9.9 C
Dushanbe

7,5 соли зиндони А.Ғурбатӣ. Туҳфаи Шоҳиён ба Эмомалӣ?

Бо машварату маслиҳати раиси Суди олии Тоҷикистон ва ба муносибати 70-солагии Эмомалӣ Раҳмон журналист ва блогери шинохтаи тоҷик Абдуллоҳи Ғурбатиро ба муддати 2 ҳазору 735 шабонарӯз аз озодӣ маҳрум карданд.

Рӯзи 4-уми октябри соли 2022, як рӯз пеш аз зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон судя Шафо Беҳрӯз бо машварату маслиҳати Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди олии Тоҷикистон рӯзноманигори шинохта Абдуллоҳи Ғурбатиро ба ифротгароӣ муттаҳам карда, ӯро ба 7 солу шаш моҳ ба зиндон маҳкум кард.

Дар содир шудани ин ҳукми ноодилона, ки тамоми марҳилаҳо ва ҷаласаҳои додгоҳии он пушти дарҳои баста сурат гирифтанд, нақши чор сардамдори ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, ба хусус Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди олӣ, Юсуф Раҳмон, Прокурори генаралӣ, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ва Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллӣ хеле барҷаста буд.

Абдуллоҳи Ғурбатӣ, акс аз Азия Плюс.

Ин чор тан аз беҳунароне, ки мақомоти низомӣ ва интизомии Тоҷикистонро идора мекунанд, айни замон дар раъси фитна алайҳи шаҳрвандон ва ба хусус рӯзноманигорон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, огоҳони умур, рӯҳониён ва иддае аз мансабдороне, ки ҳадафашон хидмат ба мардум ва нони ҳалол хӯрдан аст, мавриди ҳадаф қарор додаанд.

Рамазон Раҳимзода бо иддае аз командаи кориаш дар Вазорати корҳои дохилӣ ба ҷои таъмини амнияту осоиши шаҳрвандон, даст ба ғорат кардану бадном кардани онҳо камар бастаанд. Дар ин ниҳод аксари кормандони Бозрасии давлатии автомобиӣ (БДА) ба кисабурони ҳамашинос маъруф ва машҳуранд. Дар вақти ғорат кардан ҳар гоҳе аз касе эҳсоси хатар кунанд, бо занги телефони фавран нерӯҳои зудамали саркӯбгар аз УБОП ва ғайра ба додашон мерасанд.

Саймумин Ятимов ҳамроҳ бо аксари кормандони зертобеаш, ки вазифаашон таъмини ҳамаҷонибаи сокинон ва шаҳрвандон аст, гоҳ дар ҳамкорӣ бо поймолкунангони ҳуқуқ, ғаротгарону саркӯбгарони ВКД ва гоҳе дигар дар алоҳидагӣ ба рӯпӯш кардани ҷиноятҳои мансабдорону афроди наздик ба онҳо ва бо дурӯғ, туҳмат ва тазвир ба муттаҳам кардани мардум ва фарзонаҳои миллат машғул ҳастанд.

Акс аз сомонаи Радиои Озодӣ

Юсуф Раҳмон ва ҷамъи зиёде аз ҳамкоронаш бошанд, чун вазифаашон айбдоркунӣ ҳаст, ба хотири манофеи шахсӣ ва гурӯҳии худ бидуни таҳқиқи мӯшикофона, ба дурӯғҳо, туҳматҳо ва тазвиру таҳқирҳои беҳисоби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ сарпӯш гузошта, дар бадоном кардани миллат, паст задани эътибори давлат ва фосила эҷод кардани байни мардум ва ҳукумат ошкоро саҳмгузорӣ мекунанд.

Шермуҳаммади Шоҳиёну қариб ҳамаи ҳамроҳонаш дар Суди олӣ низ “мӯсичаи бегуноҳ” нестанд, дар дуздиву ғоратгарӣ бо содир кардани ҳукмҳои ноодилонаашон дар саркӯб кардани мардум, бадном кардани миллат ва аз пушт ханҷар задан ба эътибори давалатдорӣ дар Тоҷикистон саҳми калон доранд, ба онҳо ҷиноятҳо, дурӯғҳо, туҳмату буҳтонҳои ниҳодҳои болозикр муҳри таъйид гузошта, қисми зиёде аз озодаҳои ин миллату меҳанро ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндонҳо мекунанд.

Шермуҳаммади Шоҳиён, акс аз манбаъҳои боз

Дар рафти парвандасозӣ алайҳи Абдуллоҳи Ғурбатӣ ва ҳамроҳонаш, туҳмат бастан ба пойи онҳо, ба ин васила таҳқир намудани ҷомеаи рӯзноманигорӣ ва таҳмил кардани фарҳанги тарсу ҳарос алайҳи тамоми корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин чор тан аз шайёдони миллат: Рамазон Раҳимзода, Саймумин Ятимов, Юсуф Раҳмон ва Шермуҳаммади Шоҳиён ва командаҳояшон якҷоя ҳама ба қадри тавон саҳми худро гузоштааст.

Гуфтанист, дар маҳкум кардани Абдуллоҳи Ғурбатӣ низ ин чор раъси фитна ва инсонаҳои барои Тоҷикистони соҳибистиқлолу озодаҳои он комилан хатарнок бо раҳбарии Шермуҳаммади Шоҳиён дар арафаи ҷашни 70-солагии Эмомалӣ Раҳмон якҷоя амал карданд ва ин туҳфаи онҳо дар ин рӯз рамзи хоссе аз муҳҳабати эшонро нисбат ба ҳукумат ва буғзашонро алайҳи миллат ба намоиш гузошт…

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azdo tv

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи тоҷикон аз Кореяи Ҷанубӣ

Бино ба иттилои манобеи Azda tv, мақомоти Кореяи Ҷанубӣ дар ин чанд рӯзи ахир бархе аз муҳоҷирони тоҷикро боздошт ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Ҷойивазкунии мақомдорон дар Тоҷикистон

Бо фармон ва қарорҳои нави Эмомалӣ Раҳмон чанд нафар аз як вазифа озод ва ба вазифа дигар таъйин шуданд.

Истирдоди як фаъоли тоҷик аз Лаҳистон ба Тоҷикистон

Мақомоти Лаҳистон ҳафтаи гузашта боз як фаъоли тоҷикро боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кардааст.

Чаро ҷавонон ифротгаро мешаванд?

Маънои луғавӣ ва истилоҳии ифротгароӣ Ифротгароӣ дар луғат ба маънои аз ҳад гузаштан, аз меъёр гузаштан ва зиёдаравӣ кардан аст (фарҳанги форсии Муин, фарҳанги форсии Амид). Калимаҳои мутародиф ва ё ҳаммаъно бо ифрот иғроқ, газофа, муболиға, сахтгирӣ, ғулув ва монанди ин мебошанд.