Теъдоди мактабҳо 23% камтар аз муассисаҳои тиббӣ шудааст

Барои нахустин бор Президент Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли фаъолияти 30-солааш “эътироф” кард, ки сатҳи маорифро пойин бурдаву теъдоди беморонро зиёд кардааст.

Имрӯз, 1-уми сентябри соли 2022 Президенти Тоҷикистон “дар мулоқот бо аҳли маорифи пойтахт дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ”-аш бо ифтихор гуфт, “имрӯз дар кишвар 5116 муассисаи тиббӣ фаъолият дорад.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома меафзояд: “Танҳо дар се соли омодагӣ ба ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ 1858 муассисаи тандурустӣ ва дар шаш моҳи соли 2022-юм 61 муассиса бунёд гардидааст.”

Президенти Тоҷикистон таъкид мекунад, “дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави мамлакат 2723 муассисаи тандурустӣ сохта, ба истифода супорида шудааст,” вале сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, дар замони раҳбарии қариб 30-солаи Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди кишвар 711 мактаб сохта ба истифода дода шудааст.

Ин гуфтаҳо ва таъкидҳои Президенти Тоҷикистон маънои онро доранд, ки дасти кам дар давоми 7 соли ахир теъдоди беморон дар Тоҷикистон наздик ба 40 дарсад зиёд гардид ва ба ин хотир Ҳукумати Тоҷикистон маҷбур шуд, ки барои сохта ба истифода додани 1858 муассисаи тандурустӣ иқдом кунад.

Аз сӯи дигар агар ин омор ва рақамҳоро дасти кам дар ин 7 соли ахир муқоиса кунем, маълум мешавад, ки талабот ба дармону табобат нисбат ба таълиму тарбия дар ин давраи ҳисоботӣ ду баробар зиёдтар шудааст.

Ба иборати дигар, агар то сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон 3 ҳазору 229 мактаб ва 2 ҳазору 860 муассисаи тиббӣ фаъолият мекарда бошанд, имрӯз теъдоди мактабҳо 3640 ва теъдоди муассисаҳои тиббӣ ба 5116 адад расидааст. Яъне, то соли 1992 теъдоди муассисаҳои тиббӣ 11 дарсад камтар аз мактабҳову имрӯз бошад, баръакс, шумори муассисаҳои тиббӣ 23 дарсад зиёдтар аз мактабҳо шудааст.

Гуфта мешавад, то чанд вақте пеш ҳукуматдорон ва дар раъси онҳо худи Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо дар мулоқот ва дидорҳояш бо қишрҳои мухталифи мардум таънаву маломат карда гуфтааст, ки дар Тоҷикистон теъдоди масҷидҳо аз мактабҳо зиёдтар аст. Аммо ҳоло мебинем, ки теъдоди духтурхонаву дорухонаҳо ва ё расмӣ карда гӯем, муассисаҳои тиббӣ на танҳо аз мактабҳо, балки аз масҷидҳо ҳам зиёдтар шудааст.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Пас аз эълони Трамп нархи ҷаҳонии нафт беш аз 7 дарсад коҳиш ёфт

Нархи ҷаҳонии нафт пас аз он ки президенти Амрико Доналд Трамп аз ҳамлаи низомӣ алайҳи Эрон даст кашид, ба таври назаррас коҳиш ёфт.

Дар Суғд блогерон барои “фаъолияти ғайриқонунӣ” даҳҳо ҳазор ҷарима шуданд

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 мақомоти андози вилояти Суғд 17 блогерро барои "фаъолияти соҳибкорӣ бидуни сабти номи давлатӣ" гунаҳкор дониста, дар маҷмуъ 96,7 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд.

Русия зодаи Тоҷикистонро барои тарғиби “бартарии миллати тоҷик” аз шаҳрвандӣ маҳрум кард

Мақомоти Русия як зодаи 61-солаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми тарғиби ақидаҳои исломии ифротӣ ва барангехтани бартарии миллӣ аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум карданд.

“Фирдавс Киллер” дар ҷанги зидди Украина кушта шуд

Фирдавс Салоҳов, зодаи ноҳияи Ванҷи ВМКБ, ки дар ҳайати нерӯҳои Русия бар зидди Украина меҷангид, кушта шудааст.