14.9 C
Dushanbe

Тиллову долларҳои афғонӣ қочоқ набудаанд. Катавозай дар Тоҷкистон чӣ меҷӯяд?

Рӯзи 27 феврал шабакаи телевизионии Афғонистон 1 бо такя ба манбаъҳои худ хабар дод, ки тилло ва миллионҳо доллари дар Тоҷикистон мусодирашуда ба Муҳаммад Мирзо Катавозай рабт доранд ва ӯ ҳоло “тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, то ин ҳодиса ба таври васеъ паҳн нашавад.”

Коршносон тахмин мезананд, ки ин сиёсатмадори Афғон барои ҳаллу фасли тиллоҳояш ба Тоҷикистон омадааст.

Мирзо Катавозай гуфт, ки дар интиқоли 90 кило тилло ва 15 миллион доллар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва кӯшиши интиқол додани онҳо ба кишвари сеюм даст надорад. Дар ин бора ӯ дар як суҳбати кутоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ Катавозай дар ин суҳбат ба сиёсатмадор будани худ ишора намуда гуфтааст, ки “Чунин як чизе вуҷуд надорад, чун ман сиёсатмадор ҳастам, на тоҷир.”

Ҳамчунин муовини раиси парлумон дар вокуниш ба ин хабар ба расонаҳои афғонӣ гуфтааст, ки “комилан ҳама гузоришҳое, ки дар онҳо маро ба қочоқ айбдор мекунанд, дурӯғ аст”, аммо шарҳ надод, ки чаро маҳз номи ӯ дар парвандаи қочоқи тилло ва пул пайдо шудааст.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои афғонӣ низ навиштанд, ки 90 кило тилло ва 15 миллион доллари мусодирашудаи мақомоти Тоҷикистон ба Муҳаммад Мирзо Катавозай, муовини раиси палатаи поёнии парлумони Афғонистон рабт доранд.

Хабарнигори шабакаи телевизионии Афғонистон-1 мегӯяд, Катабозай, ки ҳоло дасти кам дар ин мавриди бузург ба фасод муттаҳам аст, чанде пеш аз вуҷуди фасод дар ҳукумати кишвараш чунин интиқод карда буд.

Ҳамин тавр хабарнигорони ин шабака ба ин далел мегӯянд, Катавозай чанде қабл бо сафири Тоҷикистон дар Афғонистон мулоқот кардааст. Ҳамчунин ба гуфтаи ин расона роҳбарияти Афғонистон аз ин масъала огаҳӣ дорад ва ба мулоқоти Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Абдулло Абдулло, раиси Шӯрои олии оштии миллии Афғонистон ишора мекунанд.

Фошкории расонаи афғонӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки шоми 27-уми феврал бо як сафари корӣ раиси палатаи поёнии парлумони Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон омад. Дар ин сафари корӣ ҷониби Афғонистон бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои хориҷӣ ва бо раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва чанд масъули баландпояи дигар мулоқот анҷом доданд.

Тибқи иттилои расонаҳо Муҳаммад Мирзо Катавозай дар ин сафар ҳамроҳи ҳайат будааст. Раиси палатаи поёнии парлумони Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ба расонаҳои афғонӣ гуфта, ки сафари кории онҳо барои “баррасии масоили гуногун, аз ҷумла рушди муносибатҳои байнипорлумонӣ, тақвияти мубориза бо терроризм ва гуфтугӯ дар бораи сулҳи Афғонистон аст”.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2020 дар фурудгоҳи Душанбе як гурӯҳи иборат аз 7 нафарро ҳангоми кӯшиши интиқоли 90 кило тилло ва 15 миллион доллар ба Аморати Муттаҳидаи Араб боздошт карданд.

Юсуф Раҳмон прокурори генералии Тоҷикистон ахиран боздошти гурӯҳи қочоқбар бо наздики 90 кило тилло ва миллионҳо долларро тасдиқ карда буд. Ва дар як гузоришаш ба Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ чунин гуфт:

“Аз онҳо 89 килою 350 гр тилло, 489 638 риёл ва 200 000 фунт стерлинг, ки бо роҳи қочоқ ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб интиқол дода мешуд, ёфта ва мусодира гардид”.

