Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи Толибон дар Афғонистон ҳамкорӣ мекунад.
Саидҷаъфар Усмонзода, ки ба намояндагӣ аз Ҳизби демкорати Тоҷикистон вакили парлумон аст, дар суҳбат бо “Афғонистон Интернешнл” зери унвони “Балои террорисм гиребонгири Тоҷикистон мешавад?” мегӯяд: “Имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон дар як сатҳе бо гурӯҳи Толибон ҳамкорӣ мекунад.“
Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон дар ин суҳбаташ Толибонро ба ҳамкорӣ бо “Ҷамоати Ансоруллоҳ” мутаҳҳам карда, таъкид кард, се нафаре, ки мақомоти Тоҷикистон дар бораи кушта шудани онҳо хабар дода буданд, онҳо ба хотири ноором кардани Тоҷикистон аз хоки Афғонистон вориди кишвар гардида, дар натиҷаи даргириҳо кушта шуданд.
Аммо Муҳаммадматин Муҳаммадхел, коршиноси масоили низомӣ аз Кобул ин иддаъоҳои мақомоти Тоҷикистонро зери суол бурда, гуфт, вақте Саидҷаъфар Усмонзода иддаъо мекунад, ки беш аз 1300 километр сарҳад байни Тоҷикистон ва Афғонистон аз ҷониби марзбонон ва нерӯҳои амниятӣ назорат карда мешавад, вуруди нерӯҳои “Ҷамоати Ансоруллоҳ” аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон имкон надорад. Ӯ афзуд, эҳтимол дорад онҳо тавассути тайёра ва ё чархбол аз ҷойҳои дигар интиқол ёфта бошанд.
Бо ин вуҷуд, Саидҷаъфар Усмонзода дар шарҳи ҳамкориҳои Ҳукумати Тоҷикистон бо гурӯҳи Толибон изҳор дошт, ин ҳамкориҳо ба хотири ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон мебошанд. Толибон бояд як ҳукумати фарогир “барои 500 нафар не, барои ҳамон 60-70 миллион (нафар) аҳолии Афғонистон кунанд.” Аммо тибқи охирин оморҳои расмӣ дар Википедия, Афғонистон дар соли 2021 ҳудуди 33,6 миллион нафар аҳолӣ дошатааст.
Ин намояндаи парлумони Тоҷикистон, ки ба зоҳир хеле ошуфтаҳол менамуд, мегӯяд, ки “Ҷамоати Ансоруллоҳ” тавониста дар он сӯи марзҳои Тоҷикистон ҳудуди 5 ҳазор нафар нерӯ ҷамъ мекунад. Ин гурӯҳ зери фармони Толибон аст. Дар ояндаи назди бо паҳподҳои воридшуда аз Покистон ҳам муҷаҳҳаз хоҳад шуд. Ин амр як хатари ҷиддӣ аз ҷониби Афғонистон ҳаст. Толибон дар муддати як соли оянда пурқувваттар шуда, “нияти ба Тоҷикистон ҳамла карданро доранд”.
Инчунин дар ин барнома раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон вуҷуди ҳаргуна фаъолиятҳони низомии мухолифони Толибон дар хоки Тоҷикистонро рад карда, гуфт, ки Аҳмад Масъуд, раҳбари нерӯҳои муқовимати Афғонистон як рӯз ин ҷо дар Тоҷикистон аст ва рӯзи дигар дар Аврупо. Онҳое, ки дар дохили Тоҷикистон ҳузур доранд, ба фаъолиятҳои фарҳангӣ машғул мебошанд.
Усмонзода аз як сӯ мегӯяд, “мо аз ҷониби Афғонистон эҳсоси хатар мекунем”, вале аз сӯи дигар таҳдид мекунад, ки “Мо Толибонро огоҳ мекунем, вақташон медиҳем, шумо вақт доред, бигурезед аз Афғонистон. Дар ҳолати ҳуҷуми шумо, мо шуморо дар муддати як моҳ аз Афғонистон нест мекунем.”
