То 600 сомонӣ ҷарима барои идгардаки кӯдакон дар Тоҷикистон

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судури қароре идгардакро дар рӯзи иди Рамазон барои кӯдакони боғча то донишомӯзони мактабу донишҷӯён мамнуъ эълон кад.

Ин ниҳод бо ирсоли дархосте ба боғчаву мактаб ва ҳатто донишгоҳҳо аз омӯзгорон ва падару модарон талаб кардааст, ки рӯзи иди Рамазон пеши роҳи идгардаки фарзандон ва донишомӯзонро бигиранд.

Бархе расонаҳои дохилӣ аз манобеи худ дар Вазорати маорифи кишвар хабар доданд, ки дар ҳақиқат чунин дастуре аз вазорат содир шудааст, ки тарбиятгирандагони боғчаву хонандагони мактаб ва донишҷӯён дар ин рӯз ид накунанд.

Масъулони Вазорати маориф ва илми кишвар гуфтаанд, ҳатто барои риоя накардани ин дастур волидайн ва ё худи донишҷӯён ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

Дар пайи нашри ин дастур чанде аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки масъулони мактабу донишгоҳҳо аз худи хонандагон забонхат гирифтаанд, ки рӯзи ид идгардак намекунанд ва ё волидайн пеши роҳи идгардаки фарзандонашонро бигиранд, дар акси ҳол то 600 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, Вазорати маорифи кишвар дар баробари волидайн омӯзгорони мактабҳоро низ муваззаф кардаанд, ки шогирдонашонро назорат кунанд ва нагузоранд онҳо ба хонаҳои якдигар ба идгардак бираванд.

Далели судури ин фармони Вазорати маориф маълум нест, аммо ба гуфтаи масъулин, он дар чорчӯби Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи огаҳон, қонуни мазкур идгардакро мамнуъ накардааст, балки масрафҳои зиёди миёншиканро дар ҷашну маросимҳо мамнуъ кардааст.

Ба гуфтаи коршиносон, чунин фармону дастуроти Вазорати маориф ҳадафмандона ва барои барҳам додани урфу одатҳои динӣ ва миллӣ аст. Ба гуфтаи онҳо, қаблан ҳам Вазорати маориф бо судури чунин қарорҳое ҳиҷоби духтарони донишомӯзу донишҷӯён ва риш гузоштани ҷавононро мамнуъ эълон карда буд, ки баъдан он ба таври ғайрирасмӣ ҳукми қонуниро гирифт ва мақомоти қудратӣ ҳатто дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр риши ҷавононро тарошиданду сатри занонро мегирифтанд ва барои ин кор, бовуҷуди он ки қонунӣ набуд, вале ҳеч ниҳоди масъул ва танзимкунандаи қонуни кишвар пеши роҳи чунин рафторҳои мақомотро намегирифт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.