23.9 C
Dushanbe

“ҚАСАМ МЕХӮРАМ, КИ…”

Ҳаводиси ахири Белорус ба интихоботи президентии Тоҷикистон таъсире хоҳад гузошт?

Акс аз сомонаи www.toptj.com

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик вобаста ба вазъияти ахири Белорус мақолаи таҳлилие навишта масъаларо аз чанд ҷониб бо овардани назари коршиносону таҳлилгаронро баррасӣ намудааст.

Бознашри мацола аз веблоги “Рӯзи нави“-и Раҷаби Мирзо:

Минск барои хеле аз кишварҳо, хоса онҳое, ки дар қудрат раҳбарони дарозумр доранд ва дар пеш маъракаҳои муҳиме чун интихобот, сабақомӯз мегардад. Ҳатто имкон дорад инро давраи нави сиёсии пас аз коронавирусӣ гуфт. Дар ин моваро Белорус аз аввалин кишварҳоест, ки пас аз пандемия интихобот баргузор намуд.

Ҳукумати Лукашенко ҳарчанд бӯҳрони COVID -19 –ро бо душворӣ паси сар кард, ҳоло маълум мешавад, ки аз он бардоштҳои лозим надоштааст. Ба гумони ғолиб интизорашон ин буд, ки мисли 5 бори пешин бо фоизҳои дар ҷаҳони муосир тасаввурнопазир номзади худро ғолиби маърака эълон кардан имкон дорад. Аммо бархӯрдҳои аввалини мардум пас аз интихобот исбот намуд, ки ба онҳо мисли дафъаҳои гузашта бо тарсзоиву саркӯбӣ муносибат кардан, танҳо пайомадҳои ногувор пеш меорад. Дар натиҷа ҷаҳон шоҳид гашт, ки ба таври дилхоҳи раҳбарони саркӯбгар интихобот баргузор кардан мумкин, вале бе президент мондан ҳам имкон дорад. Ҳоло танҳо Лукашенко ва атрофиёнаш бовар доранд, ки онҳо 80 дарсади овозҳоро соҳиб шудаанд. Ҳатто 50 – 60 000 мардуме, ки ду рӯз пеш дар Майдони Истиқлоли Минск аз шаҳрҳои мухталиф барои ҷонибдории худ гирд оварданд, маълум мешавад ба онҳо кӯмак карда наметавонад. Ба ҳар сурат, дар майдонҳои дигари на танҳо пойтахти Беларус, балки шаҳрҳои бузурги ин кишвар, дар чанд рӯзи ахир гуфта мешавад ҳудуди 500 – 600 000 одамони норозӣ гирд омаданд. Онҳо акнун ба Лукашенко ҳамчун “президенти собиқ” муроҷиат мекунанд. Бар илова, аз дирӯз корпартоии корхонаҳои азими кишвар, ки бештар давлатианд, оғоз гардид ва онҳо мегӯянд ин корро то “ғалабаи ниҳоӣ” идома медиҳанд. Ҷиддияти ин гуна вокунишро “президенти собиқ” хуб мефаҳмад.

Як бартарии Лукашенко дар баробари “ҳамтоёни собиқадораш” ин аст, ки гоҳ – гоҳ дар сӯҳбати мардум ва расонаҳо пайдо мешавад ва ошкоргӯиҳое анҷом медиҳад. Дина барои сӯҳбат ба яке аз корхонаҳои муҳими кишвараш – заводи тракторбарорӣ рафт, ки кормандонаш даст ба корпартоӣ задаанд. Вале воқеиятҳоеро дид, ки дар сӯҳбатҳои қаблии худ ба эҳтимоли зиёд ҳеч гоҳ вонахӯрда буд. Мардум дар баробараш ҳарф мезаданд, суханони ӯро мебуриданду ба дурӯғӯӣ муттаҳамаш мекарданд ва ошкор мегуфтанд, ки барояш овоз надодаанду “Бирав!”.