Дар ин барнома Муҳаммадматин Муҳаммадхел, коршиноси низомии Афғонистон ин иддаъоҳои раиси Ҳизби демократи Тоҷикистонро ба масхара гирифта мегӯяд, ки ” мо ҳизби сотсиалистиатро давондем- Шӯравиро ва ин биродархондаи дигарат, ки Амрико буд, гурехтанд, ту кудом…, 20 фисади даромади (ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон) ту аз ҳисоби маводи мухаддир ва 30 фисади дигараш аз тиҷорати сафед аст…”
Хабарнигори шинохтаи Афғонистон Муслим Шерзод низ яке аз меҳмонони ин барномаи буд, ки иддаъо кард, дар ҳоли ҳозир 5 ноҳияи ҳаммарзи Афғонистон дар вилояти Бадахшон зери контрули “Ҷамоати Ансоруллоҳи Тоҷикистон” бо раҳбарии Маҳдӣ Арсалон аст. Иддаъое, ки дар ин барнома зери суол қарор гирифт.
Бо ин ҳол, агар ин иддаъои коршиноси афғонистонӣ Муслим Шерзод дар мавриди таҳти контрули Маҳдӣ Арсалон қарор доштани 5 ноҳияи ҳаммарзи Афғонистон дар канори иддаъои Саидҷаъфар Усмонзода, ки гуфта, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” тавониста 5 ҳазор нерӯро ба худ ҷазб кунад, қарор дода шаванд, хулосааш чунин хоҳад шуд, ки дар ҳоли ҳозир “Ҷамоати Ансоруллоҳ” бо доштани 5 ҳазор нерӯи ҷангӣ дар 5 ноҳияи ҳаммарз бо Тоҷикистон дар Афғонистон қарор дорад ва ба як хатари бузург ба субот ва амнияти Тоҷикистон табдил шудааст.
Дар ин барнома раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон тавре суханронӣ кард, ки натанҳо барои коршиносон, балки барои хеле аз бинандаҳо низ, ки дар шарҳҳо назари худро коридаанд, яке аз заъифтарин суханронҳо дар бораи масоили Афғонистон будааст.
Инчунин мавқеъгириҳои Саидҷаъфар Усмонзода, ки президенти фирории Афғонистон Ашраф Ғаниро “лаъин” ва Толибону дигар гурӯҳҳои ҳаммаслаки онҳоро “ғул” номида, хамши бархеҳоро дар он сӯи Омӯ барангехтааст, дар се мавриди дигари ин барнома низ ҳадафи масхара қарор гирифтааст: 1. Афғонистон 60-70 миллион нафар аҳолӣ дорад. 2. Тоҷикистон Толибонро дар муддати як моҳ аз Афғонистон нест мекунад. 3. Артиши Афғонистон муддати 20 сол муқобили НАТО ҷангидааст.
Корбарони зиёде дар зери ин барнома ҳам гуфтаҳои мақомоти Тоҷикистон дар мавриди ҳамлаи 3 нафар аз “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро зери суол қарор дода, гуфтаанд, ки он силоҳу муҳиммоти ҷангиро, ки дар наворҳо нишон додаанд, 3 нафар не, балки 50 нафар ба якборагӣ дар он шароити кӯҳистонӣ бардошта, аз як ҷо ба ҷои дигар интиқол дода наметавонанд.
Саидҷаъфар Усмонзодаро ҳам як “одами ҳукуматӣ” унвон карда, гуфтаанд, ки “чоплӯси рақами 1”-и ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аст, ба вай бовар накунед, зеро ҳам воҳима мекунад ва дурӯғ мегӯяд ва мабодо агар ҷанге байни Тоҷикистон ва Афғонистон сурат бигирад, яке аз аввалинҳо шуда, нахуст ҳамин раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон бо зану фарзандон ва домодҳояш мисли Ашраф Ғанӣ фирор хоҳад кард ва дар он ҷанг фарзандони мардуми оддӣ қурбонӣ хоҳанд шуд.
Гуфтам мешавад, “Ҷамоати Ансоруллоҳи Тоҷикистон” тиқби як қарори Додгоҳи олии кишвар ҳамчун як созмони террористӣ ва экстримистӣ эътироф шуда, ҳамагуна фаъолиятҳои он дар хоки Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст.
Ин гурӯҳ дар соли 2022 бо номи Таҳрики Толибони Тоҷикистон тағйири ном карда буд. Моҳи гузашта бо нашри як китоб барномаи амали худ барои Тоҷикистонро бо хатти порсӣ нашр кард. Ин гурӯҳ сиёсатҳои феълии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар саркӯби диндорон ва маҳдуд кардани озодиҳои шаҳрвандиро беҳтарин фурсат барои ҷазби нерӯ ва густариши фаъолиятҳои худ эълон кардааст.
Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda.tv