14.9 C
Dushanbe

Толибон дар марз бо Тоҷикистон чӣ меҷӯянд?

Бознашр аз саҳифаи рӯзноманигор, Амруллоҳи Низом

Зарфи як моҳи ахир ҳузури Толибон, гурӯҳе, ки Тоҷикистон онро ҳаросафкан мешиносад, дар он сӯи омӯ, дар манотиқи назди сарҳадии Афғонистон ба таври камсобиқа густариш ёфтааст.

Толибон дар чор вилояти ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон: Балх, Кундӯз, Тахор ва Бадахшон аксари ноҳияҳоро тасарруф карда, бузургтарин гузаргоҳи байни ду кишвар Панҷи Поён-Шерхонбандарро низ аз қабзаи нерӯҳои ҳукумати Кобул, ки бо ҳукумати Ъайну Ғайн (Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ) низ маъруф аст, забт карда гирифтанд.

НИГАРОНӢ

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳам пас аз суқути Шерхонбандар ба дасти Толибон эълон кард, ки 134 сарбозу марзбони Афғонистон, ки аз тарси Толибон ба Тоҷикистон фирор карданд, паноҳ додааст.

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон низ бо таваҷҷӯҳ ба вазъи ба вуҷуд омада дар он сӯи марзҳо ҳушдор дод, ки назорат дар марзҳо ҷиддитар карда шавад ва ҳамзамон таъкид кард, ки бояд барои вуруди эҳтимолии паноҳҷӯёни Афғонистон дар сатҳи ин вилоят омодагӣ бигиранд.

МАРЗҲО НООРОМ

Тоҷикистон дар чор моҳи ахир чанд бор шуд шоҳиди нооромӣ дар марзҳо ва ё он сӯи марзҳояш аст. Нооромиҳо аввал дар манотиқи назди сарҳадии Тоҷикистон бо Қирғизистон оғоз шуд. Хатҳои номуяни марз яке аз баҳонаҳо буд. Аммо асли гап шояд ҷои дигаре дур аз чашму гӯши расонаҳо ва ҷомеа пинҳон боқӣ монд. Ва он чӣ дар Ворӯх, Хоҷаи Аъло, Ҷирғатол ва ғайра рӯх дод, дар воқеъ барои ҳар ду ҷониб даҳшат буд.

Осор ва оқибати ин даҳшатҳо ва ё пешандешии чунин нооромиҳо буд, ки фаврӣ пойи вазирони корҳои дохила, мудофиа ва амнияти миллиро ба Кобулу Теҳрон ва пойи Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскаву Исломобод кашонд.
Акнун ҳузури Толибон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Афғонистон бо Тоҷикистон ин зеҳниятро ба вуҷуд меорад, ки агар ҳадаф кашондани доманаи низоъҳо ба Тоҷикистон бошад, пас мақомоти Тоҷикистон аз ин қазия пешакӣ хабар доштан ва маҳз ба ин хотир пайи ҳам ба Кобулу Теҳрон ва Исломободу Маскав сафар карда, вазъиятро фаҳмонданд.

БАҲОНА

Омрико ва НОТУ ба муддати 20 сол ба баҳонаи саркӯби Толибон ва овардани сулҳу субот дар Афғонистон ҷангиданду хеле аз силлоҳҳои сақила ва таҷҳизоти ҳарибиашонро дар ин кишвар озмӯданд, вале чун ҳадафҳояшон халал доштанд, натавонистанд алайҳи Толибон дар ин кишвар пирӯз шаванд. Саранҷом як соли пеш пас аз анҷоми “рисолат” дар Қатар бо Толибон созишномаи сулҳеро имзо карда, қавл доданд, ки хоки Афғонистонро тарк мекунанд.

Аммо дар ин авхир Омрико ба баҳонаи бозгашти нооромиҳо ба Афғонистон намехоҳад тарки минтақа кунад. Пентагон мехоҳад пойгоҳҳои низомиашро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Покистон таъсис диҳад, чизе, ки на кишварҳои Осиёи Марказиро аз ҳузури низомии Омрико дар минтақа хушашон меояду не Покистон.

Ё БА ЗОРӢ, Ё БА ЗӮР?

Расонаҳои Омрикоӣ борҳо аз қавли мақомоти ин кишвар эълом кардаанд, ки пас аз хурӯҷ аз Афғонистон хоҳони таъсиси пойгоҳҳои низомӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд ва дар ин замина гуфтушунидҳоеро оғоз кардаанд. Тоҷикистон яке аз кишварҳои интихоб шуда барои таъсиси пойгоҳҳои низомӣ шинохта шудааст.

Тибқи хеле аз таҳлилҳо дар Осиёи Марказӣ заъифтарин режим аз нигоҳи доштани пуштибонии мардумӣ ва ё режими муҳлати масрафаш ба поён расида режими Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон шинохта мешавад. Мухолифини режими Тоҷикистон низ нисбат ба мухолифини дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бедортар, вале берун аз Ватан.

