13.9 C
Dushanbe

Сокинон иддао доранд, ки раиси ҷамоат ва коркунони он ғайриқонунӣ замин мефурӯшанд

Дар ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара сокинон аз заминфурӯшии раиси ин ҷамоат ва дигар мақомдорон шикоят доранд.

Чанд сокини ҷамоати мазкур бо ирсоли аксу наворҳо ба “Аздо тв” гуфтанд, ки раисони собиқи ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара, Аҳмадов Обид ва Мусоев Субҳон ва раиси кунунии ин ҷамоат Аҳмадов Сарвар ва муовини ӯ Ҷумъаев Баҳодур чандин биноҳои давлатӣ, ки махсуси ин ҷамоат будаанд ва заминҳои дигарро ғайриқонунӣ фурӯхтаанд.

Ин сокинон мепурсанд, ки чаро то кунун аз ҷониби Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон пеши роҳи инҳо гирифта ва ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

Бино ба гуфтаи манобеи “Аздо тв”, Аҳмадов Обид, собиқ раиси ҷамоати Сурх (аз соли 1995 то 2000) китобхонаи ҷамоатро фурӯхтааст ва то ба ҳол ин ҷамоат китобхона надорад.

Сокинони ҷамоати мазкур ба собиқ раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ариза навишта аз набуди мактаб шикоят карда, талаб намуда буданд, ки ба онҳо заминеро барои сохтани мактаб бидаҳанд.

Тибқи аризаи сокинон дар ин ҷамоат наздики 2500 донишомӯз будааст, ки дар ду мактаб таҳсил мекардаанд, дар ҳар синф аз 35 то 40 нафарро ҷой мекардаанд, ки ин ба талаботи таълим рост намеояд.

Сокинон дар аризаи худ навиштаанд, “Мактаби №29-и деҳа, ки барои 1200 нафар пешбинӣ шудааст, 1700 донишомӯз дорад ва мактаби №56-и ин ҷамоат, ки барои 500 нафар ҷой дорад, алҳол 713 нафар таҳсил доранд. Аз сабаби зиёд будани дошиомӯзон ҳуҷраҳои фаннӣ ва ошхонаҳо ба синфхона табдил дода шудаанд. Мувофиқи реҷаи омӯзиши азхудкунӣ бояд дар як синф то 25 нафар таҳсил кунад, вале аз сабаби камбуди ҷой дар мактабҳои мазкур дар як синф 35-40 нафар таҳсил доранд, ки ин ҷавобгӯйи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи маориф ва илми ҶТ” нест”.

Ба даъвои манобеи “Аздо тв” аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтани мактаб дар деҳаи “Ҳазорчашмаи” ҷамоати Сурх замин ҷудо шуда буд, вале баъдтар онро раиси ҷамоат ғайриқонунӣ ба дигарон фурӯхтааст.

Сокинон ҳамчунин аз бедодгарии муовини раиси ин ҷамоат Ҷумъаев Баҳодур шикоят доранд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати “Аздо тв” Ҷумъаевро Саломзода Сиҷоуддин, собиқ раиси шаҳри Исфара соли 2018 бо сабаби дар ҳолати мастӣ ба маҷлиси шаҳрӣ ворид шуданаш аз кор озод кард, аммо баъд аз рафтани раиси шаҳри Исфара аз мансаб боз бо додани пора муовини раиси ҷамот таъйин шуд.

Ин сокин мегӯяд, на раиси феълии ҷамоат Аҳмадов Сарвар ва на муовинаш Ҷумъаев Баҳодур ҷое таҳсил накардаанд ва маълумоти олӣ надоранд. Аҳмадов Сарвар дар давоми чанд соли корияш ҳамчун раиси ҷамоати деҳоти Сурх, чандин маконҳо, аз ҷумла Кулуби деҳа ва замине, ки барои мактаб аз тарафи Ҳукумати шаҳри Исфара ҷудо шуда буд ва боз чанд замину масҷиду ғайраро фурӯхтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, Аҳмадов Сарвар баъд аз фурӯхтани як биное, ки меҳмонхонаи масҷид будааст ва дар он дегу табақ ва дигар ашёи марбут ба масҷиди деҳа нигаҳдорӣ мешудааст, соли гузашта аз ҷониби кормандони Агентии зидди фасоди вилояти Суғд боздошт мешавад, аммо чанде пас бо додани 10 ҳазор $ пора раҳо шуда боз ба кори худ баргаштааст.

Яке аз шикоятҳои дигари сокинони ин ҷамоат ин аст, ки Аҳмадов Ҳасан, амаки раиси ҷамоати деҳоти Сурх, Аҳмадов Сарвар барои муроҷиаткунандагон як варақчаи маълумотнома ва ҳар санадеро аз 7 то 10 сомонӣ мефурӯшад.

Барои бақайдгирии ақди никоҳ аз 500 то 1000 сомонӣ ва барои шаҳодатномаи таваллуд аз 200 то 400 сомонӣ аз сокинон мегирад. Ба гуфтаи манбаъ, дар аксар ҳуҷҷтҳо қасдан як ҳарфро ба ивази ҳарфи дигар ё таърихи рӯзро хато менависад ва вақте корафтодагон дуюмбора муроҷиат мекунанд, боз ҳамон маблағро талаб мекунад.

Хабарнигори “Аздо тв” ба ҷамоат деҳоти Сурх тамос гирифт, вале касе ба тамос посух надод. Тасдиқи ин маълумот то ҳол аз ҷониби раиси ҷамоат ва ё дигар масъулин дастрас нашудааст, дар ҳолати вокуниш ва ё дастрас шудани шикояти ҷониби дигар “Аздо тв” онро нашр хоҳад кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.