Тоҷикистону Русия мехоҳанд ба ҳуқуқи кории муҳоҷирон расидагӣ кунанд

Тоҷикистон ва Русия қасд доранд ҳамкориҳои худро дар самти ҳифзи ҳуқуқи кории муҳоҷирон ва беҳтар намудани шароити кори онҳо тақвият бахшанд.

Ин масъалаҳо зимни мулоқоти раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Маҳмадшоҳ Гулзода бо вакили Думаи давлатии Русия ва дабири кулли Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касабаи кишварҳои ИДМ Виктор Пинский баррасӣ шуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо аҳамияти татбиқи созишномаҳои нави дуҷонибаро дар соҳаи муҳоҷирати корӣ таъкид намуда, изҳор доштаанд, ки рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия мусоидат хоҳад кард.

Виктор Пинский гуфтааст, ки иттифоқҳои касабаи кишварҳои ИДМ бо ташаббуси таъсиси “Экосистемаи кори шоиста” баромад кардаанд, ки ҳадафи ин ташаббус ҳалли мушкилоти мавҷуда дар соҳаи муносибатҳои корӣ мебошад.

Ба гуфтаи Пинский, кишварҳои ИДМ бояд равишҳои ягонаи танзими муносибатҳои шуғлиро, аз ҷумла стандартҳои умумии ҳадди ақали музди меҳнат, тартиби ба ҳисоб гирифтани собиқаи корӣ ва механизмҳои таъминоти нафақавии шаҳрвандоне, ки дар дигар кишварҳои ИДМ фаъолият мекунанд, таҳия намоянд.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо аз омодагии худ барои идомаи ҳамкориҳои муштарак, такмили механизмҳои ҳуқуқии ҳифзи муҳоҷирони корӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ гуфтаанд.

Пеш аз ин мулоқот, Виктор Пинский дар нишасти Шӯрои иттифоқҳои касабаи ИДМ, ки дар Душанбе баргузор шуд, гуфта буд, ки кишварҳои ИДМ бо коҳиши умумии қувваи корӣ рӯбарӯ ҳастанд ва афзоиши аҳолии қобили кор дар Тоҷикистон ва Узбекистон дигар наметавонад коҳиши қувваи кориро дар дигар кишварҳои узв дар миёнамуҳлат ҷуброн кунад.

Бо вуҷуди изҳорот дар бораи зарурати ташкили стандартҳои ягонаи кори шоиста ва таҳкими ҳифзи иҷтимоӣ бо вазъияте, ки имрӯз бисёре аз муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар Русия бо он рӯбарӯ ҳастанд, комилан мутобиқат намекунад.

Пас аз ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл”, мақомоти Русия сиёсати муҳоҷиратии худро ба таври назаррас сахттар карданд. Дар моҳҳои охир чандин тағйирот ба қонунгузории ин кишвар ворид шуда, ҳамзамон ташаббусҳои нав пешниҳод гардидаанд, ки назорат бар будубоши шаҳрвандони хориҷиро пурзӯр намуда, асосҳои ихроҷро васеъ мекунанд ва бархе аз ҳуқуқҳои муҳоҷиронро маҳдуд месозанду талабот нисбат ба корфармоёнро бештар мекунанд.

Ҳамчунин бисёре аз муҳоҷирони корӣ то ҳол бо табъиз, мушкилоти бюрократӣ, ноустувории шуғл, нақзи ҳуқуқҳои корӣ ва дастрасии маҳдуд ба механизмҳои ҳифзи иҷтимоӣ рӯбарӯ мешаванд. Аз ин рӯ, татбиқи ташаббусҳо оид ба ташкили “Экосистемаи кори шоиста” на танҳо имзои созишномаҳои нави байни давлатҳоро, балки андешидани тадбирҳои мушаххасеро низ талаб мекунад, ки воқеан метавонад ба беҳтар шудани вазъи миллионҳо муҳоҷири корӣ мусоидат кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.