7.9 C
Dushanbe

Номаи саргушода ба Эмомалӣ Раҳмон. Номи забони давлатӣ форсӣ-тоҷикӣ шавад!

Пажӯҳишгар, шоир ва рӯзноманигори тоҷик Шаҳоббуддини Шуҷоъ дар саҳифаи фейсбукаш бо навиштани номаи саргушода ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон талаб намудааст, ки забон давлатӣ форсии тоҷикӣ номида шавад ва таърихи таҷлили рӯзи забон аз 5 октиябр ба 22 июл баргардонида шавад.

Номаи саргушодаБа раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон;Ба раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии…

Gepostet von Shahobudini Shojoo am Donnerstag, 16. Juli 2020

Ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон;
Ба раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоир ва аъзои Маҷлиси намояндагон;
Ба раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва аъзои Маҷлиси миллӣ;
Ба раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам, Муҳаммадҷонзода Олимҷон ва аъзои Раёсати ин ниҳоди муътабари ҳомиву пуштибони забон.

Бо арзи салом ва эҳтиром,
Ҳамагон хуб огаҳем, ки яке аз дастовардҳои муҳим ва таърихии миллати тоҷик дар замони бозсозии горбачёвӣ дар кишварамон мақоми давлатӣ гирифтани забони форсии тоҷикӣ буд.

Қонуни забон бо азму талош ва заҳмату ҷонбозиҳои нухбагони миллат ва мардуми Тоҷикистон 22 июли соли 1989 тасвиб шуд ва дар таърихи навини тоҷикон саҳифаи наверо боз кард. Мақому мартабаи забон дар Қонуни асосии кишвар бо ворид намудани як банди махсус тасбит гардид ва забони расмию давлатии Тоҷикистон “забони тоҷикӣ (форсӣ)” эълом шуд. Ин падидаи муҳимро дар таърихи сад соли ахири тоҷикон метавон ҳодисаи бесобиқае арзёбӣ намуд. Барои иҷрои қонуни мазкур он замон бо сарпарастии шоири тавонои миллат устод Лоиқи Шералӣ “Бунёди забони форсии тоҷикӣ” ва дар назди Риёсати Фарҳангистони улуми Тоҷикистон бо сарпарастии ҳомиву пуштибони забон, академик Муҳаммадҷони Шакурӣ Кумитаи истилоҳот таъсис дода шуд ва раванди эҳёи дубораи ин рукни муҳимми миллат оғоз гардид.

Вале дере нагузашта, дар замони дар кишвар ҷорӣ намудани низоми президентӣ ва тасвиби Қонуни асосии нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 аз номи расмии забон вожаи “форсӣ” гирифта шуд. Ин аввалин зарбаи ноҷавонмардонае буд ба пайкари батозагӣ аз захм шифоёфтаи забони модариямон пас аз касби Истиқлол.

Бо вуҷуди ин, Бунёди забони форсии тоҷикӣ бо раҳбарии устод Лоиқи Шералӣ ва Кумитаи истилоҳоти назди риёсати Фарҳангистони улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раҳнамоиҳои академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар роҳи пиёда сохтани Қонуни забон корҳои зиёди муфидеро анҷом доданд.

Пас аз Истиқлол ва истиқрори сулҳ дар заминаи Кумитаи истилоҳоти назди Риёсати Фарҳангистони улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аввал Кумитаи татбиқи қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипас Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ин як қадами ҷиддие дар самти амалӣ намудани Қонуни забон буд.
Ниҳоди мазкур то ҷое бархе аз барномаву ибтикороти ниҳодҳои пешинро давом дод.
Бо гузашти замон ва вобаста ба воқеъиятҳои нав дар замони соҳибистиқлолӣ зарурати тасвиби қонуни нави забон пеш омад.

