Тоҷикистон ё Турон? Пешниҳоди тағйири номи кишвар

Бархе аз фаъолони тоҷик пешниҳод кардаанд, ки Тоҷикистон ба Турон табдили ном кунад. Аммо ҳукумат то ҳол вокунише накардааст.

Умед Ҷайҳонӣ, донишманди тоҷик ва яке аз ҳомиёни ҳувияти миллӣ дар як ёддошти кӯтоҳе дар саҳфаи Фейсбук ин андешаро матраҳ кардааст.

Ӯ дар ин маврид менависад: “Турон номи ҳамосаии сарзамини тоҷикон аст ва бояд бар Тоҷикистон гузошта шавад. Яъне Тоҷикистон Турон номида шавад.” Ба таъбири ӯ, дар сурати тағйири ном “ҳеҷ фоҷеае рух нахоҳад дод.”

Ҷайҳонӣ ҳамчунин таъкид мекунад, ки гоҳо кишварҳо табдили ном мекунанд ҳеч мушкиле намешавад. Ва ҳамин 33 сол пеш Тоҷикистон Ҷумҳурии Шуравии Сосиалистии Тоҷикистон ном дошт ва ҳоло номгардон шуд.

Ин донишманди тоҷик бар ин назар аст, ки агарчи имрӯзҳо дар Тоҷикистон аз Турон ёд мекунанд, аммо ин ёдкуниҳо “фаротар аз суханронӣ нахоҳад рафт. Чун ҳамеша бисёр шаф-шаф хоҳанд гуфт, аммо аз шафтолу гуфтан боз ҳам метарсанд”. 

Зери ин ёддошт корбарон назарҳои гуногун навиштаанд. Аз ҷумла, як корбар дар хитоб ба Умед Ҷайҳонӣ чунин навиштааст: “Умед Ҷайҳонӣ хуб мешуд, агар ба пешниҳод додани чунин идеяҳои фач, хотима медодед!”

Аммо як гӯруҳи дигар аз корбарон аз пешниҳоди тағйир додани номи Тоҷикистон ба Турон пуштибонӣ карданд. Як корбар аз ин пешниҳод истиқбол карда, аз тағйири номи кишвари Форс ба Эрон дар соли 1933 ёдовар шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки як идда аз равшанфикрони тоҷик солҳост барои зинда нигаҳдоштани ҳувияти миллӣ, барои тағйири номҳо ва урфу одатҳое, ки дар замони шӯравӣ бар мо таҳмил шудааст, бо мухолифони худ  даст ба гиребон мешаванд. Яке аз ин мазуҳои доманадор, ин баргаштан ба дабираи форсӣ аст, ки зуд-зуд байни тарфдорон ва мухолифон баҳсҳо сар мезанад.

Борҳо мақомоти кишвар ба таври ғайримустақим ба чунин пешниҳодот ҷавоби рад додаанд ва мухолифати худро ба пешниҳоди баргаштан ба дабираи форӣ, тағйири унвонҳои низомӣ ба унвонҳои сирф тоҷикӣ ва миллӣ, ки маҳз аз ҷониби Умед Ҷайҳонӣ матраҳ гардида буд, бо сароҳат нишон додаанд.

Ёдовар мешавем ки Турон номи қадимии минтақаи бузурги ақвоми эронӣ буда, ки имрӯз ба номҳои форс, тоҷик ва ё баъзе қавмҳои дигари эронитабор ёд мешаванд ва Эрону Турон ватани аслӣ ва таърихии эрониён ва тоҷикон мебошанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.

Миллионҳо рубл маоши муҳоҷирони тоҷикро баргардонданд

Дар даҳ моҳи соли 2026 ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия беш аз 32,5 миллион рубл (ҳудуди 405 ҳазор доллар) маоши пардохтнашуда баргардонида шудааст.

Баъди хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷ аз Гурҷистон, М. Тағоев аз вазъаш хабар дод

Муҳаммад Тағоев, блогер ва мунтақиди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, дар суҳбат бо "Паём ТВ" вазъи худро пас аз хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷаш аз Гурҷистон шарҳ дод.

Такер Карлсон: Натанёҳу Трампро барои ҳамлаи ҳастаӣ ба Эрон фишор меорад

Такер Карлсон, рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ, ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад Амрико дар рӯзҳои наздик ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад.