Прокуратураи генералии Тоҷикистон пас аз 9 сол аз оғози фаъолият як гурӯҳ аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро муҷрим эълон кард.
Бино ба иттилои расмӣ, 25-июли соли 2023 Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо нашри як иттилоя гуфт, ки фаъолияти гурӯҳи фейсбукии “Новый Таджикистан 2” ва аъзоёни он дар қаламрави кишварро мамнуъ кард.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар меафзояд: “Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми июни соли 2023 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шуда, сомонаи “НОВЫЙ ТАДЖИКИСТАН 2” ташкилоти экстремистӣ ва иғвоангез эътироф гардида, фаъолияташ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.”
Генерал-полковники адлияи Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон ва Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди олии Тоҷикистон ин қарори таъҷилии худро дар бораи “ташкилоти экстремистӣ ва иғвоангез” эълони кардани “Новый Таджикистан 2” баъд аз 8 сол ва 3 рӯз аз оғози фаъолияти он ба сурати фаврӣ қабул ва расонаӣ карданд.
Ин қарори опретавии генералҳои адлияи Тоҷикистон дар Суди олӣ ва Прокуратураи генералӣ дар бораи фош кардани ҳувияти аъзоёни ин гурӯҳ ба мисли “Suhrob Zafar, Умар Боев, Абдулло Ҳикматов, Парвиз Раҳимзода, Parviz Ashurov, Кундузхон Мамадалиева, Ховар Муродов, Курбонали Орипов, Сергей Булычёв, Немат Бегов, Grup-24, Қурбоналӣ Х. Қурбоналӣ, Фируз Мумин, Эмир Бахаддин, Изатулло Додобоев, Салмон Султонзода, Хикматулло Баходиров, Mansur Naimov, Хоҷа Абузар, Алихон Аюбхонович” аз як эълони “занги хатар” гирифта шудааст.
Муаллифи ин эълони “занги хатар”-ро Эҳсон Одинаев – Сарафрози Оламафрӯз, фаъоли пуркори тоҷик, ки соли 2015 аз Русия нопадид шуд ва ҳамвандону пайвандонаш мақомоти Тоҷикистон дар рабудани ӯ муттаҳам мекунанд, 22-юми июли соли 2014 дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр карда буд.
Эҳсон Одинаев дар он эълони худ пас аз зикри корнамоиҳои Додоҷон Атовуллоев, раҳабари ҳаракати “Ватандор” гуфта буд: Дар (радиоканали) Zello канали нав бо номи “НОВЫЙ ТАДЖИКИСТАН 2” кушода шудагӣ. ДАРОЕД, ДАР БОРАИ МИТИНГ ҲАРФ БИЗАНЕД. РӮЗҲОИ НАЗДИК МО АЗ ИНТЕРНЕТУ РАДИО БЕРУН МЕБАРОЕМ ВА ҚУВВАИ ХУДРО, ТИФОҚИИ ХУДРО, ТОҶИК БУДАНИ ХУДРО БА ҚАРЛУҚИ ДУЗД ЭМОМАЛӢ РАҲМОН НИШОН МЕДИҲЕМ.”
Ин дар ҳолест, ки 22-юми июли соли ҷорӣ Додоҷон Атовуллоев бо нашри нусхаи ин эълони “занги хатар” дар саҳфаи фейсбукиаш аз Эҳсон Одинаев ёд карда гуфта буд: “Муборизи навҷавон ва бебоке, ки 8 сол аз ин пеш дар Русия мақомоти Тоҷикистон дуздиданд ва то ҳанӯз аз ӯ хабаре нест. Куҷоӣ, додари азиз?! Куҷоӣ, Юсуфи гумгашта?!”
Салмон Султонзода, фаъоли сиёсии тоҷик дар вокуниш ба ин навиштааст: “Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2023 дар бораи экстремистӣ ва иғвоангез эълон кардани саҳифаҳои иҷтимоии дар боло зикршуда қадами навбатии мақомоти Тоҷикистон дар роҳи фишор болои расонаҳо ва афроди мустақил ва манъи дастрасии мардум ба хабарҳои алтернативӣ мебошад.
Мо истифода аз ҳуқуқи инсонӣ ва конститутсионии худ фаъолияти худро дар шабакаҳои маҷозӣ бо риояи қонунҳои байналмилалӣ давом медиҳем.
Фаъолияти мо баҳри барқарории адолат ва волоияти қонун дар Тоҷикистони азиз буд, ҳаст ва мемонад!”
Гуфта мешавад, гурӯҳи “Новый Таджикистан 2” ҳеч гоҳ сомона ва ё як гурӯҳи муташшакил набуд, балки дар давоми 9 соли фаъолият ҳамеша ҳамчун як номи рамзӣ дар сафҳаҳо ва ё гурӯҳҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба мисли радиоканали “Zello”, “Фейсбук”, “Ютюб“, “ОК” ва ғайра аз ҷониби иддае аз мухолифон ба раҳбари “Ватандор” аъзои “Гурӯҳи 24” ва дигарон ҳамчун як минбар барои тамос бо мардум истифода шудааст.
Аммо ин, ки чаро пас аз 9 сол онро “ташкилоти экстримистӣ ва иғвоангез” эълон карданд, эҳтимоли зиёд он аст, ки бознашри ҳамон эълони Эҳсон Одинаев тавассути Додоҷон Атовуллоев генералҳои масти адлияи Тоҷикистонро ошуфтахотир карда, носанҷида ин қарори худро ба ҷаъли “таърихи гузашта” қабул ва нашр карданд.
Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda.tv