Ин матлабро раисҷумҳури Тоҷикистон дар Паёмаш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005 иброз намуд. Вале, ин супориши раисҷумҳур дар рӯйи коғаз монд. Лоиҳаи нави Қонуни забон на танҳо он сол, балки солҳои баъдӣ низ барои баррасӣ ва тасвиб ба Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод нашуд. Чаро? Зеро Кумисиюни иҷрои қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намехост, ки лоиҳаи устод Муҳаммадҷони Шакурӣ барои баррасӣ ва тасвиб ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод шавад. Зеро дар ин тарҳ бисёр нуктаҳое мавҷуд буд, ки Ҳукумат намеписандид. Аз ин сабаб, Кумисиюни иҷрои қонуни забон бо дастгирии Кумитаи илм, маориф ва фарҳанги Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баҳонаҳои гуногун ин масъаларо ба таъхир меандохт.
Ниҳоят соли 2009, замоне ки устод Муҳаммадҷони Шакурӣ дар бистари беморӣ буд, Кумисиюни иҷрои қонуни забон бо дастгирии Кумитаи илм, маориф ва фарҳанги Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарҳи устод Муҳаммадҷони Шакурӣ сарфи назар карда, тарҳи худро саросемавор барои баррасӣ ва тасвиб ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуд. Суоле ба миён меояд, ки чаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳи устод Муҳаммадҷони Шакуриро намехост? Аввалан, устод Шакурӣ ният дошт, ки дар номи забон вожаи “форсӣ” барқарор гардад. Баъдан, вожагони забонҳои бегона, махсусан русӣ, дар забони мо вобаста ба қоидаву меъёрҳои забонамон талаффуз шаванд. Сониян, забони форсии тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеъа афзалияти мутлақ дошта бошаду заминаҳои молии ислоҳоти забон аз ҳисоби бозори рекломи (огаҳиҳо ва таблиғоти бозаргонии) кишвар фароҳам шавад.

Ҳангоми тасвиби Қонуни нави забон дар соли 2009 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи пешниҳодҳои устод Муҳаммадҷони Шакурӣ сарфи назар кард:

– номи забон “тоҷикӣ” боқӣ монд (Банди 1, моддаи 3, боби1);
– имло ва талаффузи истилоҳоти хориҷӣ мебоист бар асоси қоидаву меъёрҳои забони форсӣ сурат бигирад, вале ин пешниҳод дар Қонуни нави забон ба назар гирифта нашуд ва истилоҳоти хориҷӣ ҳануз ҳам ба шакли русӣ навишта ва талаффуз мешаванд, ки хилофи меъёрҳои забони форсии тоҷикӣ аст;
– реклама ё таблиғоти бозаргонии молу маҳсулот дар расонаҳо, ки манбаъи ҳангуфти даромад аст ва ҷойгоҳи иқтисодии забони миллиро устувор мекунад, мебоист фақат ба забони расмӣ (форсии тоҷикӣ) сурат бигирад, аммо дар Қонуни нави забон аз ин пешниҳоди устод Шакурӣ ҳам сарфи назар шуд.

То он вақте, ки устод Муҳаммадҷони Шакурӣ дар қайди ҳаёт буд, дар маърӯзаву суханрониҳои раиси ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари “Русия” талаффуз карда мешуд, ҳоло “Федератсияи Россия” талаффуз мешавад, ки аз чашми мардуми огоҳ дур намондааст.

Ба Қонуни нави забон илова намудани банди 2, дар моддаи 13, боби 3 “Эълону реклама дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забонҳои дигар низ интишор карда мешавад” бо талошҳои вакили Маҷлиси намояндагон, сарвари Ҳизби коммунистӣ Шодӣ Шабдолов ва расонаҳои русизабони Тоҷикистон, хусусан ” Азия Плюс” ва “Рекламная газета”, ба хотири аз даст нарафтани даромад аз нашри рекламаҳо бо забонҳои дигар, хусусан русӣ амалӣ шуд. Яъне давлати Тоҷикистон, ки метавонист аз ин бозори пурдаромад барои устувор сохтани ҷойгоҳи иқтисодии забони расмӣ ва забони миллияш баҳра барад, зери бори манофеъи гурӯҳии касоне рафт, ки кӯчактарин арзише барои забони ин миллат қоил нестанд.

Дар зимн, ба назар мерасад, ки ин банд дар матни аввалияи лоиҳа набуд ва инро баъди баррасии лоиҳаи нави Қонуни забон илова кардаанд. Ин иқдоми миллатситезона фақат ба хотири манофеъи молию иқтисодии чанде аз ҳамватанони истеъморзадаи мо, ки худро ошкору ниҳон ҷузъе аз “русский мир” медонанд, амалӣ шуда ва навъе хиёнат ба забони миллӣ аст ва забони давлатии Тоҷикистонро ба лиҳози иқтисодӣ дар мавқеъияти танге қарор медиҳад. Ҳануз ҳам, ки ҳануз аст, бояд ҷилави ин нангро гирифт ва бо ҳатмӣ сохтани нашри реклама ва таблиғот ба забони давлатӣ заминаи иқтисодӣ барои рушди забони миллиро фароҳам кард. Ин иқдом арзиш аа ҷойгоҳи забони миллиро боло мебарад ва ҳамаро ба омӯзиши забони давлатӣ вомедорад ва барои ҳазорҳо донандаи хуби забони форсии тоҷикӣ ҳазорҳо ҷои кору шуғл эҷод мекунад. Табиъист, ки вақте мардум аз омӯзиши забон даромади молӣ ба даст оранд ва барояшон шуғл фароҳам шавад, ба омӯзиши он бештар саъйу талош хоҳанд варзид ва вазъияти забондонии мардум ҳам беҳтар хоҳад шуд.