Ҳамчунин Раҳмоналӣ Раҳимзода, сардори Раёсати ташкилоти мубориза бо ҳуқуқвайронкунии гумрукии Тоҷикистон низ ҷой доштани ин ҳолатро тасдиқ карда гуфт, ки дар доираи парвандаи талоши қочоқи тилло ва пул ба хориҷа се корманди ин ниҳодаш низ боздошт шудаанд. Қарори додгоҳ расман дар мавриди ин парванда феълан эълон нашудааст.

Вале чанде пеш пойгоҳи хабарии “Бомдод” рӯзи 26-уми ноябри соли 2020 аз қавли манбаъаш хабар дода буд, ки кормандони амният чанд нафар, аз ҷумла Фирдавс Давлатов ва Маҳмадалӣ Давлатовро бо иттиҳоми қочоқ дастгир кардаанд ва онҳо фарзандандони Давлати Хавос, раҳбари собиқи кони тиллои Шугнов мебошанд.

Аммо сардори Раёсати гумруки вилояти Хатлон Зафар Муҳаммадиев мегӯяд, ин тиллову маблағҳо ба Тоҷикистон расмӣ ворид шуда буданд. Зафар Муҳамадиев дар нишасти матбуотии 11-уми феврал соли ҷорӣ дар ин маврид ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” чунин посух дод:

“Ин чизҳо буд ва ин гуна борҳо тариқи Узбакистон низ гузашта мерафт. Вай овард (шахси масъули ҷониби Афғонистон) дар сарҳад қайд кард, кормандони мо ба расмияти гумрукӣ дароварданд. Мушоият (ҳайати ҳамроҳикунандаи ин ниҳод)-и мо аз инҷо гирифт ба фурудгоҳи Душанбе бурда супорид. Аз фурудгоҳи Душанбе бояд ба Дубай мепарид”.

Коршиносон тахмин мезананд, ки дар ин қочоқ пойи кадом мақоми баландпояи кишвари Афғонистон дар васат ҳаст.

Рафтани Саймумин Ятимов ба Афғонистон ва баъд аз он садо додани вуҷуди низомиёни ҲНИТ дар Афғонистонро мухолифон як мубодилае медонанд, ки бар асари ин қочоқ ба вуҷуд омадааст.

Вале маълумотҳои дигаре низ дар расонаҳо ба нашр расида, ки дар миёни ҷомеа сару садоҳои зиёдеро ба бор овардааст.

Як манбаъ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки баҳс танҳо бар сари 90 кг тиллову 15 млн доллар нест. Ин манбаъ мегӯяд, ҳарчанд ҳоло ба додгоҳ танҳо парвандаи пешгирӣ аз қочоқи 90 кг тиллову 15 млн доллар ворид шудааст, аммо давоми моҳҳои сентябр-ноябри соли 2020 аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон 1 тоннаву 200 кило тилло ва 112 миллион доллар ба Дубай бурда шудааст.

“Амалиёти боздошти ин гурӯҳ аз ҷониби Додситонии кулли Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Нисбат ба кочоқи 1200 кило тилло ва 112 миллион доллар нишондоди боздоштшудаҳо ҳаст, вале парванда аз рӯйи далели 90 кило тилло ва 15 миллион доллар баррасӣ мешавад. Ин ду мавриди алоҳида аст. Вобаста ба 1200 кило тилло ва 112 миллион доллар таҳқиқ идома дорад ва ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст”.

Гарчанде мақомот дар мавриди 90 кило тилло ва 15 миллион доллар чанд маротиба изҳори назар кардаанд, аммо дар мавриди 1200 кило тилло ва 112 миллион доллар ҷое расман чизе нагуфтаанд.

Бояд гуфт, ки баъд аз ҳамрасонӣ шудани қочоқи тиллову миллионҳо долар ва омадани Муҳаммад Мирзо Катавозай бо ҳайати тими парлумони кишвараш ба Тоҷикистон ва барнагаштанаш ба Афғонистон сару садоҳоеро ба миён овард, ки гӯё ҳайати тими парлумони Афғонистон рафтанду ӯ то кунун дар Тоҷикистон боқӣ мондааст. Мақомоти Тоҷикистон низ дар ин бора расман ба ҷомеа ва расонаҳо чизе намегӯянд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.