Тазоҳуроти мухолифини тоҷик дар назди ВКХ Олмон

Рӯзи 25-уми марти соли ҷорӣ гурӯҳе аз мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлини Олмон, назди Вазорати корҳои хориҷаи ин кишвар тазоҳурот карданд.

Муътаризон аз ҳукумати Олмон озодии Абдуллоҳи Шамсиддинро хостанд. Аз аксу наворҳое, ки иштироккунандагон нашр кардаанд, дида мешавад, ки онҳо дар даст овезаҳоеро бо акси зиндониёни сиёсӣ, рӯзноманигорони зиндонӣ, кушташудагони Бадахшон ва Абудллоҳи Шамсиддинро доранд.

Чанде аз ҳозирин дар назди бинои Вазорати хориҷа суханронӣ карда, аз мақомоти Олмон хостанд, ҳарчи тезтар барои баргардонидани Абдуллоҳи Шамсиддин иқдом кунад.

Аз ҷумла, Маҳмудҷони Файзраҳмон зимни суханронияш дар мавриди ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин аз Олмон ба Тоҷикистон мегӯяд: “Бо гузаштани ду моҳ аз ихроҷаш, то ҳол ҳукумати Тоҷикистон дар куҷо будани ӯро намегӯяд. Ин як раванди хеле хатарнок аст, ки як кишвари демократӣ ба мисли Олмон бо як ҳукумати диктатурие мисли Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад ва фаъолони сиёсии тоҷикро ба Тоҷикистон мефиристад, ҳамон коре ки то кунун Русия анҷом додааст.”

Ӯ ҳамчунин дар мавриди сафари Раҳмон ба Амрико ва Аврупо ишора карда, гуфт: “Мо ин ҷо ҷамъ омадаем, то эътироз ва нигаронии худро ба мақомоти Олмон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Олмон ва кишварҳои ғарбӣ бирасонем.”

Оқои Файзраҳмон мегӯяд: “Вақте ки ҳама диктаторҳо зулм мекунанд, чаро кишварҳои ғарбӣ баъзе диктаторҳоро таҳрим мекунанд ва ҳамзамон аз диктаторҳои дигар истиқбол мекунанд?  Оё ин адолат аст?”

Ба иттилои масъулини Паймони миллии Тоҷикистон – эътилофи нерӯҳои мухолифин дар хориҷ, қарор аст дақоиқе баъд тазоҳуроти асосӣ дар назди парлумони Олмон вобаста ба сафари Эмомалӣ Раҳмон доир шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.