36.9 C
Dushanbe

Таъсиси Шӯрои 12-нафарӣ барои раҳбарии Афғонистон

Толибон қасд доранд ба хотири раҳбарии Афғонистон бо шумули Аҳмад Масъуд, як шӯрои 12-нафарӣ таъсис диҳанд.

Ба навиштаи Foreign Policy“, интизор меравад дар ин шӯро аз роҳбарони намоёни Толибон мулло Абдулғанӣ Бародар, мулло Муҳаммад Яъқуб, писари асосгузори ин ҳаракат мулло Муҳаммад Умар ва инчунин Халил Ҳаққонӣ аъзо бошанд.

Ин нашрия меафзояд, ҳаракати Толибон аз таъсиси мансабҳои бузург ба мисли президент ва ҳатто мақоми амир канорагирӣ карда, саъй дорад шӯрои роҳбарикунандаро бо эътирофи ҷомеъаи байналмилалӣ таъсис бидиҳад.

Пеш аз ин Ваҳидуллоҳ Ҳошимӣ, яке аз аъзои баландпояи Толибон ба хабаргузории “Ройтерз” гуфта буд, мумкин аст Афғонистонро дар оянад як шӯро раҳбарӣ кунад ва эҳтимол дорад ин шӯро аз сӯи Мулло Ҳайбаттулоҳ Охундзода, раҳбари Толибон идора шавад.

Бо ин вуҷуд, то замони омодашавии хабар ҳанӯз Толибон расман эълон накардаанд, ки ин шӯро аз чанд нафар ва бо раҳбарии кӣ идора мешавад.

15-уми августи соли 2021 ҳукумати Афғонистон бо раҳбарии Муҳаммад Ашраф Ғанӣ пас аз 11 рӯзи ҷанг дар шаҳрҳо ба дасти Толибон суқут кард ва президенти пешини ин кишвар аз Кобул ба Абу Забии Амороти Мутаҳидаи Араб фирор кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ВКХ: Пайвастани Тоҷикистон ба ИИАО баррасӣ нашуд

Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло масъалаи пайвастани кишварро ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ надорад.

Русия: Тоҷикистон набояд ба Ғарб наздик шавад

Сергей Лавров зимни боздидаш аз Душанбе дар суханрониҳояш ба мақомоти тоҷик тазаккур дод, ки Русия намехоҳад ҳамкориҳои Тоҷикистону Ғарб бештар шаванд.

Суқути қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон

Баъд аз сафари вазири корҳои хориҷии Русия ба шаҳри Душанбе ва музокироти сатҳи олии раҳбарони Тоҷикистон ва Русия қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ-сомонӣ поён расфт.

Даргузашти Зафар Мирзоён

Донишманд ва нависандаи шинохтаи тоҷик Зафар Мирзоён шаби 7-уми июни соли ҷорӣ дар синни 74-солагӣ аз дунё даргузашт.