Вале ҳоло боиси нигаронист, ки се-чаҳор ширкати иртиботӣ, ки дар 10-12 соли ахир ҳудуди 2 милёрд дулори ИМА аз иқтисоди Тоҷикистон фоидаи соф бурдаанд, зарур намедонанд, ки барои тавсеаю густариши забон ҳатто даҳ сомонӣ харҷ кунанд!
Ҳазорҳо ширкату корхонаи дигари Тоҷикистон ҳам барои таблиғи колову маҳсулоти худ ба забони русӣ милюнҳо дулор харҷ мекунанд, вале як дирҳам барои таблиғоти он ба забони давлатӣ харҷ намекунанд.
Аксари ин ширкатҳо ҳатто сойту торнамоҳо ба забони расмӣ ва забони миллии мардуми Тоҷикистон надоранд ва бештар талош мекунанд русидонҳоро ба кор истихдом кунанд, яъне барои донандагони хуби забони давлатӣ ҷойи кор ва машоғил эҷод намекунанд! Яъне як шаҳрванд бо андаке дониши забони русӣ метавонад дар саросари Тоҷикистон кор пайдо кунад, вале дару дарвозаи ҳамаи коронаҳо ва муассисот (ба ҷуз идораву ниҳодҳои давлатӣ) барои донандагони хуби забони давлатӣ маъмулан баста аст! Дар натиҷа арзиш ва ҷойгоҳи иқтисодии забони давлатӣ ва миллии тоҷикон низ аз миён рафтааст ва мардум бештар саъй мекунанд кӯдаконашонро ба мактабҳои русӣ диҳанд, чун “аз забони давлатӣ дар оянда фоидае нест!”.

Сабаби аз унвони забон бардоштани вожаи” форсӣ” низ ангезаи сиёсӣ дорад. Ин масъала дар таърихи начандон дури замони шӯравӣ борҳо мавриди баҳсу мунозираҳои доираҳои сиёсӣ ва адабии шӯравӣ қарор гирифта буд.
Сиёсати болшевикӣ бо мақсади гусастани пайвандҳои фарҳангии миллатҳои шӯравӣ аз аслашон номи забони онҳоро тағйир дод ва ин миллатҳоро аз пайвандҳои таърихиашон ҷудо намуд ва ба ҳам зид гузошт. Ин сиёсати болшавикӣ зери нақшаи “мубориза бо панэронизм” ҷараён дошт ва ба ин баҳона мехостанд моро аз тамоми мероси гузаштагонамон маҳрум созанд. Мутаасифона, ҳамин гароиш то ба имрӯз дар мафкураи қисме аз доираҳои сиёсӣ, илмӣ ва адабии Тоҷикистон боқӣ мондааст.

Равшанфикрони тоҷик бо кӯшишҳои устод Садриддин Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров ва пуштибонии як гурӯҳ аз ховаршиносони бонуфузи шӯравӣ тавонистанд, то ҷое ҳақиқати таърихиро барқарор намоянд. Номи адабиёти гузаштаи мо дар замони шӯравӣ расман “адабиёти форс-тоҷик” номида мешуд. Чунин унвон гирифтани номи адабиёт маънои онро дошт, ки номи забони мо ҳам мутаносибан “форсии тоҷикӣ” аст, зеро дар пасманзари номи адабиёти ҳамаи халқу миллатҳо номи забони осори адабӣ дар назар дошта мешавад. Пас метавон гуфт, ки дар замони шӯравӣ ҳам, ҳарчанд забони форсӣ мақоми давлатӣ надошт, вале дар осори илмиву адабӣ он бо номи таърихии худ ном гирифта мешуд.
Дар мавриди талаффузи истилоҳҳо ва вожагони хориҷӣ мутобиқи меъёри забони модариямон барои мо эҷодиёти Аҳмади Дониш, устод Садриддин Айнӣ ва дигар адибони давраи пеш аз ишғоли Бухоро аз сӯи болшевикҳо метавонад беҳтарин намуна ва улгӯ бошад.
Ҳодисаи дигари нангине, ки Кумисиюни иҷрои қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистони собиқ дар он вақт анҷом доданд, интиқоли Рӯзи забон аз санаи таърихиаш 22 июл ба санаи 5 октябр буд.

