10.9 C
Dushanbe

Созмони “Freedom Now” аз шиканҷа шудани М.Ҳаит ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ шикоят бурд

Созмони ҳомии ҳуқуқи зиндониёни сиёси “Фридом Нав” (Freedom Now) дар як суҳбати катбӣ ба “Аздо тв” хабар дод, ки аз шиканҷа шудани Маҳмадалӣ Ҳаит дар зиндон ба Кумитаи ҳуқуқи башар СММ шикоят бурдааст ва аз ин созмон хостааст барои амният ва саломатии Маҳмадалӣ Ҳаит дар маҳбас чораҳои фаврӣ ва лозимиро қабул кунад.

“Freedom Now” ҳамроҳ бо созмони “Ҳоган Ловеллс” (Hogan Lovells) дар баробари шикояти худ ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар масъалаи поймол шудани ҳуқуқи озодии Маҳмадалӣ Ҳаит аз ҷониби мақомдорони Тоҷикистон ҳамчунин талаб намуданд, ки Кумита дар мавриди он ки Ҳукумати Тоҷикистон бо зиндонӣ кардани Маҳмадалӣ Ҳаит уҳдадориҳои худро дар назди Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ вайрон кардааст, чораандешӣ кунад.

Баъд аз онки хонаводаи М.Ҳаит аз пайваста ва ба таври доими шиканҷа шудани ӯ дар зиндон аз ҷониби зиндонбонон хабар дод, созмони “Freedom Now” тасмим гирифт барои ҳимоят аз ҳуқуқ ва ҷону саломатии М.Ҳаит ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз болои ин ҷинояти зидди инсонии масъулини зиндони Тоҷикистон шикоят барад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит соли 2019  баъд аз мулоқот бо ӯ ба расонаҳо гуфт, ки шавҳараш гуфтааст, баъд аз зиндонӣ шуданаш ӯро пайваста ва ба таври ҳамешагӣ Нуриддин Раҳмон, муовини раиси Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон лату кӯб ва шиканҷа мекунад ва ӯро водор месозад, ки дар пеши дурбин бар хилофи майли худаш суханронӣ кунад.

Дар пайи нашри хабари шиканҷа шудани М.Ҳаит дар зиндон аз ҷониби Нуриддин Раҳмон, мақомоти Тоҷикистон ин хабарро рад карданд, аз ҷумла Ҳаким Абдуллоҳ машҳур ба Абдуллоҳи Раҳнамо, корманди Маркази стратегии Тоҷикистон дар ҷараёни конфронси солонаи ҳуқуқи башари САҲА бо нашри дастхате, ки гӯё дар он зиндонии сиёсӣ Маҳмадалӣ Ҳаит шиканҷа шуданашро рад мекард, ироа кард.

Ин дар ҳолест, ки ҳамсар ва фарзанди Ҳаит аз шиканҷа шудани ӯ шикоят карда буданд ва худи М.Ҳаит дар як навори видеоӣ ба вакилаш, Ҷамшед Ёров гуфта буд, ки баъд аз боздошт шуданаш ӯро борҳо лату кӯб кардаанд.

Адам Делмат намояндаи “Фридом Нав” гуфт, дар додхосташон ба Созмони Миллали Мутаҳид онҳо аз ин созмон хостаанд, то замони баррасии парвандаи шиканҷа шудани М.Ҳаит барои саломатӣ ва амнияти ҷонии ӯ ин созмон иқдомоти фавриеро иттихоз кунад. Аз ҷумла дастрасӣ ба шароити тиббии беҳтар, фароҳам кардани шароити боздиди ҳамешагии хонаводааш бо ӯ, иҷозаи диҳад то нозирони мустақиле бо ӯ мулоқот кунанд ва инчунин Ҳукумати Тоҷикистон ба шиканҷа ва муносибати бадаш хотима диҳад.

