Трамп бо тарҳи нави худ барои сулҳ Украина ва Русия чӣ пешниҳод кардааст?

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико тарҳи наверо барои поён додани ҷанг байни Украина ва Русия пешниҳод кардааст, ки на ҳама ҷузъиёти он дастраси расонаҳо гаштааст.

Аммо баъзе бандҳои асосии онро расонаи амрикоии “Axios” бо такя ба манобеаш нашр кардааст. Аз ҷумла, мувофиқи тарҳи нави Трамп, Владимир Зеленский барои барқарории сулҳ ва поён додани ҷанг бояд аз 20% заминҳои қисмати шарқии Украина – Луганск ва Донетск, ки ҳоло зери тасарруфи Русия қарор доранд, даст бикашад ва онҳоро ба Русия вогузор кунад.

Инчунин дар тарҳи Трамп пешниҳод мешавад, ки Украина талаби Русия дар бораи кам кардани шумори артишашро бипазирад ва теъдоди сарбозонашро то 600 ҳазор поён биёрад. Ва аз ҳама муҳим барои напайвастан ба Паймони Анталнтикаи Шимолӣ (НАТО) мувофиқат кунад.

Мувофиқи иттилои хабаргузории “Фаронса”, тарҳи нави Трамп барои сулҳи Русия ва Украина аз 28 банд иборат аст ва аз ҳама бандҳои асосии бо шумули масоили зикршуда, ин аст, ки ҳавопаймоҳои ҷангии НАТО бояд дар қаламрави Лаҳистон бимонанд ва набояд ҳеч нерӯ ва аслиҳаи ҷангии Иттиҳоди Аврупо вориди Украина бишавад. Инчунин бояд дар Украина пас аз 100 рӯзи оташбас интихоботи президентӣ баргузор шавад. Ва банди аз ҳама муҳим ин ки, таҳримҳои иқтисодии Ғарб аз болои Русия бардошта шаванд.

Шоми рӯзи панҷшанбе расонаҳои украинӣ иттилоъ доданд, ки Владимир Зеленский аз тарҳи ҷадиди Трамп барои сулҳ истиқбол карда ва ваъда додааст, ки “Украина барои ба ваҷҳи аҳсан анҷом ёфтани тарҳи сулҳи амрикоӣ тамоми талошашро хоҳад кард.” Зеленский таъкид карда, ки кӯшиш мекунад “монеи сари роҳи талошҳои дипломатӣ” нашавад.

Ба гуфтаи коршиносон, Владимир Зеленский ахиран ба шартҳое розӣ мешавад, ки дар оғози ҷанг ва бидуни аз даст додани заминҳо ва ҳифзи ҷони даҳҳо ҳазор сарбозу мардуми бегуноҳ метавонист ба он мерасид.

Расонаҳо аз Кохи Сафед менависанд, ки масъулони баландпояи кабинаи Трамп зимни нишасте бо масъулони украинӣ ҳафтаи гузашта нақшаи сулҳро баррасӣ кардаанд ва пешниҳод намудаанд, ки тарафҳои Украина ва Русия бояд ин тарҳро бипазиранд.

Сухангӯи Кохи Сафед Керолайн Левитт рӯзи панҷшанбе ба рӯзноманигорон гуфт, ки вазири корҳои хориҷӣ Марко Рубио ва фиристодаи хосси Трамп Стив Уиткофф дар нишасти мазкур ширкат доштанд. Ӯ афзуд, ки гуфтушунидҳо бо тарафҳои даргир дар бораи поён додани ҷанг аз чанд моҳи пеш идома дорад ва то ҳол “ба шакли хуб пеш мераванд”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико вориди рақобат бо Чин дар ОМ мешавад. Баранда кист?

Амрико барои манофеаш вориди бозии нав дар ОМ шуданист. Оё кишварҳои минтақа метавонанд аз ин фурсати таърихӣ ба нафъи худ истифода кунанд ва худро аз султаи Русия раҳо кунанду зери султаи дигаре нараванд?

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.