Агентии «Тоҷикстандарт» аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар рӯзҳои гарм аз харидории обҳои нӯшокӣ ва дигар нӯшокиҳое, ки муддати тӯлонӣ зери таъсири мустақими нурҳои офтоб нигоҳ дошта мешаванд, худдорӣ кунанд.
Ин ниҳод дар муроҷиати худ таъкид кардааст, ки бо фаро расидани фасли гармо талабот ба обҳои ташнагишикан ва нӯшокиҳои ширину газдор зиёд мешавад. Аз ин рӯ, истеъмолкунандагон бояд ҳангоми харидорӣ ба муҳлати истифода, тамғагузорӣ, ҳолати борҷома ва шароити нигоҳдории маҳсулот диққати ҷиддӣ диҳанд.
Ба гуфтаи «Тоҷикстандарт», нигоҳдории тӯлонии нӯшокиҳо дар ҳарорати баланд ва зери нурҳои мустақими офтоб метавонад ба сифати маҳсулот таъсири манфӣ расонда, ба саломатии истеъмолкунандагон хатар эҷод кунад.
Ин ҳушдор дар ҳолест, ки имсол дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳои кишвар бештар аз 45 дараҷа гармӣ расидааст. Дар чунин шароит, мутахассисон тавсия медиҳанд, ки нӯшокиҳо танҳо дар ҷойҳои салқин ва мутобиқ ба талаботи нигоҳдорӣ нигоҳ дошта ва харидорӣ шаванд.
«Тоҷикстандарт» ҳамзамон ба соҳибкорон ва фурӯшандагон тавсия додааст, ки обҳои нӯшокӣ ва дигар нӯшокиҳоро дар ҷойҳои салқин ва аз нурҳои мустақими офтоб муҳофизатшуда нигоҳ доранд. Ба гуфтаи ин ниҳод, истифодаи яхдон, соябон ва дигар воситаҳои муҳофизатӣ барои нигоҳ доштани сифати маҳсулот зарур аст.
Агентӣ инчунин аз шаҳрвандон хостааст, ки ҳангоми харидорӣ ба муҳлати истифода, тамғагузорӣ ва шароити нигоҳдории маҳсулот диққат диҳанд ва дар сурати мушоҳидаи қонуншиканӣ ё поймол шудани ҳуқуқҳои истеъмолӣ ба «Тоҷикстандарт» муроҷиат намоянд.
