0.9 C
Dushanbe

Сокинони шаҳри Кӯлоб 132 миллион сомонӣ аз барқ карздоранд?

ҶСК Шабакаҳои барқи шаҳр Кӯлоб гуфтааст, аҳолӣ, ташкилоту идораҳо ва корхонаҳои шаҳрии шаҳри Кӯлоб 132 миллион сомонӣ қарздоранд, ки ин масъулони шабакаҳои барқи шаҳрро нигарон кардааст.

Абдулло Масамиев муовини директори ҶСК Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб ба ҳафтаномаи “Фараж” гуфтааст, аз ин маблағ 89 миилионаш ба аҳолӣ ва 43 миллиони дигараш ба ташкилоту идораҳои буҷавию ғайрибуҷавӣ ва дигар корхонаҳо тааллуқ дорад.

Ба гуфтаи Масамиев, Идораи обу корезии шаҳр 6 миллион сомонӣ, беморхонаи вилоятӣ дар минтақа 600 ҳазор сомонӣ, бозори Саховат 500 ҳазор сомонӣ, Идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Кӯлоб 270 ҳазор сомонӣ, ҳамин тавр, 1 ҳазору 500 ташкилоту идора ва корхонаи хурду бузурги саноатӣ ва дигар муштариён 132 миллион сомонӣ ҳақи барқи истифода кардаи худро пардохт накардаанд.

Барои баргардонидани қарзи барқ мо ба суди иқтисодии муроҷиат кардем, – мегӯяд муовини директор.

Дар идома иброз доштааст, ки дар 8 моҳи соли ҷорӣ 1 ҳазору 26 санади ғайриқонунии истифодаи барқ аз ҷониби муштариён ошкор карда шудааст.

Бино ба гуфтаи Масамиев, дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби муштариён 2 миллиону 458 ҳазор киловатт-соат барқи ғайриқонунӣ истифода шудааст, ки маблағи он 1 миилиону 252 ҳазор сомониро дар бар мегирад, аз ин маблағ 732 ҳазораш рӯёнида шудааст.

Қарздор будани аҳолӣ аз барқ яке аз масъалаҳои баҳсноки чанд соли ахир дар Тоҷикистон мебошад. Ширкати “Барқи тоҷик”, ки ширкати барқрасон дар кишвар аст, яке аз ниҳодҳои қарздор тарини давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ сабаби дар ин варта фурӯ рафтанашро ба пардохт нашудани маблағи барқи истифодашуда аз ҷониби сокинон ва корхонаҳои бузург медонад. Аммо сокинон қарздор будани худро рад мекунанд, ба гуфтаи онҳо ҳар сокине, аз ду то се моҳ бештар натавонист маблағи барқро супорад, ҳатман нозирони барқ, барқи хонаи ӯро хомӯш мекунанд.

Ба гуфтаи коршиносон сабаби пурра ҷамъоварӣ нашудани маблағи барқ аз як тараф ба корхонаҳои бузурге рабт дорад, ки ба хонаводаи раисҷумҳур қаробате доранд ва аз ин ҳисоб онро пардохт намекунанд, аз тарафи дигар кормандони соҳаи барқ, хусусан нозирони барқ низ дар ин кор даст доранд, онҳо маблағро аз сокинон ҷамъ намуда бо ҳар ҳиллае кам карда ба буҷа месупоранд.

РВКД рӯзи 12 сентябр аз боздошти беш аз 20 мутахассиси соҳаи барқ иттилоъ дод. Бино ба ин хабар кормандони боздоштшудаи соҳаи барқ ҳисобкунакҳои барқии сокинонро гирифта ҳисоби онро кам намуда, маблағро байни ҳам тақсим мекардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Сурия чӣ мегузарад? Ва авзоъ дар Ғазза чӣ гуна аст?

Мухолифони мусаллаҳи Башшор Асад шоми рӯзи 5-уми декабр эълон карданд, ки шаҳри Ҳамои Сурияро аз дасти нерӯҳои Башшор озод карданд.

Интиқоди Раҳмонов аз додрасҳои таъйинкардааш

Президенти худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии ахираш кори низоми додгоҳии кишварро интиқод кард.

Мушкилоти беобӣ дар Бохтар ва Данғара ҳал мешавад?

Мақомоти Тоҷикистон аз Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои беҳтар намудани низоми обтаъминкунӣ дар кишвар грант дарёфт кард.

Кунгураи Амрико: COVID-19 вабои табиӣ набуд

Палатаи қонунгузорони Кунгураи Амрико пас аз таҳқиқи дусола дар бораи пайдоиши вабои COVID-19 дар ҳаҷми 520 саҳифа гузориш таҳия кардааст.