Табдили алифбо баробар бо табдили қудрат аст

Ҳазфи вожаи “форсӣ” аз Қонуни забон ва маҳдуд кардани омӯзиши хатти форсӣ натавонист онро ба фаромӯшӣ бисупорад ва ё пеши роҳи омӯзиши онро аз миллати тоҷик бигирад.

___________________________________

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба хотири беҳтар кардани кайфияти омӯзиши алифбои ниёкон дастур додааст. Эмомалӣ Раҳмон дар зимни баргузории ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон дар 28 май гуфтааст, ин кор бояд дар ҷаҳорчӯби омӯзишу тарғиби фарҳанги ориёӣ сурат бигирад. Чизи дигаре дар ин замина расонаҳо нашр накарданд. Ин танҳо як дастури шифоҳӣ аст, ки мумкин аст, фаромӯш шавад ё шояд баръакс мақомот барои таҳияи як барномаи хосе дар ҷиҳати омӯзиши ин алифбои форсӣ иқдом кунанд. Ба ҳар ҳол, муҳимтарин асл ин ҷо матраҳ шудани мавзуъ аст, ки раисҷумҳур дар ин замина дастур дод. Аммо дастурҳои зиёде дорад, ки то ҳанӯз иҷро нашудаанд ва ё баръакс.

Тасмими тағйири алифбо дар Осиёи Марказӣ

Салтанати форсӣ дар Осиёи Марказиро болшевикон шикастанд, ки ин иқдом дар чаҳорчӯби ҷомеасозии онҳо сурат гирифт. Дар марҳалаи аввали пирӯзии болшевикон дар Русия онҳо тасмим гирифтанд, забонҳои маҳаллиро тавсеа бидиҳанд, ки онро сиёсати “бумисозӣ” унвон дошт. Болшевикон ба ин назар буданд, ки чунин иқдом метавонад дар нашри бештари ғояҳои сиёсии онҳо кумак кунад. Ба ин далел онҳо дар кишварҳое мисли Арманистон ва Гурҷистон муваффақ ба роҳандозии ин тарҳ шуданд. Тавфиқи эшон дар ин ду кишвар мубтанӣ бар он буд, ин ҷамоҳир дорои ҷавомеи гуногунқавм набуданд. Аммо дар зимни густариши ҳукумати онҳо то Осиёи Миёна бо таваҷҷуҳ ба чанд далел тасмим гирифтанд, сиёсатҳояшонро дар ин замина тағйир бидиҳанд. 

Соли 1921 дар Русия Анҷумани илмии ховаршиносон таъсис шуд, ки он аз Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистӣ тобеият мекард. Соли 1923, камтар аз як сол пас аз таъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ низоми ҳоким ба ин натиҷа расид, ки ба далели танаввуи миллату ақвом дар Осиёи Марказӣ сиёсати “бумисозӣ” муваффақ нахоҳад шуд, ҳол он ки бар мабнои аҳдофи сиёсӣ баъзе аз миллатҳоро худи онҳо бидуни заминаи иҷтимоӣ ба вуҷуд оварда буданд. Ба ин хотир буд, ки иқдом ба хотима додани “бумисозӣ” дар Осиёи Марказӣ карданд. Аз тарафи дигар ин “далел” баҳонаи хубе барои барҳам задани сайтараи хатти форсӣ дар Осиёи Марказӣ, ки ҳатто “Бозии бузург”-и миёни Русияи подшоҳӣ ва Англия онро ҳадаф қарор дода буд, шуд.

Дар соли 1924 Анҷумани ҳуруфи лотинӣ барои мардуми туркзабон таъсис шуд, ки Анҷумани илмии ховаршиносон онро шимил мешуд. Ду сол пас аз таъсис он, дар соли 1926 ин анҷуман табдили хатти мардуми туркзабони Иттиҳоди Шӯравиро дар дастури кор қарор дод, ки албатта, тоҷиконро низ ба унвони сокинони Осиёи Марказӣ шомил мешуд.  

