Тамдиди муҳлати ҳабси гумонбарони ҳамла ба Крокус

Додгоҳе дар Русия муҳлати ҳабси чор зодаи Тоҷикистонро, ки дар дар ҳамлаи хунин ба “Крокус Сити Ҳолл” гумонбар мебошанд, барои 3 моҳи дигар дароз кард.

16-уми майи соли ҷорӣ дар Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав мурофиаи навбатии чор зодаи Тоҷикистон, Далерҷон Мирзоеви 32-сола, Саидакрам Раҷабализодаи 30-сола, Шамсидин Фаридуни 25-сола ва Муҳаммадсобир Файзови 19-сола баргузор гардид.

Мақомоти Русия ин афродро бо иттиҳоми ҳамлаи террористии гурӯҳӣ (“банди “б”, қисми 3-и моддаи 205-и Кодекси ҷиноии Русия) гумонбар медонанд. Тибқи ин модда ба гумонбарон аз 15 соли зиндон то ҳабси абад таҳдид мекунад.

Бо қарори додгоҳ ин афрод то 22-уми августи соли 2024 дар ҳабс хоҳанд монд, аммо сабаби барои 3 моҳи дигар дароз кардани ҳабси пешакии онҳо маълум нест.

Инчунин гуфта нашуда, ки гумонбарон пас аз судури ин қарор вокунише кардаанд ё не, аммо дар наворҳо дида мешавад, ки сари ҳамаашон хам асту хеле ошуфта ва хаста ба назар мерасанд ва чунин менамояд, мӯи сари онҳо бар асари шиканҷа бо даст чинда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки шоми ҷумъаи 22-уми марти соли ҷорӣ пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чанд нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде ин бино оташ гирифт. Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 144 нафар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расида, беш аз 180 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Пас аз ин ҳодиса худи ҳамон рӯз гурӯҳи террористии ДИИШ бо нашри наворе масъулияти ин ҳамлаи хунинро бар дӯш гирифт. Хадамоти амнияти федералии Русия иддао дорад, ки хадамоти махсуси Украина низ дар ин ҳамла даст дорад, аммо мақомоти Украина онро рад карданд.

Дар пайи ин ҳодиса чандин зодаи Тоҷикистон, аз ҷумла Далерҷон Мирзоеви 32-сола, Саидакрам Раҷабализодаи 30-сола, Шамсидин Фаридуни 25-сола ва Муҳаммадсобир Файзови 19-сола, боздошт шуданд.

Мақомоти рус ин чор зодаи Тоҷикистонро гумонбарони асосӣ дар қатли ваҳшиёнаи даҳҳо нафар дар “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорск медонанд ва иддао доранд, ки онҳо айбномаро пазируфтанд.

Аммо маълум нест онҳо дар чӣ шароите гуноҳро бар дӯш гирифтаанд, чун дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое аз рафти шиканҷаи ин афрод нашр шуданд ва дар мурофиаи додгоҳӣ онҳоро бо осори ҷароҳат дар сару рӯяшон намоиш дода буданд.

Муҳоҷирони тоҷик аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни Русия мегӯянд, ки пас аз ин ҳодиса санҷишу боздошт ва ихроҷи иҷбории тоҷикон афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо тағйир ёфтааст. Аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифта истодаанд.

Ҳатто Владимири Путин, раисҷумҳури Русия дар мулоқот бо мақомдоронаш гуфт, ки сиёсати муҳоҷират дар кишвараш бояд “аз реша дигар шавад” ва ба онҳо супориш дод, ки сари ин масъала кор кунанд ва ВКД-и Русия низ тарҳи нави қонунеро пешниҳод, кардааст, ки вазъи муҳоҷирон дар ин кишварро сахттар хоҳад кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Поёни анъанаи сисолаи муҳоҷират

Сӣ сол аст тамоми системаҳои иқтисоди Тоҷикистон — аз буҷаи хонавода то иқтисоди миллӣ — дар асоси як фарзия сохта шудаанд: Муҳоҷир ҳамеша метавонад ба Русия биравад.

Баҳсбарангезтарин Ҷоми ҷаҳонии футбол оғоз шуд

Рӯзи 11-уми июн Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки пеш аз оғозаш баъзе тимҳои миллӣ, доварон ва варзишгарон бо мушкилот рӯ ба рӯ шуданд расман оғоз гардид.

Боздошти як навраси муҳоҷир дар Русия бо гумони куштор ва сӯиқасд ба ҷони дигарон

Мақомоти тафтишотии Русия аз боздошти як шаҳрванди хориҷии 16-сола бо гумони куштор ва сӯиқасд ба ҷони ду нафар дар вилояти Маскав хабар доданд.

Олмон мехоҳад боз як паноҳҷӯйи дигари тоҷикро истирдод кунад

Мақомоти Олмон рӯзи 8-уми июн паноҳҷӯйи тоҷик, узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд Асадулло Бобоевро ҳамроҳ бо писараш Муҳаммад Бобоев дар шаҳри Крайс Клеве боздошт карданд.