16.9 C
Dushanbe

Раиси комиссияи оид ба масоили марзӣ бо Қирғизистонро иваз шуд, оё вазъ беҳбуд меёбад?

Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷойивазкунонии мансабдорон Давлатшо Гулмуҳаммадзодаро раиси комисияи оид ба масолили марзӣ бо Қирғизистон таъин кардааст. То ин дам дар ин мақом Азим Иброрҳим собиқ муовини сарвазири Ҷумҳури Тоҷикистон кор мебурд.

Азим Иброрҳим, ки то ин вақт ба ҳайси муовини сарвизири Тоҷикистон ифои вазифа мекард, рӯзи 31 август бо фармони дигари Президент ба ҷойи Худоёрзода, собиқ вазири Нақлиёт, ки як моҳ қабл қасди худкушӣ карда буд, таъйин гардид.

Дар назар аст, дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Комиссия байни ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба муайян кардани хати гузариши сарҳад байни давлатҳо, доир гардад. Ҳайъати Тоҷикистонро муовини дигари сарвазир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба ҳайси раис муаррифӣ мекунад.

Масъалаи аломатгузори марзҳо байни Тоҷикистону Қирғизистон солҳост, ки идома дорад ва то ба имрӯз ду кишвар дар ин ҷода ба мувофиқае нарасидаанд.

То ҳол дар пайи муноқишаҳои марзӣ, чанд нафар аз шаҳрвандони ду кишвар кушта ва захмӣ гардиданд. Коршиносон яке аз сабабҳои ба дарозо кашидани мушкилоти сарҳадиро ба сиёсатҳои нодурсти Тоҷикистон вобаста медонанд. Ба гуфтаи баъзе манобеи наздик ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон, дар ин миён манфиатҳои тиҷоратии хонавода ва ё наздикони раисҷумҳур аст, ки худи ӯ намехоҳад онро ҳал кунад. Ба гуфтаи онҳо тамоми ҳуҷҷатҳо ва харитаҳо дар архив маҳфуз аст ва ҳалли ин мушкилот чандон кори сахте нест.

Як сол қабл Эмомалӣ Раҳмон бо Сооронбой Жээнбеков дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон вохурӣ намуда буданд. Бисёриҳо интизор доштанд, ки баъди вохурии сарварони ду кишвар вазъият хуб мегардад, аммо чунин нашуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тасвиби созишномае, ки кори муҳоҷирони тоҷикро осон мекунад

Муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар дохили Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва санадҳои зарурии тиббиро пеш аз сафар ба Русия дарёфт кунанд.

Пизишкиён: Баъзе давлатҳо аллакай барои миёнҷигарӣ иқдом карданд

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон мегӯяд, ки бархе кишварҳо барои оғози гуфтугӯҳо дар мавриди оташбас иқдом кардаанд.

Дар Исроил коргари тоҷик пас аз паҳн шудани навораш боздошт шуд

Пулиси Исроил як тоҷики зодаи Узбекистонро, ки дар ин кишвар ҳамчун муҳоҷири корӣ фаъолият мекард, пас аз паҳн шудани як навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт кардааст.

Баррасии дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон

Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон дар бораи таҳкими равобити тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию технологӣ дар Душанӣе баргузор шуд.