21.9 C
Dushanbe

Содир Ҷабборов: Тоҷикистон бояд Мурғобро ба мо диҳад!

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов иддао карда, ки ноҳияи Мурғобро Тоҷикистон бояд ба Қирғизистон бидиҳад. Ҷабборов ин иддаояшро рӯзи шанбе дар нишасти матбуотие ба хабарнигорони қирғизӣ гуфт.

Содир Ҷабборов мегӯяд, мушкилоти мо бо Тоҷикистон 30 сол боз идома дорад ва дар муддати кӯтоҳ ҳал шудани он ҳам имкон надорад.

Ман бояд бигӯям, ки мо бо Тоҷикистон се мушкилии минтақаӣ дорем. Ҷабборов мегӯяд, Тоҷикистон бозгардонда гирифтани 21 ҳазор гектарро аз минтақаи Лайлаки вилояти Бодканд талаб дорад, ки ҳоло ин заминҳо ба мо тааллуқ доранд. Ӯ дар идома афзуда, “Дар чунин сурат бояд Мурғоб ба мо супурда шавад, ки аз ҷиҳати ҳудуд хеле калонтар аст”.

То ҳол ба гуфтаҳои Ҷабборов мақомоти Тоҷикистон вокунише нишон надодаанд, аммо дар шабкаҳои иҷтимоии тоҷикӣ фаъолони ҷомеаи мадании тоҷик вокунишҳои зиёд карданд.

Таҳлилгарону фаъолон мегӯянд, иддаои гирифтани ноҳияи Мурғоб аз ҷониби Қирғизистон эълони душмании ошкор аст ва чунин тарзи бархӯрд ва муомила бо роҳҳои дипломатӣ ҳал шуданаш ҳам эҳтимоли кам дорад.

Аммо як қисме дигар аз фаъолон бар ин боваранд, ки дар рӯзҳо агарчи тӯл ҳам кашад, бояд масъалаи делимитатсия ва демаркатсия бо роҳҳои дипломатӣ ҳал шаванд.

Раисҷумҳурони ду кишвар, Тоҷикистону Қирғизистон борҳо барои ҳалли низоъҳо ва мушкилоти марзӣ борҳо бо ҳам дидору гуфтугӯ намуданд, вале зоҳиран масъала хеле печидааст ва дар ин кӯтоҳмуддат ҳал шуданӣ нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба хотири дашноми пулис зиндонӣ шуд

Додгоҳи шаҳри Қурғани Русия як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро барои "дашном" ва "зӯроварӣ нисбати корманди ҳифзи ҳуқуқ" маҳкум ба зиндон кард.

Ваҳдат ё ваҳшат?

Маросими таҷлил аз 28-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ваҳдат бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мешавад.