Тамринҳои зиддитеррористии Тоҷикистону Русия

Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Русия дар вилояти Хатлон тамринҳои муштараки зиддитеррористиро оғоз карданд.

Ин машқҳои низомӣ дар тамрингоҳи “Ҳарб-Майдон”, ки 20 километр дуртар аз сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир аст, рӯзҳои 7 то 11-уми апрели соли ҷорӣ баргузор мешаванд.

Бино ба иттилои Вазорати дифои Русия, тамрини нерӯҳои низомии ду кишвар бештар ба амалҳои муштарак дар нобудсозии гурӯҳҳои террористӣ дар шароити душворгузари кӯҳистонӣ, идоракунии воҳидҳо дар ҷараёни ҳифзи сарҳад ва нобуд сохтаи гурӯҳҳои ҷиноӣ равона гаштааст.

Дар ин тамринҳо аз ҷониби Русия қисмҳои пойгоҳи 201-уми ҳарбии Ҳавзаи ҳарбии марказӣ, бо шумули воҳидҳои тирандоз, гурӯҳи сарнишинони авиатсионӣ дар чархболҳои зарбазани Ми-24, нақлиёти ҷангии Ми-8МТВ5-1, мутахассисони алоқа, операторони FPV-дронҳо, дастгоҳҳои иктишофии бесарнишин ва гурӯҳҳои зудамали муқовимати радиоэлектронӣ иштирок мекунанд.

Аммо дар иттилоияи Вазорати дифои Русия гуфта нашудааст, ки дар тамринҳо кадом ҷузъу томҳои Вазорати дифои Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Инчунин ҷониби Русия мегӯяд, ки ҳадаф аз ин тамринҳо баланд бардоштани сатҳи ҳамбастагии ҷангӣ ва таҳкими амнияти минтақавӣ дар марзҳои ҷанубии СПАД мебошад.

Пойгоҳи низомии 201 мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи низомии Федератсияи Русия дар хориҷ аз кишвар ба шумор меравад. Бино ба баъзе маълумотҳо, то 7 ҳазор афсару сарбоз дар ин пойгоҳ адои хидмат мекунанд ва тибқи тавофуқоти Душанбе ва Маскав то соли 2042 дар хоки кишвар бидуни пардохти молиёт боқӣ хоҳанд монд.

Ба назари мухолифон ҳузури густардаи низомии Русия дар Тоҷикистон истиқлолу тавоноии нерӯҳои кишварро зери суол мегузорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳафт кӯдаки бепарастори тоҷикро аз Русия ва Ватан баргардонданд

Ҳафт кӯдаки тоҷик, ки дар Русия бепарастор монда буданд, 18-уми октябри соли 2026 ба Тоҷикистон баргардонда шуданд.

Роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор таъмир шуд, аммо аз ҳисобӣ кӣ?

Мақомоти Ҳисор аз анҷоми мумфаршкунии роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор хабар доданд. Дар таъмири ин роҳи ҷумҳуриявӣ соҳибкорон ва сокинон низ саҳм гузоштаанд, аммо чӣ қадар маблағ ҷамъоварӣ шуд, маълум нест.

Ихроҷи чанд донишҷӯ барои иштирок накардан дар “маршировка”

Чанд донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба хотири иштирок накардан дар "маршировка" аз донишгоҳ ихроҷ шуданд.

Чин хостори густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аст

Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чян рӯзи душанбе бо раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.