Яке аз ҷонибдорон ва мубаллиғони хатти лотинӣ дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ Анатолий Луначарский, вазири маорифи вақти ИҶШС буд. Ӯ дар матлаби “Лотинӣ кардани хатти русӣ” дар соли 1930 дар бораи ҳадаф аз роҳандозии ин иқдом дар кишварҳои мусалмонии Иттиҳоди Шӯравӣ менависад: “Мардуми мусалмони Шарқ, ки аз назари таърихӣ, хатти арабиро пазируфтаанд, аз ин шароит ранҷи зиёде кашиданд. Хатти куҳани арабӣ худро ба фарҳанг мутобиқ кард ва басахтӣ фарҳанги ҷадидро пӯшиш медиҳад”. Ӯ меафзояд, ки ин хат мардуми Шарқро аз фарҳанги урупоӣ ба дур меафканад ва мунҷар ба ақибуфтодагии ин мардум мешавад. Дигаре аз нуқоти мавриди таъкиди ӯ ин аст, ки хатти арабӣ василаи сӯистифодаи рӯҳониён аз мардуми одӣ хоҳад буд.

Дар зоҳир мақомоти Иттиҳоди Шӯравӣ иҳзор мекарданд, ки ин иқдоми онҳо барои пешрафти ҷомеа, бахусус наздик кардани ҷавомеи тобеи онҳо бо фарҳанги урупоӣ, раҳоии ин ҷавомеъ аз зери ҳокимияти рӯҳониёнест, ки онҳоро истисмор мекунанд, аммо ба назари Элери Битикчи, муаррих ва файласуфи қирғиз, табдили хат идомаи инқилоби фарҳангӣ барои болшевикон буд. Гузашта аз ин пайвандии ин хат ба эътиқоди мусалмонон болшевикони ҳокимро нигарон мекард, аммо ин нигарониро зери пардаи таблиғоти сиёсӣ – наздик кардани ин мардум бо фарҳанги урупоӣ пинҳон карда ва эшонро дар ҳасри идеологияи худ қарор додан мехостанд. Аз тарафи дигар онҳо аз густариши пантуркизм ва таҷаддудгароӣ, ҳамчунин қавӣ шудани ҳаракатҳои зиддиинқилобӣ метарсиданд. Ба ин хотир аз бумисозӣ дар Осиёи Марказӣ даст кашиданд.  

Қабл аз ин ки масъалаи табдили хат ҷиддӣ шавад, ғояе низ матраҳ буд, ки бозсозии хатти форсӣ ва истифодаи онро шомил мешуд. Мақомоти бархе аз кишварҳо зидди табдили хат буданд, бахусус қазоқҳо ва тоторҳо намехостанд ин хат тағйир кунад. Намояндагони ин кишварҳо ба ин назар буданд, ки алифбои форсӣ бояд такмил, на ин ки истифода аз он мамнуъ шавад. Аммо дар қиболи қазоқу тоторҳо Озарбойҷон аз тағйири хатти форсӣ истиқбол кард.  

Ҳамин тариқ, ҷонибдорони тағйири хатти кишварҳои мусалмонии шӯравӣ, ки пушти онҳо ҲКИШ қарор дошт, “пирӯз” шуданд. Бар ин мабно соли 1927 Кумитаи марказии умумииттифоқии алифбои ҷадиди туркӣ созмон ёфт ва соли 1929 Қарори Кумитаи Марказии Иҷроия ва Шӯрои Комиссарони Халқи Иттиҳоди Шӯравӣ “Дар бораи алифбои лотинишудаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ки алифбои арабӣ доранд”, тасвиб шуд. 