Ҷомеа медонад, ки аввалин Қонуни забон 22 июли соли 1989 ба тасвиб расид. Солҳои тӯлонӣ мардуми кишвар ин ҷашни муборакро дар санаи аслияш, 22 июл, таҷлил мекарданд. Вале соли 2009 бо “ибтикор”-и Кумисиюни иҷрои қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Маҷлиси намояндагон, ба баҳонаи номувофиқ будани замони таҷлил (гӯё дар рухсатӣ будани мардум ва гармии ҳаво дар фасли тобистон) ин санаи таърихӣ ба рӯзи 5 октябр, ки зодрӯзи Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст, интиқол дода шуд.

Ҳангоми ба баррасӣ пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни нави забон дар Маҷлиси намояндагон аз тарафи раиси Кумитаи илм, маориф ва фарҳанг Додихудо Саймуддинов дар бораи ба вақти дигар интиқол додани Рӯзи забон ишорае шудааст, вале маҳз ба 5 октябр, яъне зодрӯзи Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гузаронидани санаи нави таҷлили Рӯзи забон чизе гуфта нашудааст ва инро аз ҷомеъа пинҳон кардаанд. Ин амали чоплусона, ки ба ҷуз аз хиёнат ба таърихи миллат чизи дигаре нест, танҳо ба хотири хушомад ба боло ва ҳифзи курсиву мансаб маънии дигаре надошт. Агар ин намунаи рушани тамаллуқ ва шахспарастӣ, ки шумо зидди он борҳо гуфтаед, нест, пас чист? Бе ин ҳам, Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ин кор эҳтиёҷе надорад ва унвону вазифаҳояш, ки дар талаффузи он соатҳо сарф мешавад, аз андоза зиёд аст.
Сониян, Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиби Қонуни забон ягон муносибати мустақиме надорад. Ҳама чизро ба номи як нафар марбут донистан, тавре таҷрибаи ҷомеъаи шӯравӣ ва бисёре аз кишварҳои олам нишон медиҳад, иштибоҳи бузург аст. Инъикоси дурӯғини таърих оқибатҳои ногувор ва фаҷеъаборе дорад, ки мо инро дар гузаштаи на чандон дур бо чашми сар борҳо дидем. Имрӯз мо таърихи замони шӯравиро бознигариву бознигорӣ мекунем, ки ин худ як сабақи бузург аст.
Бо назардошти нукоти зикршуда ва дар остонаи санаи таърихии Рӯзи забон, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки дар барқарор намудани адолати таърихӣ: форсии тоҷикӣ номидани забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба санаи 22 июл баргардонидани Рӯзи забон мусоидат намоеду ба ин васила эҳтироми миллати шарифи тоҷикро ба ҷо оред, то ояндагон аз шумо ба некӣ ёд кунанд.

Бо эҳтиром:
пажӯҳишгар, шоир ва рӯзноманигор
Шаҳоббуддини Шуҷоъ
17 июли соли 2020.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Радиои Озодӣ соҳибони Net Solutions-ро дар Тоҷикистон ошкор кард

Санадҳои ёфтаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки...

Омили террори генерали рус аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ будааст

Мақомоти Русия аз боздошти як шаҳрванди узбекистонӣ хабар доданд, ки дар террори генерли 54-солаи рус гумонбар мешавад.

Набераи раисҷумҳури Тоҷикистон дар 9-солагӣ аз Дубай хона харид. Бо кадом маблағ?

Набераи 9-солаи Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи соҳилибаҳрии Дубай як хонаи сеҳуҷрагӣ харидааст, ки арзиши он 1,3 миллион доллар аст.

Фишор болои пайвандони узви фаъоли “Гурӯҳи 24”

Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти беш аз як моҳ аз ирсоли Лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи афв" ба Дастгоҳи риёсати ҷумҳрӣ ҳанӯз онро имзо накардааст.