24.9 C
Dushanbe

Тоҷикистон аз созмонҳои молиявии байналамиллалӣ боз қарз мегирад

Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои гирифтани қарз аз ниҳодҳои байналмиллалӣ ба тавсиб расида буд, розигӣ дод.

Гуфта мешавад, маблағи қарзе, ки бояд аз ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ гирифта шавад, 200 млн долларро ташкил медиҳад.

Рӯзи 8 октябр Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишномаи рӯзи 23 сентябр имзошударо барои пешниҳоди қарзи молиявӣ аз Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд барои дастгирии буҷети давлатӣ дар шароити пандемияи COVID-19 байни Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд тасдиқ намуд.

Файзиддин Қаҳҳорзода Вазири молияи Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ин хусус изҳор дошт, қарзи имтиёзноке, ки гирифта мешавад, аз он маблағи 50 млн доллар барои рӯйпӯш намудани касри буҷети кишвар ва дастгирии бахши иҷтимоӣ равона мегардад.

Ҳамчунин вакилони мардумӣ якдилона ва бидуни баррасӣ Созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC)-ро тасдиқ намуданд.

Тоҷикистон дар доираи татбиқи ин созишнома ба муддати се соли наздик барои рушди тиҷорат ба маблағи 150 млн доллар қарз мегирад.

Ин дар ҳолест, ки тибқи оморҳои интишор гардида қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ҳолати 1 июли соли равон ба 3 миллиарду 96 миллион доллар баробар шуда буд.

Тибқи иттилои вазорати молия, ба 1 июли соли 2020 қарзҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ 338, 59, Бонки осиёии рушд – 278,16, Бонки исломии рушд – 131,98, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд – 57,92, Фонди СДСН (ОПЕК) – 39,21, Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё – 69, Бонки аврупоии сармоягузорӣ – 19,42, Фонди байнулмилалии рушди кишоварзӣ – 6,77, Бонки осиёии инфрасохтор – 32,06 ва Хазинаи байнулмилалии асъор – 189, 53, ҷамъ 1 миллиарду 162, 85 миллион доллар аст.

Бино ба иттилои ин манбаъ, қарзҳои дуҷонибаи Тоҷикистон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – 3,52, Фонди кувайтии рушд – 35, 76, Фонди саудии рушд – 76,32, “Эксимбонк”-и Чин – 1133,42, Бонки олмонии рушд (KFW) – 18,81, Фаронса – 22,40 ва Фонди абудабии рушд – 9,21, коғазҳои қиматнок – вомбаргҳо (евробондҳо) – 500, ҷамъ 1 миллиарду 799, 45 миллион долларро ташкил мекунад.

Бонки миллии Тоҷикистон 23 миллион доллар аз Хазинаи байнулмилалии асъор (17,95), Чин (3) ва Бонки исломии Рушд (2,11) ҷалб намуда, дигар қарзҳои беруна, ки аз рӯи ӯҳдадориҳои вазорату идораҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ ба вуҷуд омадаанд, ба шумули қарзҳои кафолатнок (79, 31) ва қарзҳои корхонаҳои давлатӣ бе кафолати давлатӣ (31, 52) 110, 83 миллион долларро ташкил мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.