Тақдири форсӣ дар Тоҷикистон

Ба навиштаи муаррихи тоҷик Нуралӣ Давлат, ба дунболи баргузории анҷумани туркшиносон дар Боку масъалаи иваз кардани алифбо дар миёни рӯшанфикрони тоҷик низ аз масоили рӯз шуд. Ӯ менависад, “рӯзномаву маҷаллаҳои тоҷикӣ… “Раҳбари дониш”, “Бедории тоҷик”, “Овози тоҷик” ба тарғибу ташвиқи алифбои лотинӣ машғул шуданд.  Дар миёни касоне, ки ин иқдомро ҷонибдорӣ мекарданд, қариб тамоми афроди маъруфи он замонро пайдо кардан мумкин аст. Ба ҷонибдории алифбои лотинӣ Садриддин Айнӣ, Абдуррауфи Фитрат, Раҳим Ҳошим, Баҳриддин Азизӣ, Бектош, Манофзодаи Собит, Баҳром Сирус ва ғайра камари ҳиммат бастанд”. Аммо ба назари ин муаррих, мушаххас кардани ин ки кадоме аз ин рӯшанфикрон бо хости дил ва кадоме аз онҳо аз тарс аз алифбои лотинӣ ҳимоят мекарданд, мушкил аст.

Ҳамин тариқ, шӯравие, ки хатти арабиро бозмондаи диндонрон барои истифода аз суъи ҷомеа медонист, соли 1929 корбарӣ аз ин хат дар саросари шӯравиро манмнуъ эълон кард. Соли 1930 бошад, нахустин алифбои лотинӣ барои Тоҷикистон омода шуд, ки қисмати аъзами он мутааллиқ ба қалами Абдуррауфи Фитрат ва баъзе аз нукоти он ба Александр Арнолдович Фрейман муртабит буд. 

Бозгашт ба сиррилик

Ин сиёсати Иттиҳоди Шӯравӣ муваффақ нашуд. Зеро агарчи болшевикон дар зимни пиёда кардани ин ҳадафашон дар Осиёи Марказӣ пирӯз шуданд, аммо бофтҳои иҷтимоии кишварҳои шимолии Иттиҳоди Шӯравӣ, адами мутахассисон ва нуфузи бештари хатти русӣ дар зимни иҷроӣ кардани ин тарҳ дар он қисмати ИҶШС онҳоро ба нокомӣ мувоҷеҳ кард. Ба ҳамин далел буд, ки аллакай соли 1936 дар қисмати дигаре аз Иттиҳоди Шӯравӣ бозгашт ба хатти сириллик шуруъ шуд. Аз тарафи дигар дар поёни солҳои 30-юм Иосиф Висарионович Сталин сари қудрат буд ва сиёсати ӯ аз сиёсати Ленин тафовут дошт. Агарчи Ленин ҷонибдори табдили хат дар саросари шӯравӣ буд, ӯ намехост, ки ин раванд хеле сареъ анҷом ва болшевикон ба харобкорӣ муттаҳам шаванд, дар ҳоле ки ӯ тавсеаи забонҳои бумиро ҳаққи ин миллатҳо медонист. Аммо Сталини иртиҷоӣ мехост, ки қудрат бештар мутамаркиз бошад, ба ин хотир сиёсатҳои Ленинро дар ҷиҳати анҷоми марҳилаии табдили хат на танҳо ботил кард, балки ҳанӯз дар соли 1936 баргашт ба сиррилик дар Кабардино-Болкария шуруъ шуд. Гузашта аз ин 13 марти соли 1938 қарори раиси Шӯрои Комиссарони Халқи Иттиҳоди Шӯравӣ В. Молотов ва муншии КМ ҲКИШ И. Сталин дар бораи омӯзиши ҳатмии забони русӣ дар мадориси умумӣ содир шуд. 

Ҷолиб ин аст, ки ин қарор хонандагони тамоми макотиби кишварҳои ғайрирусро муваззаф мекард, то омӯзиши забони русиро аз синфи дувум шуруъ кунанд, аммо бар асоси он, дар мадориси Гурҷистон омӯзиши забони русӣ аз синфи се оғоз мешуд. Бо вуҷуди ин иқдоми мазкур маънии онро дошт, ки тамоми шӯравӣ на танҳо як хат, балки ҳатто якзабон хоҳад шуд, зеро ин тасмим ҳанӯз дар соли 1933 гирифта шуда буд.