Ҳарчанд ваъда дод, ки дар ҳукумати наваш барои дигарон ҷо хоҳад ёфт, ислоҳоти конститутсионӣ анҷом медиҳад ва пас аз он интихоботи дигари президентӣ, бо ҳарифонаш муколама хоҳад кард…мисле, ки дер кардааст. Хеле…

Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки Лукашенко барои сари таъзим фурӯ овардан назди мардум хеле дер кардааст

Маълум аст, ки чунин раванди ҳодисаҳо саволеро дар кишварҳои дигар пешорӯ хоҳад гузошт: ҳодисаҳои Белорус то куҷо “сирояткунандаанд”?

Тоҷикистон, ки дар ду моҳи пешорӯ интихоботи президентӣ дорад, наметавонад аз чунин саволу ҷавобҳо раҳо бошад. Ба вижа дар назардошт бо ин ки хеле умумиятҳое бо ин кишвар дорад:

–          Ҳарду кишвар то 29 сол қабл узви давлати воҳиди СССР буданд;

–          Лукашенко пеш аз оне, ки президент бошад, мисли Эмомалӣ Раҳмон директори совхоз ва вакили парлумон буд;

–          Агар Президенти Белорус 26 сол буд, ки дар сари қудрати сиёсӣ қарор дошт, ҳамтои тоҷики ӯ 28 сол аст ин масъулиятро ба зиммааш гирифтааст;

–          Александр Григоревич ҳам мегӯяд давлат маҳз пас аз оғози раҳбарии ӯ шакл гирифт;

–          Дар интихоботи ахири президентии Белорус ду бону номзад буданд, ки онро гарм нигоҳ доштанд. Дар интихоботи соли 2013 –и Тоҷикистон бори аввал “овози занона” садо дод.

Аммо аз нигоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ вазъияти ду кишварро муқоиса намудан имкон надорад:

–          Сатҳи зиндагии белорусиҳо чандин маротиба аз тоҷикистониҳо беҳтар аст;

–          Аксари корхонаҳои муҳим ҳоло ҳам давлатианд ва хусусиву “прихватизатсия” нашудаанд;

ВА АЗ ҲАМА МУҲИМ:

Ҳатто рақибони сарсахташ Лукашенкову хонаводаи ӯро то ҳол барои ҷамъ овардани сармояи зиёди ғайриқонунӣ муттаҳам накардаанд.

Воқеан, ҳангоми мулоқоташ бо кормандони корхонаи тракторсозӣ, ки коршиканӣ доранд, бо итминон гуфт, ки ҳар моликияти ғайриқонунӣ ба даст овардаи ӯро, агар пайдо карданд, мардум метавонад соҳиб шавад…

Ин мавзӯи дигарест, ки ба он мешавад пас аз чанд рӯз баргашт: оё воқеан Лукашенко моликияте ғун накардааст, ё мухолифонаш дар бораи ӯ маълумоти комил надоранд?

Аммо мавзӯи таъсири рухдодҳои Белорус ба фазои сиёсии кишварҳои пасошӯравӣ дар назардошт бо умумияту фарқиятҳое, ки дорад, дар маҳфилҳои мухталиф гарм хоҳад буд.

Ҳуқуқшинос ва муовини раиси ҲСДТ Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, сабабу омилҳои ҷиддие вуҷуд доранд, ки аз ҷумла дар Тоҷикистон рухдодҳои Белорус на танҳо дар байни шаҳрвандони одиву ҷомеаи шаҳрвандӣ, балки ниҳодҳои марбутаи давлат, аз ҷумла Дастгоҳи иҷроияи Президент, Маркази таҳқиқоти стратегӣ, мақомоти амниятию корҳои дохилӣ ва дигарон  мавриди баррасии ҷиддӣ қарор бигирад. Ӯ мутмаин аст, ки ҳукумат ва сохторҳои масъулаш аз ин ҳодисаҳо сабақ гирифта, барои ба саҳнаи корзор ворид гардидани номзадҳои воқеӣ ба ҷои номзадҳои худсохта талош хоҳанд кард.

