Трамп аз пешниҳоди «Ҳайати сулҳ» хабар дод; Ҳамос ба халъи пурраи силоҳ розӣ шудааст?

Президенти Иёлоти Муттаҳида Доналд Трамп эълон кард, ки «Ҳайати сулҳ» ба созише даст ёфтааст, ки халъи пурраи силоҳи Ҳамос ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи фаластиниро дар Навори Ғазза пешбинӣ мекунад.

Ба гузориши BBC, яке аз мақомҳои аршади Ҳамос низ тасдиқ кардааст, ки ин гурӯҳ бо тарҳи пешниҳодшуда барои халъи пурраи силоҳ дар Ғазза мувофиқат кардааст ва қарор аст ба наздикӣ дар ин бора изҳороти расмӣ нашр шавад. То ҳол мақомоти Исроил ба ин хабар вокуниши расмӣ нишон надодаанд.

Тибқи иттилои расонаҳо, «Ҳайати сулҳ», ки бо ибтикор ва раҳбарии Доналд Трамп таъсис ёфтааст, гуфтааст, ин созиш баъд аз чанд моҳи музокироти фишурда ва «бо ҳусни ният» ба даст омадааст. Ба гуфтаи онҳо, акнун таваҷҷуҳи асосӣ ба иҷрои бандҳои созиш равона мешавад.

Ин тавофуқ бахше аз марҳилаи дуюми тарҳи оташбас дар Навори Ғазза арзёбӣ мешавад. Дар он, ба ҷуз аз халъи силоҳи Ҳамос, инчунин хуруҷи нерӯҳои Исроил аз Ғазза ва оғози бозсозии ин минтақа пешбинӣ шудааст.

Доналд Трамп дар шабакаи иҷтимоии худ ин созишро «қадами бузург ба сӯи сулҳ ва амнияти пойдор» номида, гуфтааст, он барои таъсиси як ҳукумати нави фаластинӣ замина фароҳам меорад. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳукумат бо «Ҳайати сулҳ» ҳамкорӣ карда, дар барқарорсозии Ғазза саҳм хоҳад гирифт.

Трамп ҳамчунин изҳор доштааст, ки дар натиҷаи ин созиш Исроил ба амнияти бештар даст хоҳад ёфт ва Навори Ғазза дигар ба пойгоҳе барои ҳамлаҳои мусаллаҳона табдил нахоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, ки интизор доранд Исроил ба барномаи 20-бандие, ки қаблан бо он мувофиқат кардааст, пойбанд мемонад. Ба гуфтаи онҳо, агар пас аз халъи силоҳи Ҳамос хуруҷи нерӯҳои исроилӣ аз Ғазза анҷом нашавад, ин метавонад боиси ноумедии Доналд Трамп гардад.

Бо вуҷуди ин, то замони нашри ин хабар, на Ҳамос изҳороти расмии ваъдашударо нашр кардааст ва на мақомоти Исроил ин гузоришҳоро расман тасдиқ ё рад намудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.