

Алиризо Акбарӣ, собиқ муовини вазири дифои Эрон рӯзи 14-уми январи соли ҷорӣ бо иттиҳоми ҷосусӣ ба кишвари Британия бо ҳукми додгоҳи ин кишвар эъдом шуд.

Хабаргузории “Мизон“, расонаи марбут ба ниҳоди додгоҳии Эрон навишт, ки “Алиризо Акбарӣ дорои шаҳрвандии эронӣ-англисӣ, ки муттаҳам ба “ифсодун фи-ал-арз ва иқдоми густарда алайҳи амнияти дохилӣ ва хориҷии кишвар аз тариқи ҷосусӣ барои дастгоҳи иттилоотии давлати Инглистон шуда буд, эъдом шуд.”

Ҳамчунин Вазорати иттилооти ин кишвар бо интишори иттилоияе таъкид карда, ки “Акбарӣ яке аз муҳимтарин авомили нуфузии сервиси ҷосусии Англис буд, ки иттилооти муҳими кишварро ҷамъоварӣ ва ба сурати комилан огоҳона ва ҳадафманд дар ихтиёри ин сервис қарор медодааст”.

Аммо баъзе расонаҳо як навори савтиеро бо садои Алиризо Акбарӣ нашр кардаанд, ки мавсуф иттиҳоми эълоншуда алайҳ худро рад мекунад.

Ба гузориши BBC, дар вокуниш ба эъдоми Алиризо Акбарӣ вазири корҳои хориҷаи Британия Ҷеймс Клеверли рӯзи шанбе сафири кишвараш дар Теҳронро муваққатан фарохонд ва ҳамзамон кордори Эрон дар Лондонро низ ба Вазорати хориҷа эҳзор ва додситони кулли ин кишварро ҳам таҳрим кард.

Ҳамзамон дар пайи эъдоми Акбарӣ бо интшори баёнияе Шӯрои Иттиҳоди Аврупо рӯзи якшанбе ин иқдоми мақомоти Эронро ба шиддат маҳкум кард.

Иттиҳоди Аврупо дар изҳороташ эъдоми Алиризо Акбариро ҳамчун шаҳрванди аврупоӣ “собиқаи ваҳшатнок” арзёбӣ карда, таъкид мекунад, ки қазияи ӯро аз наздик дунбол хоҳад кард.

Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо дар изоҳороташ аз Эрон хоста то дар сиёсати ҷазоияш таҷдиди назар кунад ва бо пеш гирифтани усулҳои навин дар оянда бекор кардани ҷазои эъдомро пеш бигирад.

Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки агарчи парвандаи Алиризо Акбарӣ чанд соли пеш оғоз шуда буд, вале эъдоми ӯ дар ин шароити кунунӣ метавонад сатҳи танишҳоро байни Эрон ва кишварҳои ғарбӣ боло барад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико киштиҳои Эронро ҳадаф гирифт, Теҳрон посух дод

Амрико рӯзи 8-уми сентябр панҷ киштии нафткаши Эронро дар обҳои Халиҷи Форс ва наздикии ҷазираи Харк нобуд карданд.

Корманди собиқи ОМОН: Ба Тоҷикистон барнамегардам, ба ваъдаи афв бовар надорам

Мақомоти Тоҷикистон ба воситаи фишор болои хонаводаи як фирорӣ ва собиқ корманди сохторҳои қудратӣ, мехоҳанд ӯро ба кишвар баргардонанд.

Оё муҳоҷирон дар Лаҳистон бояд ҳамеша бо худ шиноснома дошта бошанд?

Хориҷиён дар Лаҳистон вазифадор нестанд, ки ҳамеша шиносномаро бо худ гардонанд, аммо ҳангоми санҷиш Хадамоти марзбонӣ ҳақ дорад нусхаи аслии ин санадро талаб кунад.

Қарори нав: ВКД-и Русия даромади муҳоҷиронро месанҷад

Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия тартиби нави санҷиши даромади муҳоҷирони кориро таҳия кардааст.