Русия зодаи Тоҷикистонро барои тарғиби “бартарии миллати тоҷик” аз шаҳрвандӣ маҳрум кард

Мақомоти Русия як зодаи 61-солаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми тарғиби ақидаҳои исломии ифротӣ ва барангехтани бартарии миллӣ аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум карданд.

Ба иттилои Раёсати корҳои дохилии Ҷумҳурии Чувашистон, ин мард аз соли 2011 дар шаҳри Канаш кору зиндагӣ мекардааст. Ба гуфтаи мақомот, қарор дар бораи бекор кардани шаҳрвандии ӯ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ) қабул шудааст.

Дар баёнияи мақомоти Русия гуфта мешавад, ки ин шаҳрванди асли Тоҷикистон дар байни мардум “ақидаҳои исломии ифротиро тарғиб мекард, тоҷиконро аз дигар миллатҳо болотар медонист” ва инчунин барои “тағйири сохти конститутсионии Русия” даъват менамуд. Мақомот чунин амалҳоро таҳдид ба амнияти миллӣ арзёбӣ кардаанд.

Ҳамзамон, ФСБ навори боздошти ин шахсро нашр кардааст. Дар навор дида мешавад, ки кормандони мақомоти амниятӣ ӯро ба идораи муҳоҷират мебаранд ва шиносномаи русиаш мусодира мешавад.

Бо вуҷуди ин, мақомоти Русия то ҳол далелҳои мушаххасеро, ки ин иттиҳомҳоро тасдиқ кунанд, нашр накардаанд. Ҳамчунин маълум нест, ки ин шахс дар куҷо ва дар чӣ шакл чунин изҳоротро баён кардааст. Ному насаби ӯ низ расман ошкор нашуда, назари худи ӯ ё вакили дифоаш дар бораи ин қазия дастрас нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.