Азбаски ин тасмим сиёсӣ буд, муқобила бо он фоҷеабор анҷом мешуд. Масалан, соли 1937, вақте кормандони Кумитаи марказии умумииттиҳодии алифбои навин бо тасмими марказ дар ҷиҳати табдили аҷулонаи хат дар як муддатзамони кутоҳ эътироз карданд, ин кумита мунҳал шуд ва аъзои раёсати он ба қатл расиданд.  Бинобар ин касе ҷуръат намекард, ки алайҳи ин тасмимҳо эътироз кунад. Ҳамин тариқ, соли 1941 дар Иттиҳоди Шӯравӣ поёни раванди гузариш ба хатти сириллик эълом шуд. 

Дар ибтидои соли 1938 аллакай баҳси ташкили алифбои сириллики тоҷикӣ дар Тоҷикистон шуруъ шуда буд. Ҷолиб ин аст, ки ҳудуди нуҳ сол қабл аз он иддао мешуд, ки лотинӣ мардуми Осиёи Миёнаро ба фарҳанги урупоӣ наздик мекунад, аммо дар соли 1938 уламои забоншиноси бахши тоҷикистонии Фарҳангистони улуми ИҶШС ба хулосае расиданд, ки алифбои лотинӣ монеи рушди фарҳангии минбаъдаи тоҷик хоҳад буд. Бинобар ин дар ҳамон сол гӯё бо дархости мардум маҷлиси машваратӣ барои табдили алифбо созмон ёфт. Як сол пас аз ташкили ин маҷлис, соли 1939 гӯё тайи як анҷуман омӯзгорони фаъоли Тоҷикистон ба сурати ҷамъӣ аз ҳукумати кишвар тақозо карданд, ки ҳарчи зудтар табдили алифбои лотинӣ ба русӣ татбиқ шавад. Дар пайи ин моҳи майи соли 1940 иҷлоси шашуми Шӯрои Олии ҶСС Тоҷикистон баргузор ва Қонун “Дар бораи гузаронидани хатти лотинии тоҷикӣ ба алифбои нави тоҷикӣ дар асоси графикаи русӣ”-ро тасвиб кард. Якуми июли соли 1940 алифбои сириллики тоҷикӣ дар матбуот мунташир шуд ва аз сентябри соли 1941 мавриди истифода қарор гирифт, ки то кунун ҳукумати ин хат бар сари ҷомеае, ки гуфта мешавад, куҳанбунёд аст, соя афгандааст. 

Пирӯзии форсӣ дар бозсозӣ

Мақомоти ҲКИШ на танҳо хатро тағйир доданд, балки меъёру ҳарҷорҳои забони форсӣ дар Тоҷикистонро дигар ва худи онро забони тоҷикӣ ном ниҳоданд. Аммо тайи як матлаб наметавон тамоми тағйиру таҳаввули забону алифбо дар тӯли ҳудуди аз як қарнро баррасӣ кард, бинобар ин аз садамҳои ворида ба забони форсӣ дар замони шӯроҳо ва истиқлол нахоҳем гуфт, балки бо зикри ин ки дар солҳои 1980 наҳзати зиёиён барои мақоми давлатӣ додани забони тоҷикӣ шуруъ шуд, иктифо мекунем. Ба ин наҳзат Муҳаммаҷон Шакурии Бухороӣ дар ибтидои соли 1988 оғоз бахшид, ки ба шаҳодати ӯ дар китоби “Оканда аз ҳаёт”, ин ҳаракат аз Маскав шуруъ шуд. Аммо нашри матлаби Мирбобои Мирраҳим ба унвони “То ба кай об аз таги ях меравад?”, сарусадои зиёде дар кишвар ба вуҷуд овард ва бар раги нанги соири рӯшанфикрон талангур зад, ки пас аз ӯ теъдоди зиёде аз аҳли зиё ба ҷонибдорӣ аз мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ матлаб навиштанд. Омӯзиши матбуоти замони бозсозӣ нишон медиҳад, ки дар робита ба ин масъала уламои тоҷик ба ду сангар ҷудо шуда буданд: агар қисме аз забони тоҷикӣ ҳимоят мекарданд, қисми дигаре алайҳи онҳо мавзеъ мегирифтанд. Азбаски бозсозии горбачевӣ шуруъ шуда буд, бо вуҷуди фишорҳои зиёди мақомоти КГБ ва мухолифати ин ниҳоди муҳими шӯравӣ бо мақомбахшии забони тоҷикӣ пеши роҳи ин наҳзат гирифта нашуд ва дар тобистони соли 1989 забони тоҷикӣ расман забони давлатӣ эълон шуд.

