21.9 C
Dushanbe

Ҳуҷум ба як муҳоҷири тоҷик бо корд

Гурӯҳе аз ҷавонони рус ба як муҳоҷири тоҷик дар рӯзи равшан ва дар байни сокинони маҳаллӣ ҳамла карда, 8 кордаш зананд.

Рӯзи сешанбе, 22-юми октябр як манбаъ аз Русия ба Azda TV гуфт, ки ин муҳоҷири тоҷик Қадриддин ном дошта, сокини вилояти Хатлон аст. Ва ҳоло ӯ пас аз ҳамлаи гурӯҳӣ дар бемористон бистарӣ шудааст.

Наворе, ки ба дасти Azda TV расид, дида мешавад, ки як ҷовони тоҷик назди дари як хона меравад ва занги дарро мезанад то пайк (курьер)-ро расонад. Дар ҳамин ҳол 3-4 ҷавони рус ба ӯ ҳамла мекунанд ва ӯро аввал бо гази ашковар ва сипас зоҳиран бо корд мезананд.

Ин ҳодиса дар микрорайони Горскии шаҳри Новосибирск рӯзи 20-уми октябр рух дод. Ҷавонҳои рус ӯро бар иловаи мушту лагад 8 корд заданд. Хушбахтона ҷавон зинда аст ва ҳоло дар бемористон бистарӣ аст ва вазъи саломатиаш низ беҳтар шудааст.“, афзуд манбаъ.

Сабаби аслии ҳодиса маълум нест, вале манбаъ афзуд, ки чандест дар ин шаҳр ҷавонони рус бо чеҳраҳои пӯшида ба муҳоҷирон ҳамла мекунанд.

Дар ҳамин ҳол бархе расонаҳои русӣ низ навиштаанд, ки Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар вилояти Новосибирск вобаста ба ҳодистаи рухдода бо иттиҳоми “Ғоратгарӣ бо истифода аз зӯроварӣ” ва “суиқасд ба ҷони шахс аз тарафи гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ” парванда боз карда, тафтишот оғоз шудааст.

Гуфта мешавад, пулис аллакай муайян карда, ки чаҳор навҷавони маҳаллӣ дар ин ҳодиса даст доранд. Онҳо баъд аз ҳамла ба ҷони ин муҳоҷири тоҷик телефони ӯро низ дуздидаанд.

Имрӯз Марианна Глушкова, котиби матбуотии Раёсати додгоҳии вилояти Новосибирск ба расонаҳо хабар дода, ки 4 муттаҳами парванда боздошт шудаанд, ки се нафарашон хонандагони синфҳои 8-10-и мактабҳои Новосибирск будаанд ва як нафари дигар донишҷӯи 16-солаи яке аз коллеҷҳо будааст.

Додгоҳи минтақавии вилояти Новосибирск 22-уми октябри соли 2024 бо дархости муфаттиши парванда ба се хонандаи мактаб то 20-уми декабри соли 2024 ҳабси пешакии хонагӣ таъйин кард, аммо нисбат ба донишҷӯи 16-солаи коллеҷ то 20-уми декабри ҳамин сол ба ҳабси пешакии дар зиндон мондан ҳукум содир кард.”, – гуфтааст Марианна Глушкова.

Ёдовар мешавем, ки давоми чанд моҳи ахир ҳамла ба ҷони муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба таври чашмрас афзоиш ёфтааст. Ҳамарӯза расонаҳо аз боздошту истирдоди муҳоҷирони тоҷик ва инчунин аз сахттар шудани қавонини будубош дар ин кишвар барои муҳоҷирон хабар медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба хотири дашноми пулис зиндонӣ шуд

Додгоҳи шаҳри Қурғани Русия як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро барои "дашном" ва "зӯроварӣ нисбати корманди ҳифзи ҳуқуқ" маҳкум ба зиндон кард.

Ваҳдат ё ваҳшат?

Маросими таҷлил аз 28-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ваҳдат бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мешавад.