Табиби маъруфи тоҷик, Мирзои Ҳоҷимуҳаммад боздошт шуд

Мирзои Ҳоҷимуҳаммад (Мирзоқул Ҳоҷиматов), пизишк ва собиқ муовини Раиси ҲНИТ дар вилояти Суғд, дар ноҳияи Ашт дастгир шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ бо такя ба вакили мудофеъ Абдусалом Дадобоев, Мирзоқул Ҳоҷиматов ба узвият дар созмонҳои мамнуъ гумонбар аст. Мақомот то ба ҳол дар ин бора чизе нагуфтаанд, аммо ба гуфтаи пайвандонаш Мирзои Ҳоиҷимуҳҳмад ҳанӯз моҳи апрели соли 2015 “бо хоҳиши худ аз сафи ҲНИТ берун шуда буд” ва парвандаи зидди ӯро беасос медонанд.

Вакили мудофеъ мегӯяд, нафари зери ҳимояташ рӯзи 22-юми май дастгир шуда, феълан дар боздоштгоҳи муваққатӣ аст.

“Бар асоси моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам аст”, – гуфт Абдусалом Дадобоев. Ин банди қонун аз панҷ то ҳашт соли маҳрумӣ аз озодиро дар назар дорад.

Баррасии парвандаро Додситонии ноҳияи Ашт анҷом додааст.

Мирзои Ҳоҷимуҳаммад, ки шаҳрвандии Русияро дорад, 63 сол дошта,  соҳиби 5 фарзанд аст. Пайвандонаш мегӯянд, боздошти ӯ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки то соли 2017 дар Бемористони марказии ноҳияи Ашт кор карда, баъдан барои фаъолияту зиндагӣ ба вилояти Тюмени Русия кӯчид. Писараш Фарҳод Ҳоҷиматов рӯзи 24-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Cоли 2019 ба мақомоти Тоҷикистон ариза навишта буданд, ки фаъолияти сиёсӣ надоранд. Бемамониат ба ватан рафта меомаданд. Рӯзи 4-уми феврали имсол бе даъвати ягон кас барои хабаргирии наздикон рафтанд. Билети бозгашташон ба рӯзи 19-уми феврал харида шудааст, вале бо сабабҳои номаълум парванда кушоданд.”

Наздикони Мирзои Ҳоҷимуҳаммад гуфтаанд, ки ӯ дар пурсиши муфаттишон низ гуфтааст, ки фаъолияти сиёсӣ надорад ва бо аъзои пешини ҲНИТ дар иртибот нест.

Хонаводааш хостаанд парванда ба зидди ӯ қатъ шуда, Мирзои Ҳоҷимуҳаммад барои идомаи кору зиндагӣ ба Русия баргардад.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар кӯшиши табаддулоти давлатии моҳи сентябри соли 2015, ки ба табадуллоти Ҳоҷӣ Ҳалим маъруф аст, гунаҳкор дониста, то кунун садҳо узв ва фаъолонашро боздошту зиндонӣ кардаанд.

Баъзе аз аъзои ҲНИТ, ки дар Аврупо паноҳанда шудаанд, даст доштани худро дар ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 рад кардаанд ва онро баҳонаи аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон берун рондани ҲНИТ номиданд. Ин ҳизб дар соли 2015 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон ифротгаро ва террористӣ эълон ва фаъолияташ дар қаламрави кишвар манъ шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.