Тарҷеҳи сириллик ба форсӣ дар замони истиқлол

Дар муқаддима ва моддаи яки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” дар соли 1989 номи забон тоҷикӣ унвон шуда буд, аммо дар дохили қавс аз калимаи “форсӣ” истифода шудааст. Ҳарчанд қонуни мазкур аз таълими хатти форсӣ намегуфт, вале омӯзиши ин алифбо дар он солҳо таблиғ мешуд ва таваҷҷуҳ ба омӯзиши он ҳам афзуда буд, ба ҳадде ки мардону занони зиёде аз ҷомеаи Тоҷикистон бо сарфи маблағ ба омӯзиши ин хат рӯ оварда буданд. Ҳадаф аз омӯзиши форсӣ гузор ба ин хат буд, ҳарчанд ба сурати расмӣ чунин тасмиме эълом нашуда буд. 

Аммо ин иқдом такмил нашуд, балки 20 сол пас аз қабули ин қонун ҳукумат ба дасткории он шуруъ кард. Дар соли 2009 аз тарафи раисҷумҳури Тоҷикистон тарҳи ҷадиди Қонуни забон ба парлумон ироа шуд. Дар тарҳи нав форсӣ набуд. Дар зимни баррасии тарҳи он Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили парлумон пешниҳод кард, ки калимаи “форсӣ” дар қонун ҳифз шавад, аммо Шерхон Салимзода, намояндаи ваколатдори раисҷумҳур дар парлумон ва мушовири ҳуқуқии ӯ дар соли 2009 дар ҳамон ҷаласа гуфт, ки пешниҳоди Муҳиддин Кабирӣ заминаи ҳуқуқӣ надорад. Ҳамин тариқ “форсӣ” аз қонунгузории кишвар ҳам ҳазф шуд. 

Бояд гуфт, соли 2009 соле буд, ки заминаи барчидани озодиҳои фитрӣ дар Тоҷикистон фароҳам шуд. Дар ин сол буд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии эътиқод ва иттиҳодияи динӣ” тасвиб шуд. Азбаски форсӣ дар Афғонистону Эрон, ду кишвари ҳамзабон бо Тоҷикистон, аммо дорои низоми динӣ ҳоким буд, омӯзиши форсӣ дар Тоҷикистон низ чун соли 1929 ба дин пайванд дода мешуд. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба ин хат ба сурати кулли коҳиш ёфт ва ҳатто донишҷӯёне, ки дар Эрон дар донишгоҳҳои ғайридинӣ таҳсил мекарданд, таҳти фишору мавриди фарохонӣ ба кишвар қарор гирифтанд. Дар соли 2011 вазъ бадтар аз он шуд. Ҳукумати Тоҷикистон аз сафари беш аз 70 нафар аз омӯзгороне, ки форсӣ тадрис мекарданд, ба Эрон барои таҷрибаомӯзӣ ҷилавгирӣ кард. Мақомоти Вазорати маорифи Тоҷикистон дар ин замина шарҳеро ироа накарданд, аммо мақомоти сафоратхонаи Эрон дар Душанбе гуфта буданд, ки ҷониби эшон тамом тааҳҳудоташонро дар заминаи сафар ва бозомӯзии омӯзгорон дар Эрон иҷро карданд, аммо ба далели адами муҷаввизи расмии Ҳукумати Тоҷикистон дар ин замина сафари омӯзгорон ба Эронро бекор карданд.