Адам Ледмат, ҳуқуқшиноси созмони “Freedom Now” дар идомаи суҳбаташ ба “Аздо тв” афзуд:

“Дар додхости худ ба Кумитаи ҳуқуқи башар мо дар илова ба даъвоҳои дар боло зикршуда алайҳи Ҳукумат даъвоҳои зиёде пешниҳод кардем. Гарчанде раванди шикоят бо Кумита тӯлонӣ аст, мо боварии комил дорем, ки Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар ниҳоят қароре содир хоҳад кард, ки поймол шудани ҳуқуқҳои байналмиллалии инсонӣ дар муомила бо ҷаноби Ҳаит аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистонро тасдиқ мекунад.”

Ин созмон инчунин менависад:

“Ҷаноби Ҳаит бо иттиҳоми сохтаи Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади хомӯш кардани ҳизбҳои мухолифи сулҳҷӯйи кишвар зиндонӣ шудааст. Дар зиндон ҷаноби Ҳаит мавриди шиканҷаи ҷисмонӣ қарор гирифта ва аз муолиҷаи зарурии тиббӣ маҳрум карда шудааст. Ҳукумат бо умурбод зиндонӣ кардани ҷаноби Ҳаит ҳуқуқҳои аслии ӯ, аз ҷумла ҳуқуқҳои ӯ ба озодӣ, иштирок дар сиёсат ва озодии иттиҳодияҳоро поймол кардааст.”

Ёдовар мешавем, ки пештар Гурӯҳи кории боздоштҳои худсаронаи Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Миллаи Муттаҳид боздошти Ҳаитро худсарона ва ғайриқонунӣ дониста буд ва аз Ҳукумати Тоҷикистон дархост намуд, ки Маҳмадалӣ Ҳаитро бидуни қайду шарт аз зиндон раҳо кунад ва хисороти молӣ пардохт кунад.

Созмони ҳомии ҳуқуқи зиндониёни сиёсӣ “Freedom Now” бори дигар аз Ҳукумати Тоҷикистон дархост кард, ки зиндонии сиёсӣ ва муовини раиси ҲНИТ, Маҳмадалӣ Ҳаитро, ки соли 2015 ғайриқонунӣ умрбод маҳкум шудааст, фавран ва бидуни ҳеч шарте аз зиндон озод кунад.

Дар баробари Созмони Миллали Муттаҳид борҳо созмонҳои байналмиллалии ҳомии ҳуқуқи инсон аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб намуда буданд, ки Маҳмадалӣ Ҳаит ва зиндониёни сиёсии ҲНИТ, Гурӯҳи 24, Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саидов, Маҳмадрӯзи Исканадаров ва дигар фаъолони сиёсиро фавран озод кунанд, аммо ин дархостҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба инобат гирифта намешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи тоҷикон аз Кореяи Ҷанубӣ

Бино ба иттилои манобеи Azda tv, мақомоти Кореяи Ҷанубӣ дар ин чанд рӯзи ахир бархе аз муҳоҷирони тоҷикро боздошт ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Ҷойивазкунии мақомдорон дар Тоҷикистон

Бо фармон ва қарорҳои нави Эмомалӣ Раҳмон чанд нафар аз як вазифа озод ва ба вазифа дигар таъйин шуданд.

Истирдоди як фаъоли тоҷик аз Лаҳистон ба Тоҷикистон

Мақомоти Лаҳистон ҳафтаи гузашта боз як фаъоли тоҷикро боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кардааст.

Чаро ҷавонон ифротгаро мешаванд?

Маънои луғавӣ ва истилоҳии ифротгароӣ Ифротгароӣ дар луғат ба маънои аз ҳад гузаштан, аз меъёр гузаштан ва зиёдаравӣ кардан аст (фарҳанги форсии Муин, фарҳанги форсии Амид). Калимаҳои мутародиф ва ё ҳаммаъно бо ифрот иғроқ, газофа, муболиға, сахтгирӣ, ғулув ва монанди ин мебошанд.