22.9 C
Dushanbe

Ҷузъиёти тоза аз боздошт ва истирдоди хориҷиён аз Лаҳистон

Раёсати Нерӯҳои марзбонии Лаҳистон бо нашри баёнияи расмӣ рӯзи 23-юми июни соли ҷорӣ истирдоди Сорбон Абдураҳимзодаро ба Тоҷикистон тасдиқ кард.

Рӯзи ҷумъа сухангӯи Нерӯҳои марзбонии Лаҳистон Анна Михалска ба расонаҳо гуфт, ки рӯзи 22-юми ҳамин моҳ ниҳоди марбути онҳо ҳашт шаҳрванди хориҷиро ба кишварҳои аслии худ ихроҷ карданд, ки ба гуфтаи ӯ, вуҷуди “чор нафарашон ба амнияти давлат ва тартиботи ҷамъиятӣ таҳдид мекард.”

Михалска ҳамчунин афзуд, ки “Як нафари ихроҷшудагон дар иртибот бо терроризм муттаҳам мешуд.” Аммо як масъули дигари Нерӯҳои марзбонӣ гуфта, ки он нафаре, ки дар иртибот бо ДИИШ муттаҳам мешуд, шаҳрванди Тоҷикистон буд.

Сардори Раёсати кор бо муҳоҷирони хориҷӣ низ дар робита ба мақоми паноҳандагии ин ҳашт нафар гуфтааст, ки дархости ҳамаи онҳо рад карда шуда буд.

Гуфта мешавад, раванди ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ тавассути парвози чартерӣ бо як ҳавопаймои низомӣ сурат гирифтааст. Раёсати Нерӯҳои марзбонии Лаҳистон, ки масъулияти бозгардонидани ин муҳоҷиронро бар уҳда дошт, мегӯяд, дар ихроҷи ин ҳашт нафар тҳудуди 160 ҳазор злоти (тақрибан 39 300 доллари амрикоӣ) масраф кардааст.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Лаҳистон рӯзи панҷшанбе, 22-уми июни соли ҷорӣ паноҳҷӯи тоҷик Сорбон Абдураҳимзодаро бо ҳавопаймои хос ба Булғористон истирдод карданд. 

Вакили дифои Сорбон, Богумив Зигмонт (Bogumił Zygmont) рӯзи панҷшанбе дар суҳбат ба Azda.tv истирдоди ӯро ба Душанбе тасдиқ карда, гуфта буд: “Имрӯз соати 2-и субҳ Сорбонро аз Пшемишл ба Краков интиқол доданд ва соати 8-и субҳ аз Краков бо ҳавопаймои вежае (бо рақами парвози PLF282) ба Булғлристон парвоз кард ва танҳо 15 дақиқа дар Булғористон тавақуфи кӯтоҳ дошт ва парвозашро ба самти Тоҷикистон идомад дод.”

Вакили дифои ӯ ҳамчунин афзуд, ки бо вуҷуди он ки Сорбон муҷаддадан дархости паноҳандагӣ дода буд ва ҳанӯз ҷавоби радаш наомада, Лаҳистон ӯро ғайриқонунӣ ихроҷ кард. “Мақомоти Лаҳистон дархости Додгоҳи Аврупоро, ки ихроҷи ӯро бекор карда буд, ба инобат нагирифта, ӯро бархилофи ҳама меъёрҳо ба кишвараш истирдод карданд.“, мегӯяд вакили дифои Сорбон.

Пештар аз ин низ мақомоти Лаҳистон рӯзи 28-майи соли ҷорӣ талоши истирдоди Сорбонро ба Тоҷикистон карда буданд, аммо бо дахолати созмонҳои ҳуқуқи башар, ки қарори манъи истирдоди ӯро аз Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи инсон дар Страссбург гирифта буданд, аз ин истирдод пешгирӣ шуда буд.

Сорбон Абдураҳимзода то оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина дар ин кишвар зиндагӣ мекард. Ӯ аз ҷониби мақомоти тоҷик бо иттиҳоми иртибот бо ДИИШ дар пайгарди байналмилалӣ қарор дошт. Аммо худи ӯ ва хонаводааш ин иттиҳоми мақомоти тоҷикро рад мекунанд ва онро туҳмат медонанд. Сорбон ҳангоми убур аз марзи Украина ба Лаҳистон боздошт гардида буд. Агарчи мақомоти Лаҳистон гуфта буданд, ки ӯро ихроҷ намекунанд, вале рӯзи 22-юм ба таври ногаҳонӣ ӯро ба Булғористон ва аз онҷо ба Тоҷикистон истирдод карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қазоқистон беш аз 310 ҳазор қурбонии сиёсиро сафед кард

Қазиқистон ҳам мисли хеле дигар аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ қурбониёни сиёсии даврони столниашро сафед кард, Тоҷикистон чӣ?

HRW дар нома ба Байден аз нақзи ҳуқуқи башар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт

Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) бо нашри изҳороте аз Ҷо...

Таҳдид зиндон барои навиштани “Ҷумъа муборак” дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон аз ин ба баъд ирсоли паёмаки "Ҷумъа муборак"-ро дар Тоҷикистон ҷурм дониста, барои он то ҷарима ва ҳатто ҳабсро пешбинӣ кардаанд.

Сохти беш аз 100 дидбонгоҳи марзии ҷадид

Толибон дар марз байни Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он зиёда аз 100 дидбонгоҳи марзии нав сохтанд.