Шокирҷон Ҳакимов

–          Яке аз шартҳои иштироку иҷозат дар интихоботҳои президентии Тоҷикистон, ба фикри ман, ба масъалаҳои дуюмдараҷа ҷалб намудани интихобкунандагон аз ҷониби номзадҳо асту дар маҳдудаи танқиди раҳбарият дар сатҳи ҷамоати деҳоту мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва баррасии баъзе масъалаҳои ҷузъии хусусияти иҷтимоӣ- иқтисодӣ  дошта банд кардани онҳост, – мегӯяд Шокирҷон Ҳакимов.

Чунин шеваи кор, ба гуфтаи сиёсатмадор ва ҳуқуқшиноси тоҷик, танҳо ба хотири соҳиб шудани машрӯияти ҳукуматдорон аст, на барои донистани зарфияту воқеиятҳои кишвар, ки ҳадафи аслии маъракаҳои сиёсии давлатҳо барои ҳамин бояд равона гардад.

Воқеан, яке аз сабабҳои ба бӯҳрон рӯ ба рӯ шудани ҳукумати Лукашенкоро маҳз ба ҳамин нукта нисбат медиҳанд, ки ӯ худро ба фиреби “сохтусозҳои идеологӣ ва ҳуқуқӣ” банд карда, аз воқеиятҳои кишвар дур рафт. Дар натиҷа “оппозитсияи номаълум” якбора аз худ дарак дод ва ҳукуматро ғофилгир намуд.

Шокирҷон Ҳакимов ба ин назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба омору маълумоти пешниҳодкардаи масъулини худ чандон бовар надорад, вагарна барои баргузории як интихоботи воқеӣ шояд имкон медод:

–          Агар президент бо вуҷуди таърифу тавсифи 24 соатаи телевизион ва радиою нашрияҳои давлатӣ ва бештар аз ним миллион будани узви ҲХДТ эътимод медошт, заминаҳои ҳуқуқии интихоботро соддатару танзими онҳоро ба замону вижагиҳои муосир мутобиқ менамуд, – мегӯяд ӯ.

Таҳлилгар Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, ки феълан дар Аврупо қарор дорад, зимнан масъаларо дар ҷои дигар мебинад. Ба назари ӯ, дар элитаи ҳукмрони Душанбе то охир ба хулосае наомада буданд, ки дар интихоботи президентӣ номзади аслиашон кӣ хоҳад буд:

–            Шурӯъ аз соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводагӣ кардани шакли давлатдории миллии тоҷикон оғоз карду (моҳиятан аз соли 2006 боз хонаводагӣ буд) бо тағйирот ба Қонуни асосӣ дар соли 2016 номзади эҳтимолии № 1-и ӯ будани писари калонияш Рустами Эмомалиро ғайримустақим фош кард. Номзади дигар – Озода Раҳмон ҳам буд. Аммо бо амалиёти таъини Рустами Эмомалӣ ба ҳайси раиси Маҷлиси Миллӣ дар авҷи ҳамагирии СОVID-19 сарвари хонавода шонси духтари калонияшро барҳам зад. Ба ду-се талоши нокоми мустақиму ғайримустақим, ки якеаш ҳам тавассути Александр Лукашенко буд, нигоҳ накарда,  Эмомалӣ Раҳмон  Путинро моил ва ҳатто маҷбур кардан дошт барои муаррифии номзад. Вале ҳаводиси Белорус ин омилони нақши интиқоли қудратро аз Душанбе то Маскав шокӣ кард. Ҳама ғофилгир шуданд. Акнун Эмомалӣ Раҳмон бояд қарори басо мушкилро қабул кунад: худаш барои чандум бор  президент бишавад, ё писарашро ба гирдоби бозии сиёсии оқибаташ номаълум тела кунад?

Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён

Дар ҳамин ҳол, муаррихи шинохта Нуралӣ Давлат мутмаин аст, ки воқеоти Белорус дар маҷмӯъ аз ҷониби Тоҷикистон нодида гирифта мешавад. “ Аз ҳамин ҷост, ки он ба маъракаҳои кишвари мо на таъсири манфӣ расонда метавонад ва на мусбат, ҳарчанд миёни ҷомеаҳои ду кишвар шабоҳатҳои зиёд вуҷуд доранд” мегӯяд ва шарҳ медиҳад:

–          Лукашенко  ба як қатор иштибоҳҳо роҳ дод, аз ҷумла мехост писараш Коляро валиаҳд карда, дар дили Аврупо хонадони салтанатӣ таъсис диҳад.  Агар бархе масоили идеологӣ вуҷуд намедошт, шояд дар Ғарб ба ин чашм мепӯшиданд. Аммо аврупоиҳо ба сарнавишти аксар ҷумҳуриҳои мусулмоннишини собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ба шумули Тоҷикистон бетафовут шудаанд. Шояд ба он хотир, ки ба ин боваранд: ин кишварҳо роҳ сӯи неофеодализм доранд. Ҳамчунин Президенти Белорус як қатор иштибоҳоти тактикӣ анҷом дод. Манзурам дар арафаи интихобот қарор гирифтан дар муқобили Русия, ҳабс кардани номзадҳо барои ширкат дар интихоботи президентӣ, иҷозат додани Тихановская барои ширкат дар маърака. Бо ин вуҷуд, агар Лукашенко ба худаш 55-60 фоизи овозҳоро медод, вазъ то ин ҳадд муташанниҷ намешуд.

Нуралӣ Давлат

Абдуллоҳи Раҳнамо, мушовири Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон назари дигар дорад:

–          Талоши истифодаи ҳодисаҳои Белорус барои таъсиргузорӣ ба интихоботи Тоҷикистон албатта сурат мегирад. Аммо ин талошҳо таъсири амалии зиёде нахоҳад дошт. Яъне, баъзе доираҳои мухолиф дар хориҷи кишвар албатта талош мекунанд, ки аз ҳодисаҳои Белорус истифодаи васеъ намоянд, онро  ҳамчун «қиёми мардумӣ» ва «инқилоб» қаламдод карда, дар фазои иттилоотии тоҷикӣ корҳои таблиғотиро ба роҳ монанд. Илова бар ин, худи таҷрибаи  мухолифини Белорус  натанҳо рўҳия, балки таҷрибаи мухолифини тоҷикро ҳам баланд мекунад. Онҳо талош мекунанд, ки баъзе равишҳои дигари таблиғотиро, ки аз он омӯхтаанд,  истифода намоянд. Дар айни замон, ин ҳодисаҳо рафтору эҳтиёту ҳушёрии мақомотро ҳам дар мудирияти вазъият ва раванди интихобот бештар мекунад.  Аммо аз назари амалӣ, дар Тоҷикистон ин таблиғот таъсири оммавӣ нахоҳад дошт. Аз як сў, номзади асосӣ дар ин интихобот аз эътибору дастгирии васеъ бархӯрдор аст, бинобар ин барои муайян шудани номзади беҳтар ва интихоби беҳтар он барои аксарияти мардум ҳоҷат ба баҳсҳою танишҳои зиёде намемонад. Ва аз ҳама муҳимтар, мардуми Тоҷикистон он ҳодисаҳоро як бор гузаштааст ва бар зидди ин ҳолат «антитела» ё муқовимати дарунӣ дорад. Бинобар ин, хусусан насли калонсол ба ҳеҷ унвон ба ташаннуҷ ва хусусан нооромӣ розӣ намешавад. Албаттат, бо насли ҷавон, ки  фоҷеаи ноамнию ҷангро надидаанд, кори бештари маърифатӣ бояд сурат гирад. Дар масъалаи ҷавонон бетаваҷҷӯҳӣ ва худбоварӣ раво нест. Дар умум, фазои интихоботи ором ва худи интихобот осуда мегузарад, – хулоса мекунад ӯ.