Ҳамин тариқ, воқеоти соли 2015 дар Тоҷикистон, бахусус табаддулоти Абдуҳалим Назарзода, пайванд додани ҲНИТ ва Эрон ба он иттифоқ уфтод, ки вазъро куллан тағйир дод. Равобити Тоҷикистону Эрон ба сифр баробар шуда буд. Дар чунин вазъ, дар соли 2019 дар зимни таҷлил аз Рӯзи забони тоҷикӣ, ки раисҷумҳури Тоҷикистон онро аз 22 июл ба 5 октябр, зодрӯзи худ мунтақил кард, гуфт, забони мо тоҷикӣ ном дорад. Ҳол он ки ин забон то Инқилоби Октябр форсӣ унвон дошт. Аммо дар идомаи таърихсозиҳои раҳмонӣ раисҷумҳур ба мисле Зоҳиршоҳ, шоҳи Афғонистон дар соли 1965 иқдом карда буд, хост ба форсигӯии забон хотима диҳанд, ки феълан баҳс сари масъала дар миёни муҳаққиқону забоншиносон идома дорад. 

Агарчи тайи ин муддат мавзеъгириҳои шадиде аз Ҳукумати Тоҷикистон алайҳи Эрон матраҳ буд ва макотиби зери контроли сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон таътил шуданд, соли 2022 дар Тоҷикистон дари панҷ мактаби русӣ ба рӯйи хонандагони тоҷик боз шуд ва Эмомалӣ Раҳмон соли 2023-ро “Соли забони русӣ” дар Тоҷикистон эълом кард. Забони русӣ аз забонҳое дар Тоҷикистон аст, ки сиёсати истеъмор аз тариқи он тазриқ мешавад.

Ба ҷойи хулоса

Таърих собит кардааст, ки бештаре аз мавзеъгириҳои оқои Раҳмон сиёсӣ ҳастанд, яъне бар мабнои манфиатҳои ҳукумати ӯ дар Тоҷикистон, ҳамчунин популизми ӯ гирифта мешаванд. Масалан, замоне бо он менозид, ки Тоҷикистон танҳо кишваре дар Осиёи Марказӣ аст, ки ҳизби динӣ дорад, вале ҳоло ин ҳизб манбаи нигаронии Раҳмон асту онро террористӣ медонад. Ё пас аз он ки бузургдошти Имом Абуҳанифро дар Тоҷикистон таҷлил карданд, ба саркӯби динодорон ва таблиғи “мини юбка” гузаштанд. То дирӯз Эрон кишвари “ба ҳама маълум” буд, аммо дар чанд соли ахир кишвари бародар аст. Албатта, манзури мо ин нест, ки равобити Тоҷикистону Эрон хуб набошад, балки манзур ин аст, ки оқои Раҳмон дар ҳич марҳалае аз ҳукуматаш сиёсати собите надоштааст. Аз ин рӯ, ба гумон аст, ки ин дастури ӯ иҷроӣ шавад ва алифбои Тоҷикистон форсӣ, зеро ҳич нафаре аз оила ва мақомоти тавобеи ӯ ин хатро балад нест, ки табдили хат маънии табдили қудратро дорад.

Махсус барои Azda tv

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дидори вазири тоҷик бо намояндаи вежаи президенти Амрико

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир рӯзи 10-уми июн дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона бо намояндаи вежаи президенти Иёлоти Муттаҳида дидору гуфтугӯ кард.

Ҳамлаи ҷадиди Амрико ба Эрон: Тангаи Ҳурмуз баста шуд

Шаби 10-уми июни соли ҷорӣ нерӯҳои низомии Амрико ба хоки Эрон дигарбора ҳуҷумро оғоз карданд.

Баҳси меросии блогер ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт

Шаҳноза Шарипова, блогери тоҷик дар наворе аз баҳси хонаводагии худ нақл карда, бародаронашро гунаҳкор меҳисобад.

Сафорати ИМА: Донишҷӯёни дорои раводиди F аз гаравпулӣ озоданд

Сафорати Амрико дар Душанбе эълон кард, шаҳрвандоне, ки барои гирифтани раводиди донишҷӯии навъи F ё М муроҷиат мекунанд, гаравпулии раводидро пардохт намекунанд.