23.9 C
Dushanbe

Тафсилоти ончи ки имрӯз дар сарҳад гузашт

Аз дирӯз 28-уми апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, сокинони назди марзии ин ду кишвар ба ҳамдигар сангпартоӣ карданд. Ба гуфтаи шоҳидон дертар он ба тирандозӣ табдил шудаа аст. Даргирӣ дар деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара сари нуқтаи обтақсимкунии “Головной”, ки дар қаламрави баҳсӣ ҷойгир аст ва ҳарду кишвар онро азони худ медонанд, сар зад.

Гуфта мешавад, рӯзи 28 апрел ҷониби Тоҷикистон дар он дурбинҳои назоратӣ насб карда аст, ки сокинони ҳамсоякишвар ба ин амали ҷониби Тоҷикистон эътироз кардаанд. Ин минтақа бо минтақаи Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст.

Душанбе иддао дорад, ки низомиёни Қирғизистон кӯшиши забт кардани иншоотро бо истифодаи силоҳ кардаанд. Бишкек гуфт, ки марзбонони тоҷик аввал оташ кушодаанд.

Дар натиҷа субҳи имрӯз 29-уми апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди шадиди мусаллаҳона сурат гирфит. Сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ дар тамос бо “Азбо тв” гуфтанд, моҷаро соати чаҳори субҳ шуруъ шуда, дар аввал ҳарду тараф ба сӯи якдигар санг андохтанд. Дертар садои тирпаронӣ шунида шудааст.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Бодканд ҳодисаро тасдиқ карда, аммо шаҳрвандони Тоҷикистонро барои истифода аз силоҳ муттаҳам намуд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон низ гуфтааст, дар ин минтақа аз силоҳ истифода шудааст.

Сокинони деҳаи Сомониён мегӯянд, “баръакс, тирпарронӣ аз ҷониби дигар буд”.  Задухӯрд ба ҷанг мубаддал гашт ва ба гуфтаи шоҳидон дар митақаи низоъ тонкҳо ва чархболҳо мушоҳида шудаанд.

Хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, ки нерӯҳои вижаи Қирғизистон як посгоҳи марзии Тоҷикистонро тасарруф карда аст. Бино ба иттилои расмии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, аз ҳарду ҷониб ду нафар кушта ва беш аз 40 нафар маҷрӯҳ шуданд. Аммо шоҳидон аз адади захмиҳо ва куштаҳоро аз ин ҳам бештар мегӯянд. Ҳар лаҳза шоҳидон аз макони низоъ ба “Аздо тв” наворҳо ва хабарҳои ҷадидро ирсол мекунанд. Чанд соат пеш як манбаъ аз маҳали даргириҳо дар Хоҷа Аъло гуфт, ки дар пайи даргириҳои имрӯза байни нерӯҳои марзбонии тоҷику қирғиз дар минтақаи Хоҷа Аълои шаҳри Исфара беш аз 40 нафар захмӣ шудаанд ва онҳоро дар масҷиди Хоҷа Аъло нигоҳ медоранд.

Теъдоди кушташудаҳо то ҳанӯз маълум нест, вале тибқи баъзе манобеъ 4 нафар аз сокинони Хоҷа Аъло низ дар ин даргириҳо кушташудаанд.

Дар байни захмиён 9 шаҳрванди маҷруҳи Қирғизистон низ вуҷуд доранд, ки ба қавли манбаъ, яке аз онҳо подполковник мебошад.

Ӯ мегуяд, дар Хоҷа Аъло танҳо нерӯҳои марзбонӣ, пулис ва мардуми маҳаллӣ муқовимат доранд ва аз нерӯҳои вижа “Алфа” ё Горди раёсатҷумҳурӣ ҳоло ба ин минтақа нарасидаанд.

Як манбаи дигар ба “Аздо тв” гуфт, ки Баҳоваддин Баҳодурзода, шаҳрдори Исфара, ки дар минтақаи даргирӣ ҳузур дошта низ захмӣ шудааст ва ҳамроҳи дигар захмиён дар масҷиди Хоҷа Аъло мебошад. Ӯ аз қисмати пушташ захм бардоштааст. Ба гуфтаи манбаъ, аз баски роҳ байни Хоҷа Аъло бо Исфара бастааст ӯ ҳамроҳи дигар захмиён онҷо банд мондаанд. Захмӣ шудани шаҳрдори шаҳри Исфара аз ҷониби Радиои Озодӣ низ таъйид шуд. Ҳамчунин дар наворҳое, ки ба дасти “Аздо тв” расид, дида мешавад, мардумоне, ки бо забони қирғизӣ суҳбат доранд, дар дастонашон маводи оташзо хонаҳои мардуми маҳалро оташ мезананд. Дар як навори ирсол кардаи сокинон як мошини ҷангӣ дида мешавад, ки ба панҷараи пули воқеъ дар саргаҳи об бархӯрда ва онҷо дармонадааст. Шоҳидон гуфтанд он ба ҷониби Тоҷкистон тааллуқ дорад ва аз сӯи қирғизҳо зада шуда аст.

Ҳамзамон шоҳидон аз задухӯрди дигар дар деҳаи Овчиқалъаи ноҳаия Бобоҷон Ғафуров хабар доданд. Маълум нест, кадом тараф ҳамларо оғоз кардааст.

Бино ба иттилои хабаргузории русии ТАСС вазирони корҳои хориҷии Қирғизистон ва Тоҷикистон барои оташбас дар марз ба созиш расиданд.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар дод, ки тасмим гирифта шудааст, ки рӯзи 29 апрел соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (17:00 ба вақти Маскав) оташбасӣ қатъӣ эълон шавад ва нерӯҳои мусаллаҳро ба ҷойҳои истиқомати қаблии худ бозгардонанд. Ҳамзамон Радиои Озодӣ аз қавли як манбаъ дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, мулоқот “бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон баргузор гардида аст. Бо супориши раҳбарияти Тоҷикистон низоми оташбас аз ҷониби Тоҷикистон низ пурра риоя мегардад ва дар наздиктарин фурсат дар шаҳри Исфара музокироти байни мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад”.

Пештар Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар робита ба муноқиша дар қаламравҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон изҳороте дар саҳифаи шахсиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард. Вай аз сокинони Қирғизистон, нерӯҳои сиёсӣ ва расонаҳо даъват кард, ки “ором бошанд, ба иғвоҳо дода нашаванд ва аз душманӣ ва ихтилофот дурӣ ҷуянд.

“Мо ҳамеша бо бародарони тоҷик забон хоҳем ёфт”. Ӯ афзуд: “Ҳама масъалаҳоро танҳо дар сурати эҳтиром ва дар назар гирифтани манфиатҳои ҳамсоядорӣ ва ҳамоҳангӣ дар сарзамини бостонии худ ҳал мекунем. Ҳоло онҳое, ки мехоҳанд ихтилофро аз дохил аланга диҳанд, хатарнок ҳастанд. Ман аз тамоми нерӯҳои сиёсии дохилӣ даъват мекунам, ки дар чунин лаҳзаи барои кишвар душвор сабр кунанд”, навиштааст ӯ.

Президенти Тоҷикистон то кунун дар бораи низоъ дар марз изҳори назар накардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.