Абдуллоҳи Раҳнамо

Хабарнигору таҳлилгари шинохта Иршод Сулаймонӣ низ ба ин назар аст, ки пас аз ҳаводиси Белорус дар сатҳи раҳбарии сиёсии Тоҷикистон паём мегиранд ва шояд ин боис ба баъзе ислоҳот бишавад. “Ҳадди ақалл ислоҳоти популистӣ. Шояд баъзе гузаштҳои сиёсӣ шавад, ки мо дар интихоботҳои пешин шоҳиди онҳо набудем”.

Зимнан, нуктаи калидиро дар маъракаҳои ҳамчунин, ба гуфтаи Иршод Сулаймонӣ бояд дар манофеи геополитикии қудратҳои бозингар дар Тоҷикистон, аз ҷумла Русия ва баъдан Чин ҷӯст.

Иршод Сулаймонӣ

Дар ҳамин ҳол, шореҳи сиёсии Русия Андрей Захватов зимни сӯҳбат бо инҷониб мушкили аслиро дар дигар ҷо арзёбӣ намуд ва гуфт бовар дорад дар интихоботи Тоҷикистон барои ислоҳи он имкон ҳаст: “Коршиносони зиёд дар Русияву Белорус ва дигар кишварҳо ба ин натиҷа расиданд, ки иштибоҳи бузургтарини Лукашенко дар қонуншиканиҳои зиёду ҳамабин ва тақаллуби ошкор дар натиҷаҳои интихобот буд. Аз ин ҳолат маълум буд, ки ӯ дер ё зуд аз қудрат барканор мешавад. Ман мутмаинам, ки аз ин ҳолат ҳамаи раҳбарони кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон барои худ сабақ мегиранд. Бовар дорам, пеш аз интихобот Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон авзои ҷомеа, гароиши интихоботии мардумро хуб омӯхта, хулосаашонро ба роҳбарияти мамлакат пешниҳод хоҳанд кард. Таври маълум, дар интихоботҳои пешини президентӣ ба Эмомалӣ Раҳмон фоизи фавқулодда баланди раъйро эълон мекунанд, ки ин шубҳаи зиёдро дар баргузории интихоботи шаффоф ба вуҷуд меорад”, – мегӯяд ӯ.

Аз ҳамин ҷост, ки пешниҳод дорад дар қонунгузории Тоҷикистон вобаста ба интихобот тағйироти ҳуқуқӣ сурат гирад. Пешниҳоде, ки аллакай барои роҳандозиаш дер шуд, чун маъракаи интихобот аз оғози худ дарак дод ва аз бардоштҳои аввал мешавад гуфт, ки гумон аст аз интихоботи пешин фарқи зиёд дошта бошад.

Андрей Захватов

Аммо як пешниҳоди дигари ҷаноби Захватов воқеан ҷои андеша дорад. Ҳадди ақал барои ислоҳоти намоишкорона, ё он тавре Иршод Сулаймонӣ мегӯяд – популистӣ. Ин коршиноси рус мегӯяд, агар аъзои комиссияҳои интихоботии ҳамаи сатҳҳо, 10 дақиқа пеш аз шурӯи интихобот дар пеши Байрақи давлатӣ дар дасташон Конститутсия истода, пешорӯи дурбини шабакаҳои телевизионӣ матни савгандро бихонанду зери он имзо гузоранд, метавонад ба ҷараёни интихобот ва бардоштҳои мардуми дохилу хориҷ таъсиргузор шавад.

Матни савгандро ҳам барои намуна дар чунин шакл пешниҳод дорад:

–          “Ба номи Худо, Конститутсияи Тоҷикистон ва Байрақи давлатӣ қасам мехӯрам, ки овози мардумро аз рӯи виҷдон ҳисоб карда, ба раъйи мардум хиёнат намекунам!”

Чунин таҷриба дар Украина роиҷ будааст.

Пас дар зарурат чаро сари он фикр накунем?

Ё ин ҳам ба ҷараёни интихоботҳои мо асаргузор намешавад?

Албатта то ҷое хоҳад шуд. Аммо ба шарте, ки ба интихобот, ҳамон тавре Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, номзадҳои воқеӣ раҳ ёбанд.

Барои ин бошад, иродаи сиёсӣ лозим…

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи Аздо тв нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.