Биносозиҳои худсарона ва бемасъулиятона дар шаҳри Душанбе вокуниши сокинони пойтахтро ба бор овардааст.
Наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, ки дида мешавад, биносозон девори як бинои баландошёнаро мекананд ва порае аз девор ба замин назди як роҳгузар меафтад, ки байни ӯ ва фоҷеа хеле фосилаи кам боқӣ мемонад, хушбахтона ӯ осеб намебинад.
Чунин наворе ҳафтае пеш дар саҳифаи “intercomlte” дар шабакаи Инстаграм гузошта шудааст, ки то ҳол онро беш аз 11 ҳазор корбар дидааст. Дар навор садои зане шунида мешавад, ки ҳодисаро шарҳ медиҳад ва ӯ бо тааҷҷуб мегӯяд, ки чӣ гуна мешавад бидуни ба назар гирифтани қоидаҳои бехатарӣ дар маркази Душанбе чунин кореро анҷом дод?
Ба гуфтаи шоҳидон, ин ҳодиса дар кӯчаи Беҳзод 2, дар маркази пойтахт ҳангоми вайрон кардани бинои дуошёна рух дода ва ин ки касе дар ин ҳодиса зазрар надидааст, ба муъҷиза монанд аст. Чун ҳангоми ғалтидани девор ҳам мошине аз он ҷо убур мекард ва ҳам марде дар роҳрав истода буд ва девор дақиқан дар пеши пои мард меафтад. Ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши корбаронро ба бор овардааст.
Дар гурӯҳҳои фейсбукии тоҷикӣ ҳамчуин навори дигаре нашр шуда, ки дар он сифати пасти хонаи баландошянаи сохташуда дар Душанбе интиқод мешавад. Ба гуфтаи шореҳи ин навор, (арматировнияи) ин бино комилан хато ҷобаҷо шудаву аз стандарти биносозӣ хело дур аст.
Чанд соли охир дар Тоҷикистон бо шиори “Душанбе мисли Дубай шидааст” биноҳои зиёде сохта шуд, ки аксаран аз ҷониби ширкатҳо ё мақомдорон ва ё шахсони ба онҳо наздик бунёд шудаанд. Аммо ба назар мерасад, ки мақомот ба сифати паст ва ба меъёрҳои биносозӣ ҷавобгӯ набудани чунин биноҳоро таваҷҷуҳе намекунанд.
Чанд сол пеш рӯзноманигорон, Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ бо нашри наворҳо аз биноҳои сохтаи қудои раисҷумуҳур, Бег Сабур навор паҳн карданд, ки дида мешуд, ҳангоми сохатни боноҳо қоидаҳои биносозӣ ба назар гирифта нашудаанд. Аммо мақомот ҳеч чорае барои рафъи ин мушкилӣ наадешиданд. Баракс, худи ин рӯзноманигоронро барои нашри ин наворҳо ба солҳои тулонӣ равонаи зиндон карданд.
Дар ҳамин ҳол нархи хонаҳо дар Душанбе хело гаронанд, ки дар ҳоли ҳозири нархи як метри бурббаъ ба ҳисоби миёна ба 8470 сомнӣ ё 780 доллар баробараст. Аммо на якбору ду бор муштариёни хона дар Тоҷикистон дучори фиреби қаллобон шудаанд, ки пас аз додани маблағи хона биносоз ғайб задааст, ё як хона ба чанд нафар фурӯхта шудааст. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар идораи ин масъала оҷиз мондааст. Дар ҳолатҳое, ки муштариён тибқи қарордод хонаҳояшонро дастрас намекнунанд ё бо сад камбудӣ ва норасоӣ ин хонаҳо ба онҳо мерасад. Шаҳрвандоне, ки хона мехаранд, намедонанд шикояташонро ба кӣ баранд, чун дар аксари ҳолатҳо мақомот ба доди онҳо намерасанд.