Аммо мухолифини режими Эмомалӣ Раҳмон ҳам агар сари қудрат биоянд, гумон аст, ки манофеъи Русия дар Тоҷикистонро аз манофеи Омрико дар ин кишвар ва дар минтақа болотар гузоранд, зеро ба назар мерасад ҳанӯз ҳеч гурӯҳе қудратталаб дар Осиёи Миёна ба ин натиҷа нарасида аст, ки аз Русия ба осонӣ халос шаваду дарди саре ҳам надошта бошад, пас чора чист?

ТАҲДИДУ ФИШОР

Таҳлилгарони Ғарбӣ ва Омрикоӣ низ шояд ба ин натиҷа расида бошанд, ки ҳар киро бо макру найрангҳои худаш замингир кардан осонтар аст, ба ин хотир аз истифодаи ҳалукҳои нав дар марҳилаи аввал худдорӣ мекунанд.
Гуфтанист, мехоҳанд кореро дар ҳаққи Эмомалӣ Раҳмон анҷом диҳанд, ки режимаш алайҳи мухолифин ва мардуми кишвар истифода мекунад, яъне бо таҳдиду фишор ва тарс додан аз ҷангу хунрезӣ розӣ кардани вайро барои розӣ шудан ба таъсиси пойгоҳи низомӣ осонтарин роҳ шинохтаанд!

ФАРЗИЯҲО

Бо ин вуҷуд, ҷалби Толибон ба Шимоли Афғонистон аз ҷануби ин кишвар ба самти марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вежТоҷикистон чандин фарзияҳоеро ба вуҷуд меорад:

Фарзияи аввал, ба сафҳо кашондани Толибон дар он сӯи Омӯ ва фароҳамсозии роҳу василаҳои ҳузури нисбаҳтан камхарҷ ва муқовиматҳои камтар дар баробари онҳо дар ноҳояҳои ҳаммарз бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бо ҳадафи таҳдид ба ҷанг ва тарс додани сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз бурӯзи ноамниҳо роҳандозӣ шудааст.

Фарзия дувум, Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Покистон, ки ҳама узви ШОС (Созмони Шонхай) ҳастанд, бо маслиҳати Пекин ва Кремлин хоҳони ҳузури низомии Омрико дар минтақа на шудаанд, ва ин хезиши камсобиқаи Толибон ва юриши онҳо ба вилоятҳои шимолии Афғонистон бо чароғи сабзи Омрико оғоз шудааст, то ба ҳампаймонони Русия ва Чин бигӯяд, ки вақте барои таъсиси пойгоҳҳои низомӣ иҷозат намедиҳед, ноамниҳоеро интизор бошед.

Фарзияи сеюм, дар баҳори соли ҷорӣ Маскав меҳмондори Толибон буд ва маълум мешавад, ки заминаи ин меҳмондорӣ солҳо қалб тарҳерезӣ ва равобити мустақиме байни онҳо барқарор шудааст. Русҳо борҳо эълон кардаанд, ки мехоҳанд ду бора ба марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон баргарданд, вале Душанбе розӣ намешуд ва инак бо “баракат”-и ҳузури Толибон вазъиятро мувофиқ дониста, сару каллаашон дар сарҳад пайдо шуд.

Фарзияи чорум, фишори мустақим ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон ва домодҳову вузарои наркомофия ӯст. Тавассути мақомоти Бишкек масири содироти молу колоҳои қочоқиашонро бастанд ва аз ин тараф тавассути Толибон масири воридоти онҳоро.

Гуфтанист, ширкати “Фароз” солҳои дароз аз масири хеле аз Қирғизистон фаровардаҳои нафтиро қочоқӣ ворид ва дар ҳамкорӣ бо шарикони афғонистониаш қочоқӣ тавассути лӯлаи зериобӣ дар минтақаи Панҷи Поён ба Афғонистон содир мекард. Инҳо на ба Тоҷикистон молиёт медоданду на ба Афғонистон.

Рустами Эмомалӣ низ натанҳо наркоман, балки наркобизнес ҳам дар бархе доираҳо муаррифӣ мешавад, ки бар асоси бархе иттилоот борро аз Афғонистон мегирифта ва тавассути масирҳое аз хоки Қирғизистон ба хориҷ мефиристодааст.

Биноан, ҳузури Толибон ҷудо ҳадафҳои афғонистониашон агар таъмингари ҳар яке аз ин фарзияҳо ба истиснои фарзияи ахир бошад, бар зарари Тоҷикистон ва зери суол бурдани суботи ҷомеъа ва дар дарозмуддат таҳдид ба истиқололияти давлатӣ дониста мешавад. Аз тарафи дигар, агар Толибон ҳам дар оянда дар Афғонистон сари қудрат биоянд, аз ҳоли ҳозир бояд донанд, ки чанд ҳамсояи хуби худро дар Осиёи Марказӣ алакай аз даст додаанд. Ман дидгоҳҳои худро гуфтам, Шумо чӣ назар доред?

Амуруллоҳи НИЗОМ, 24-06-2021 Варшава

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: ИНТИХОБОТИ ЭРОН ВА ТАБРИКОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН…

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.