13.9 C
Dushanbe

Тоҷикистон Иззат Амонро ба қаллобӣ муттаҳам намуда, ӯро дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни интишори баёнияе Иззат Амонро ба қаллоби муттаҳам намуда ва нисбати ӯ бо моддаи 247, қ.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, ӯро дар ҷустҷӯи рамсӣ қарор додааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки Холов Изатулло Амонович (Изат Амон) бо мақсади аз маҳбас озод кардани шаҳрванд Шарипов Ҳасан, ки бо гуноҳи машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар Федератсияи Россия қарор дорад, аз бародари номбурда Шарипов Бобоҷон, сокини ноҳияи Восеъ бори аввал 40 ҳазор рубли русӣ ва маротибаи дуюм 1000 доллари ИМА талаб карда мегирад.

Ба иддаои ВКД Тоҷикистон Иззат Амон дар корҳои тафтишотӣ иштирок накарда, барои ҳимояи айбдоршаванда Шарипов Ҳасан кумаки ҳуқуқӣ анҷом надодааст ва маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсияш истифода намудааст.

Вазорати дохилаи кишвар, навишта, ки бо иттиҳоми содир кардани ҷинояти қаллобӣ номбурда дар ҷустуҷўи расмӣ қарор дорад.

Дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дода шудани Иззат Амон дар ҳолест, ки имрӯз 26 март Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” талаби боздошт ва истирдоди ӯро ба Тоҷикистон рад намуда буданд.

Иттиҳоми эълоншуда нисбати Иззат Амон дар ҳолест, худи ӯ дар як навори аз пеш сабтшуда мегӯяд, дар ҳеч ҷинояте даст надорад ва шомили ҳеч ҳизбу ҳаракате ҳам нест, мақомоти Русия шаҳрвандии ӯро бекор кардаанд ба эҳтимоли зиёд ба Тоҷикистон истирдод мешавад.

Ҳамчунин Бахтовар Ҷумаев як ҳамкори Иззат низ дар наворе гуфт, ки на ӯ ва Иззат Амон ба ҳеч ҷинояте даст надоранд. Ба қавли ӯ Иззат Амон чанде пеш дӯстон ва наздиконашро огоҳ карда будааст, ки шаҳрвандии ӯро мақомоти Русия бекор кардаанд ва ӯро бо иттиҳомти сохта ба Тоҷикистон истирдод мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Иззат Амон аз Русия рабуда шуд?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Селҳои ахир дар Тоҷикистон ҷони 3 нафарро гирифт

Давоми ду рӯзи ахир дар аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон боронҳои шадид борида, селҳо ба вуҷуд омад ва дар натиҷа ба сокинон хасорати зиёд ворид гашт.

Эмомалӣ Раҳмон Русия меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар "парад"-и низомӣ...

Русия тамрини силоҳи ҳастаиро оғоз кард

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Вазорати дифои кишвараш тамирини омодагӣ барои истифода аз силоҳҳои ҳастаиро иҷозат дод.

Суҳбати телефонии Лавров ва Муҳриддин

Имрӯз, 30-юми апрел бо ташаббуси ҷониби Русия суҳбати телефонии...