33.9 C
Dushanbe

Суннӣ дарёдор (адмирал)-и Эрон шуд

Шаҳром Эронӣ, ки зодаи Курдистон ва аз сунниҳои Эрон аст, дирӯз ба мансаби фармондеҳи нерӯҳои дарёии артиши ин кишвар мансуб шуд. Таъйин шудан дар чунин мансабҳои калидӣ дар Эрон хеле кам рӯх медиҳад.

Рӯзи сешанбе, 17-уми августи соли ҷорӣ Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, Раҳбари инқилоб ва фармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Эрон бо як қарор Шаҳром Эронии аҳли Курдистонро, ки аз аҳли суннати ин кишвар дониста мешавад, ба мансаби “фармондеҳи нерӯҳои дарёии артиши Эрон” таъйин кард. Дар ин бора расонаҳои расмии Эрон хабар доданд.

Дар робита ба таъйини Шаҳром Эронӣ ба симати дарёдори артиши Эрон дар фармони Оятуллоҳи Хомании чунин омадааст: “Назар ба таъаҳҳуд ва ҳунси савобиқ ва пешниҳоди Фармондеҳи кулли артиш, шуморо бо эътиои дараҷаи дарёдорӣ ба симати Фармондеҳи нерӯҳои дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон мансуб мекунам.”

Интисоби ақалиятҳои мазҳабӣ ба мансаби раҳбарӣ дар артиши Эронро аксарият истиқбол каданд. Аз ҷумла раҳбари фраксияи аҳли суннат дар Маҷлиси Эрон Саидаббос Солеҳӣ, вазири фарҳанг ва иршоди  исломӣ ва Камол Ҳусенпур, намояндаи мардуми Пироншаҳр ва Саридашт аз интисоби як аҳли суннат ба унвони фармондеҳи нерӯҳои дарёии артиши Эрон ибрози хурсандӣ карданд.

Солеҳӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исолмӣ ҳамчунин дар ҳисоби шахсияш дар Твиттер навиша, ки “Интисоби Амир Шаҳроми Эронӣ ба симати фармондеҳи нерӯҳои дарёӣ тавассути Раҳбари инқилоб уфуқи мутмаинтареро дар ҳукумронии кишвар хоҳад гушуд. Дар даҳаи панҷум шоҳиди тақвияти ҳузури ақвоми эронӣ дар мадориҷи (рутбаҳои) олии масъулиятҳои иҷроӣ хоҳем буд.”

Дарёдор (Адмирал) Шаҳроми Эронӣ, соли 1967 дар Санандаҷи Эрон ба дунё омада, хатмкардаи Донишгоҳи улуми баҳрии ба номи Имом Хумайнӣ дар Бушаҳр мебошад. Вай дар тӯли фаъолияти касбии худ дар вазифаҳо ва масъулиятҳои гуногуни низомӣ кор кардааст. Шаҳроми Эронӣ айни замон ба ҳайси профессори Донишгоҳи улуми баҳрии ба номи Имом Хумайнӣ дарс мегӯяд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.

Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро аз листи террористон хориҷ кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро, расман аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кард.

Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон омад

8-уми июли соли 2025 Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад.

Дар Маскав беш аз 500 муҳоҷирро ба шуъбаҳои пулис бурдаанд

Мақомоти Русия дар шаҳри Маскав барои ошкор кардани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ "рейд" гузарондааст.