18.9 C
Dushanbe

Туркия бо Тоҷикистон низоми бераводидро бекор кард

Кишвари Туркия низоми бераводид бо шаҳрвандони Тоҷикистонро аз рӯзи 5-уми апрели соли ҷорӣ бекор кард.

Бино ба иттилои расонаҳои давлатии Туркия, бар асоси фармони раисиҷумҳури ин кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон, имтиёзи раводид барои дорандагони шиносномаҳои оддии Тоҷикистон барои сафар ба Туркия лағв шудааст.

Гуфта мешавад, ин қарор бар асоси моддаи 18 Қонуни хориҷиён ва муҳофизати байналмилалӣ зери рақами №6458 қабул шудааст.

То ин дам шаҳрвандони Тоҷикистон метавонистанд ба кишвари Туркия бидуни гирифтани раводид (виза) сафар кунанд ва то 90 рӯз ҳаққи будубош дар ин кишварро доштанд.

Худи ин хабар субҳи рӯзи 6-уми апрел дар расонаҳои расмии Туркия нашр шудааст.

Дар ҳамин ҳол сафорати Туркия дар Тоҷикистон низ бо нашри тавзеҳоте дар саҳфаи фейсбукии худ хабари ҷорӣ шудани раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистонро тасдиқ карда, гуфтааст, ки “Интизор меравад, ки низоми бо раводид муваққатӣ бошад”.

Инчунин сафорат гуфтааст, ки низоми бо раводид аз рӯзи 20-уми апрели соли 2024 оғоз гардида, то он замон шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни раводид ба Туркия сафар кунанд. Аммо дар ҳамин шабу рӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое нашр шудаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз муаллақ мондан дар фурудгоҳҳои Истанбул шикоят доранд. Ба гуфтаи онҳо, чун визо надоранд, мақомоти Туркия намегузоранд вориди хоки ин кишвар шаванд.

Бо вуҷуди он ки сафаорати Туркия дар изҳороташ гуфт, қарори лағви низоми бераводид байни Туркия ва Тоҷикистон аз 20-уми апрел оғоз мешавад, вале ба гуфтаи шоҳидон, аз рӯзи судури ин фармон аз 6-уми апрел аллакай амалӣ шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иқомаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия бекор шуд

Пулиси шаҳри Самараи Федератсияи Русия иқомаи доимии як шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард.

Режаи ҳарбӣ дар Майдони Сурхи Маскав ва намоиши паҳподҳои эронӣ

Имрӯз, 9-уми май дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав режаи ҳарбӣ бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Мақомоти Рашт: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.