Тоҷикистон истифодаи шири кӯдаконаи “NAN”-ро муваққатан манъ кард

Мақомоти Тоҷикистон шаҳрвандонро аз истеъмоли шири хушки кӯдаконаи навъи “NAN” ҳушдор дода, фурӯш ва истифодаи ин маҳсулотро муваққатан манъ карданд. Ин маҳсулот аз сӯи ширкати байналмилалии “Nestlé” истеҳсол мешавад.

Ожонсии “Тоҷикстандарт” рӯзи 8-уми январ дар хабарномае эълон кард, ки бинобар номутобиқ будани маҳсулоти мазкур ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, фурӯш ва истеъмоли он фавран қатъ гардида, марҳилаи муайяни он аз муомилот бозпас гирифта мешавад. Ин ниҳод аз шаҳрвандон хост, дар сурати харидории ин навъи шири хушк, онро ба нуқтаҳои фурӯш баргардонанд.

Манъи муваққатии шири “NAN” дар Тоҷикистон дар пасманзари иқдомҳои шабеҳи байналмилалӣ сурат мегирад. Ба иттилои расонаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла “Reuters”, ширкати “Nestlé” дар чанд кишвари Аврупо, Осиё ва дигар минтақаҳо бархе партияи маҳсулоти кӯдаконаи худро, аз ҷумла “NAN”, бозхонд кардааст. Сабаби ин иқдом эҳтимоли мавҷудияти токсини (cereulide) арзёбӣ мешавад, моддае, ки метавонад барои саломатӣ хатар дошта бошад.

Дар кишварҳое чун Қазоқистон, Узбекистон, Сингапур, Африқои Ҷанубӣ ва Арабистони Саудӣ низ мақомоти масъул чораҳои пешгирикунанда андешида, фурӯши бархе навъҳои шири кӯдаконаи “Nestlé”-ро муваққатан маҳдуд ё боздоштанд. Бо ин ҳол, ширкат ва мақомоти беҳдоштӣ таъкид мекунанд, ки то кунун ҳолатҳои зарари мустақими саломатӣ расман сабт нашудааст.

Дар Тоҷикистон низ то ҳол мақомот дар бораи ошкор шудани моддаи зарарнок дар маҳсулоти мавриди баҳс натиҷаи таҳқиқоти мустақилро нашр накардаанд. Бо вуҷуди ин, маҳдудият ҳамчун тадбири эҳтиётӣ ҷорӣ шудааст.

Шири хушки кӯдаконаи “NAN” аз маҳсулоти серистифода дар бозори Тоҷикистон ба шумор меравад ва қарор аст пас аз анҷоми санҷишҳои иловагӣ дар бораи иҷозати дубораи фурӯш ё идомаи маҳдудият қарор қабул шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Умар Кремлёв кист? Аз робита бо оилаи Трамп то ҳамкорӣ бо Душанбе

Номи Умар Кремлёв, раиси Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA), баъди нашри таҳқиқоти нашрияи амрикоии ProPublica дубора дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифт.

Шикояти сокинони Душанбе аз ронандагони “Ҷӯра таксӣ”

Сокинони пойтахт аз беэҳтиромии ронандагони "Ҷӯра таксӣ" ба мусофирон, дашномдиҳӣ ва дигар мушкилот шикоят мекунанд.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико пас аз раҳоӣ аз ҳабс

Маъмурони муҳоҷирати Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро, пас аз раҳо шудан аз боздошт дар Филаделфия дастгир карданд.

Сеул бори аввал раҳбарони Осиёи Марказиро гирди як миз ҷамъ меорад

Дар Сеул барои бори аввал нишасти якҷояи Кореяи Ҷнубӣ бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.